КОМЁБИҲО АФЗУН МЕШАВАНД

Дар вохӯрӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода иброз дошт, ки дар соли таҳсили 2022 баҳои умумии хонандагони ноҳия 3,9 балро ташкил намуда, азхудкунии дарсҳо ба 96 фоиз расид. Дар ин давра хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои фаннии вилоятӣ ширкат варзида, соҳиби 69 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ ва дар озмуни ҷумҳуриявӣ соҳиби 8 ҷойи ифтихорӣ ва 6 медалӣ тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд.
Бинои нави муассисаи таҳсилоти умумии №38 дар Ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод дар ҳамкорӣ бо сафоратхонаи давлати Япония ба истифода дода шуд. Шуъбаи маориф дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони ҳафт синфхонаи иловагиро дар назди чанде аз муассисаҳои таълимии ноҳия ба анҷом расонд. Инчунин, сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ дар деҳаи Кӯлчашма барои 240 ҷойи нишаст дар як баст, бинои нави таълимӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 33 ва дар деҳаи Чилдухтарон барои 350 ҷойи нишаст оғоз гардид.
Дар соли гузашта аз шумораи 1390 хатмкунандаи синфи 11 барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 1134 нафар аз қайди ММТ гузаштанд, ки беш аз ҳаштод фоизи онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил гардиданд. Имсол 108 нафар хонандаи муассисаи таълимии ноҳия ба гирифтани стипендияҳои Президентӣ, номӣ, стипендияи раиси вилояти Хатлон, раиси ноҳия ва ба номи Соҳиб Табаров сазовор гардиданд.
Шариф Абдулҳамид,
«Омӯзгор»