Вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм бо сафири Шоҳигарии Белгия дар Тоҷикистон

9 марти соли ҷорӣ вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷӯразода Ҷамшед бо сафири Шоҳигарии Белгия дар Тоҷикистон ҷаноби Анри Вантингем баргузор гардид.
Зимни суханронӣ муовини якуми вазир иброз намуд, ки вохӯрии имрӯза дар рушди ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия заминаи мусоид хоҳад гузошт ва қадами муҳиме дар роҳи табодули таҷрибаву дониши тарафҳо хоҳад буд.
Сипас, сафири Шоҳигарии Белгия дар Тоҷикистон омодагии ҷониби Белгияро ҷиҳати дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо иброз намуда, оид ба рушди ҳамкории тарафҳо дар самти таҳсилоти олии касбӣ ва табодули таҷрибаву дониши донишҷӯёну устодон андешаронӣ намуд.
Дар охир ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон