МЕҲРНОМА

Пуштаҳои деҳаи ман гулфишон
Ҳар баҳорон чун арӯсон арғувон.

Дилрабо, пероста ҷавлон зананд
Дар канораш маҳлиқою дилбарон.

Чун ливои Тоҷикистони азиз
Акс дорад тобиши тирукамон.

Медиҳад алвонҷ, меорад ба ёд
Коваи пиру дирафши Коваён.

Эй Шарора, шаҳраки меҳру сафо,
Дӯст дорам ман туро аз сидқу ҷон.

Чун шарору нури хуршеди баҳор
Бош рахшон дар ҷаҳони бекарон!

Бибииззат Солеҳова,
шаҳри Ҳисор