ТОҶИ ОФАРИНИШ

Ҳангоме ки инсон хома ба даст гирифта сухане дар ҳаққи модар баён карданӣ шавад, нигоштаҳои пурмуҳаббати шоири машҳур Эраҷ Мирзо ба хотир меояд:
Гӯянд, маро чу зод модар,
Пистон ба даҳон гирифтан омӯхт.
Шабҳо бари гоҳвораи ман
Бедор нишасту хуфтан омӯхт…
Модар барои ҳар як фард азизу муқаддас аст. Боарзиштарин неъмати дунё, сарчашмаи меҳру муҳаббати беканор бароямон модар аст.
Халқи тоҷик мақоле дорад: «Модар тоҷи офариниш аст». Ӯ паёмбаронро офарида, ба камол расонида, тарбия намуда, соҳибкасб кардааст. Ин байти машҳур мақому мартабаи модарро ба таври барҷаста ифода мекунад:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Нақши модар дар таълиму тарбияи фарзандон бузург аст. Ниёгонамон тавассути асарҳои арзишманд ин масъаларо бо тамоми паҳлуҳояш мавриди омӯзишу баррасӣ қарор додаанд. Бузурге мефармояд: «Агар ман модари худро болои китфам гирифта, ҳафтод бор хонаи Худоро тавоф кунам, ба як шаби бехобии ӯ баробар намешавад, яъне заҳматҳои модар ҷуброннопазир аст».
Мехоҳам ин ҷо аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши модар ёдовар шавам: «Хираду наҷобат ва бузургии модар дар адабу фарҳанги халқу миллатҳои мухталифи ҷаҳон ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некию накукорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст».
Моро лозим аст, ки ҳамеша ба модарони азиз бо эҳтиром муносибат дошта бошем, амалҳоеро анҷом диҳем, ки боиси ризоят ва ифтихори эшон гардад.
Шаҳрӣ Аҳмедова,
омӯзгори синфҳои ибтидоии литсейи №3
барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе