ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗИИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

22 марти соли равон дар маркази ноҳияи Кӯшониён ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши фарҳангӣ-фароғатии бошукӯҳ баргузор гардид, ки дар он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён – вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иштирок намуд.
Дар оѓоз намоиши “Шукӯҳи Наврӯзи Кӯшониён” аз тарафи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуд. Меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои наврӯзии вобаста ба расму ойинҳои бостонии мардуми тоҷик, дастовардҳои хонандагону варзишгарон боздид карда, ба ҳар яки онҳо баҳои арзанда доданд.
Дар идома вазири маориф ва илм зимни суханронӣ сокинони ноҳияи Кӯшониёнро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо намояндагӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай самимона табрику таҳният карда, ба онҳо тандурустии комил, барори кор, саодати рӯзгор ва муваффақияту сарбаландӣ таманно намуд. Раҳим Саидзода иброз дошт, ки маҳз қадрдонӣ ва муҳаббату эҳтиром ба мероси фарҳангии гузаштагон ва ҷаҳду талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат буд, ки соли 2009 аз ҷониби ЮНЕСКО ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси фарҳании ғайримоддии башарият эътироф гардида, соли 2010 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани 21-уми март ҳамчун рӯзи байналмилалии Наврӯз қарор қабул кард.
Инчунин қайд гардид, ки дар панҷ соли охир қомат афрохтани даҳҳо майдончаҳои варзишию бозиҳои кӯдакона, иншоотҳои тиббию табобатӣ, кошонаҳои ҳусн, марказҳои хизматрасонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, дар маҷмуъ беш аз 500 иншоотҳои иҷтимоиву иқтисодӣ натиҷаи фаъолияти якҷояи созандаю самараноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо сокинони ноҳияи овозадори Кӯшониёни бостонӣ мебошад.
Сипас, барномаи театрикунонидашудаи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия таҳти унвони “Шукӯҳи Наврӯз” пешкаши ҳозирин гардид.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон