НАВРӮЗ — КУҲАНТАРИН ҶАШН

Ба таъкиди маъхазҳо, ки замони пайдоиши Наврӯз дақиқан маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баъзе аз ривоятҳои куҳан, аз ҷумла, «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, «Таърихи Табарӣ», «Ат-тафҳим», «Осору-л-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома»-и Умари Хайём шоҳ Ҷамшед ё Каюмарс ҳамчун поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд.
Пайдоиши Наврӯз дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ин гуна ривоят шудааст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон дастур дод, то дар он ҷо барои ӯ тахте бигузоранд, худаш бо тоҷи заррин бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ ҷаҳон нуронӣ шуд, мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро «Наврӯз» номиданд.
Бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобилиён нисбат медиҳанд. Тибқи ин ривоятҳо, пайдоиши Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне, замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобил оғоз мегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ, хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон иҷро менамуд.
Дар замони Ашкониёну Сосониён низ Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст. Ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хеле бисёранд. Масалан, Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осору-л-боқия» овардааст, ки «чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷинну шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобил омад. Мардум бо дидани ин манзара дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд».
Аз ин китобҳои таърихӣ, яъне, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осору-л-боқия», «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ ва дигар асарҳо маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун ҷашн гирифта мешудааст. Рӯзҳои таҷлили ид низ фарқ доштааст.
Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кучак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якум то панҷуми фарвардинмоҳ гиромӣ дошта мешуд. Рӯзи шашуми фарвардин (Хурдодрӯз) ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт.
Ривоёти дигаре, ки дар манобеи мухталиф аз онҳо ёд шуда, бешу кам ба ҳамин таъбирот алоқаманд аст, ки «рӯзи аввали фарвардин ибтидои баҳор аст ва инро «Наврӯзи кучак», «Наврӯзи омма» ва «Наврӯзи сағир» мегӯянд.
Дар ҳар яке аз рӯзҳои Наврӯзи омма табақае аз табақоти мардум (деҳқонон, руҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашрофон) ба дидори шоҳ меомаданд. Шоҳ ба суханони онҳо гӯш медод, барои ҳалли мушкилоташон чораҷӯӣ менамуд. Дар рӯзи шашум шоҳ ҳаққи табақоти гуногуни мардумро адо карда, танҳо наздикони шоҳ ба ҳузури ӯ меомаданд. Рӯзи аввали фарвардинмоҳ шоҳон ба тахт нишаста, дар сар тоҷи ҳафтситорадор тӯли панҷ рӯз мардумро қабул мекардаанд, ҳоҷати онҳоро мебаровардаанд ва ҳадяҳо мебахшидаанд. Рӯзи шашум «Наврӯзи бузург» буд, хонадони шоҳӣ ва дарбориён бор меёфтанд. Ҷашни Наврӯз, ки дар гузашта баргузор мешуд, ҳамин панҷ рӯзро дар бар мегирифт. Дар ин маврид Хоҷа Ҳофиз ишорае ба ин расм дорад:
Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.
Ба эътиқоди эрониён, рӯзи муқаддас рӯзи ҷашни бузурги Наврӯз аст, ки «Наврӯзи хурдодӣ» ё «Наврӯзи бузург» ва «Наврӯзи хосса» хонда мешавад.
Дар панҷ рӯзи нахусти сол ҳақҳои ҳашам ва лашкарро мегузорданду ҳоҷати онҳоро раво мекарданд ва чун Наврӯзи бузург фаро мерасид, зиндониёнро озоду муҷримонро афв менамуданд ва аз он пас ба айшу нӯш мепардохтанд. Ин тақсимбандӣ ба қавли Ҷоҳиз, дар замони Ҷамшед ва ба қавли Абурайҳон, баъд аз Ҷамшед ва зоҳиран дар замони Сосониён ҳодис шудааст. Мувофиқи гуфтаи Абурайҳони Берунӣ, дар аҳди шоҳони Сосонӣ фарвардинмоҳ ба шаш бахш тақсим шуда, чун моҳи Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст.
Салима Мӯсоева,
«Омӯзгор»