АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР АРАФАИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқбол аз ҷашни байналмилалии Наврӯз 21 марти соли равон вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон дар ҳамроҳӣ бо раиси ноҳия Икромиддин Вализода бо собиқадорони меҳнат суҳбату дидорбинӣ намуд.
Зимни дидорбинӣ вазири маориф ва илм ва раиси ноҳия бо омӯзгорони собиқадор Талбак Файзуллоев (соли таваллудаш 1940) ва Абдухолиқ Холов (соли таваллудаш 1939), ки айни ҳол дар Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён давлати пирӣ меронанд, суҳбати самимӣ карда, онҳоро аз номи Пешвои муаззами миллат бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборакбод гуфта, ба онҳо тансиҳатӣ, хонаободӣ, хотирҷамъӣ ва рӯзгори некро таманно намуд. Ба омӯзгорони собиқадор барои хизматҳои бисёрсола ва саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас туҳфаи Вазорати маориф ва илм ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён тақдим гардид.
Ҳамчунин, Раҳим Саидзода ва Икромиддин Вализода аз ҳолу аҳволи модари 112-сола Ғазалбӣ Низомова шинос гардида, ба ӯ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз туҳфаҳои молӣ супорид.
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон