Баргузории ҷаласаи корӣ оид ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Баргузории
ҷаласаи корӣ оид ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
9- уми марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2 феврали соли 2023, №АП-330 оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Нахуст муовини вазири маориф ва илм, котиби комиссияи ҷумҳуриявии озмун — Абдулзода Зиёдулло Назар суханронӣ намуда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд.
Сипас, ҳозиринро бо ситоди корӣ ва Нақшаи чорабиниҳои озмун дар вазорат шинос намуда, масъулинро ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмун вазифадор намуд.
Бояд зикр намуд, ки ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои банди 7 Нақшаи чорабиниҳо аз 24 феврал то 3 марти соли 2023 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, семинари машваратӣ-дастурдиҳӣ барои ҳайати комиссия ва ҳакамони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир гардид, ки дар он ҳамзамон муовинони раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, сардорони раёсат ва мудирони маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Лозим ба ёдоварист, ки баргузории даври якуми озмун дар вазорат санаи 16 марти соли 2023 бо иштироки кормандони Вазорати маориф ва илм ва зерсохторҳои он дар толори китобхонаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи дар назар аст.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон