ИНЪИКОСИ МАОРИФ ВА МАЪНАВИЯТ ДАР «БУХОРОИ ШАРИФ»

Рӯзномаи «Бухорои шариф» (1912-1913), ки сароғози матбуоти миллии тоҷикӣ ба шумор меравад, дар огоҳӣ ва бедории мардуми мо саҳми муассире гузоштааст. Бояд гуфт, ки ҳадафи аҳли кори рӯзнома хеле густарда – ба арсаи рушди ҷаҳони муосир боло бурдани ҷомеа ва аҳли кишвар будааст.
Аммо мушаххасан онҳо омили амалӣ шудани ин корро дар маърифатнокии мардум медонистанд. Бисёре аз аҳли адаб ва илму маориф, аз ҷумла, устод Садриддин Айнӣ ҷойгоҳи шоистаи рӯзномаро дар бедориии маънавию сиёсӣ ва худшиносии миллати мо ёдовар шудаанд. Ин масъала, вақте ки дарунмоя ва маводи навиштаҳои нашрияро аз назар мегузаронем, хубтар намудор мегардад.
Аввалин масъалаи муҳимме, ки рӯзнома назди худ гузошта буд, ёфтани «салоҳи кори умум» ва «муносиби ҳоли оммаи мардум» сухан гуфтан буд. Аммо ин аҳвол соҳоту мушкилоти зиёдеро метавонист фаро гирифта бошад. Вале зарур буд, ки масъалаи аз ҳама муҳим дар мавриди аввал ба миён гузошта шавад. Масалан, устод Айнӣ омили асосии ислоҳи кишварро бе дудилагӣ «Ду чиз: Мактаб! Ҷарида!» медонист. Муҳаррири рӯзномаи «Бухорои шариф» — Мирзо Ҷалол низ дар мақолаи «Ифтитоҳ» гуфтааст, ки кушоиши рӯзномаро «бояд бо тартиби вазъи таълим ибтидо намуд» (Бухорои шариф, 13 марти 1912). Эшон ин масъаларо воқеан дуруст «муқаддимаи инсоният», яъне «таҳриси мардум ба талаби илм ва ислоҳ намудани вазъи таълим» ба шумор овардаанд. Ва метавон гуфт, ки дар тамоми муддати давомоти рӯзнома масъалаи омӯзиш, тадрис, ислоҳи таълим ва фаро гирифтани илм аз масъалаи марказӣ будааст.
Ин проблема дар мақолаи Мирзо Ҷалол «Тартиб лозим аст!». (БШ, аз 16 март, 18 март, 19 марти 1912) мавриди гуфтугӯ гардидааст. ҳар мақолаи рӯзнома фарогири масъалаи доғе буда, аксари онҳоро метавон мақолаи проблемӣ номид. Воқеан, дар он масъалаи омӯзиши илмҳои замонӣ хеле тезутунд ба миён гузошта шудааст.
Барои он ки дар кори таълим пешрафт ва тартибе бошад, Мирзо Ҷалол таклифи ташкили «Ҷамъияти нашри маориф»-ро ба миён мегузорад. Ва дар мақолаи «Таҷдиди матлаъ» (БШ, 26, 27, 28 март) боз ба масъалаи мазкур бармегардад ва онро шарҳу тавзеҳ мекунад, то марому мақсади хешро дар соҳибилм намудани аҳли миллат бифаҳмонад.
Бояд афзуд, ки масъалаи мазкур дар мақолаҳои Мирзо Ҷалол «Салоҳи мадорис» (БШ, №№97, 98, 99, 100) ва очерки проблемии «Муаллим ва таълим» (БШ, №№ 100, 101 ва 102) низ масъалаи асосӣ будааст. Дар ин ҷо муаллиф кӯшиш кардааст, ки дар канори ба миён гузоштани масъала роҳи ҳалли онҳо – шарту шароити мактаб ва ҷойгоҳи хеле ҳассоси омӯзгорро дар ҷараёни таҳсил пешниҳод кунад.
Аслан, рӯзномаи «Бухорои шариф» ин ҳама кӯшишҳоро барои рафъ намудани ақибмондагии иқтисодии кишвар ва бедории афкори мардум ба сомон мерасонд. Аз ҷумлаи яке аз мақолаҳои аввалини рӯзнома «Чӣ бояд кард?» (БШ, 14 март) ном дорад.
Муаллиф хонандаро ба ташхиси дардҳои ҷомеа ҳидоят мекунад. Чун ташхис агар дуруст аст ва мо махуф будани дардро эҳсос кардем, худ ин нохушӣ моро аз пайи табиб ва ҷустани даво раҳнамун мешавад. Пас, барои ҷомеа табиби дардшинос лозим аст… Аммо боз ҳам муҳимтарин он аст, ки агар мо ба назари таҳқиқ «нигоҳ ба атроф ва ҳолати худ намудан»-ро одат намоем. Дар ин маврид, рӯзнома на насиҳати хушку талқини одӣ, балки инсони фаъоли ба масъалаҳо мутаваҷҷеҳ, кунҷков ва ҷӯяндаро таманно дорад ва диққати мадорис ва ҷомеаро ба ҳамин самт равона кардан мехоҳад.
Зимнан, дар асоси аҳдофи рӯзнома, таҳлили вазъи замон ва ин пешниҳоди охирин ба натиҷае расидан мумкин аст, ки муаллиф шинохти ҳолати худ, мутаваҷҷеҳ шудан ба муҳит ва умуман худшиносиро яке аз воситаҳои муҳимми роҳи пешрафт ва расидан ба саодати инсонӣ мешуморад.
Барои тақвияти фикр дар бисёр мақолаҳо ёдкарде аз гузаштаи пурифтихори таърихию адабӣ карда мешавад, то дар мардум ҳофизаи таърих бедор шавад ва ба роҳи расидан ба мақсад ва ҳалли мушкилоти ҳаррӯза боварашон бештар гардад. Ин фикр хоси тамоми мақолоти рӯзнома ба шумор меояд.
Аммо масъала боз ба сари дарки замон бармегардад. Мирзо Ҷалол дар мақолаи «Дигарон чӣ карданд?» (Бухорои шариф, 15 марти 1912) таъкид мекунад, ки мо бояд аввал сарманзили мақсудро дуруст муайян кунем, баъди он бояд роҳи муносиб ва наздик пайдо намуд, чунки бисёр шудааст, ки ба зоҳир ва бемулоҳиза шоҳроҳҳо саранҷом касро ба чоҳ бурдаанд… Аммо аксаран дигарон дар натиҷаи интихоби дуруст ҳатто ба сарманзили тараққӣ расидаанд. Яъне бояд аз таҷрибаи дигарон низ омӯхт, мо низ бояд «чунончи равандагон рафтаанд, биравем», на бо он роҳе, ки то ҳол «доштему мерафтем, мебинем, ки моро аз дари ҳавлии худ берун набурда».
Бояд гуфт, ки дар мақолаҳои дигари Мирзо Ҷалол, Мирзо Сироҷ, Беҳбудӣ, Фитрат ва дигарон хеле масъалаҳои иқтисодӣ, ахлоқӣ ва тиббию маърифатӣ ба миён гузошта шудаанд. Онҳо, бахусус, мақолаҳои дар бораи ба ҳифзуссиҳа навиштаи Мирзо Сироҷ ҷанбаи илмӣ доштаанд, ки ба хонандагон маълумоти тиббӣ мерасониданд ва дар покизагию сиҳати тану ботини онҳо кумаки судманде расонида метавонистанд.
Рӯзномаи «Бухорои шариф» хеле аз масъалаҳои дохили кишварро фаро мегирифт, ба он аз Самарқанду Бухоро, Андиҷон ва дигар манотиқ мактубҳо меомаданд. Ҳамчунин, аз вазъи сиёсии ҷаҳон, тараққии тиҷорат дар Бухоро ва Русия, нархи пунба дар ҷаҳон, зиндагии мардум дар Эрон, Афғонистон, Туркия, Чин, Ироқ маълумот дарҷ мекард. «Бухорои шариф» дар бораи навовариҳо, хидматрасонӣ, маҳсулот эълону реклом медод. Аз ҷумла, аз навигариҳои адабӣ, масалан, аз ба нашр омодаву ба табъ расидани саёҳатномаи Мирзо Сироҷ «Туҳафи аҳли Бухоро» хонандагонро борҳо огоҳ кардааст…
Ба таври мухтасар бошад ҳам, бовар мекунем, ки рӯзномаи «Бухорои шариф» дар кори бедорӣ, худнигарӣ, дардҷӯию давоёбӣ ва муайян кардани роҳи саодати мардуми Бухоро ва тоҷикзабонони Осиёи Марказӣ хидмати басазоеро иҷро намуд. Ҳарчанд ин навниҳоли боғи фарҳанг бемаҳал ва бераҳмона бурида шуд, вале ба дасти соҳибдилон ва ватандӯстон чароғе дод, ки роҳи ояндаи эшонро барои озодии маънавӣ ва сиёсӣ равшан менамуд.
А. НАБАВӢ