ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТ ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ

10 марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи матбуот баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур Ҷамшед Ҷӯразода– муовини якуми вазири маориф ва илм, Зиёдулло Абдулзода – муовини вазири маориф ва илм, Саъдӣ Маҳдӣ – директори муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон”, Бахтиёр Қудбиддинов – декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Абдулло Далер – муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”, сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сармуҳаррирони ҳафтанома ва маҷаллаҳои соҳавии вазорати маориф ва илм иштирок намуданд.
Нахуст, Ҷамшед Ҷӯразода намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, онҳоро аз номи вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ба иди касбиашон табрик намуд. Дар идома муовини якуми вазири маориф ва илм дар мавриди таърих ва нақши матбуоти соҳавӣ дар рушду нумӯи соҳаи маорифи кишвар, ҳамчунин, таъсиргузории воситаҳоиахбори омма, махсусан, телевизиону матбуот ба афкори ҷомеа суханронӣ кард.
Сипас, Дилафрӯз Қурбонзода дар мавзуи “Истилолият ва нашрияи “Омӯзгор””ва Бахтиёр Қудбиддинов дар мавзӯи “Нақши матбуоти соҳавӣ дар пешрафти маорифи кишвар” маърӯза карданд. Дар идома иштирокчиёни ҳамоиш фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Дар охир, маросими супоридани нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва “Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Ҳамчунин, фаъолони маҷаллаву ҳафтаномаҳои Вазорати маориф ва илм аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи соҳаи маориф бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон