ВОХӮРИИ МУОВИНОНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МОСКВА БА НОМИ М.В. ЛОМОНОСОВ

Рӯзи 4-уми марти соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷӯразода Ҷамшед, муовини вазири маориф ва илм Абдухолиқзода Лутфия бо Нидоев Давлат Назридинович – муовини ноиби ректор, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, Трофимов Сергей Викторович – Директори Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва Ғаниев Рустам Ғафурович – Директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар Душанбе баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ, муовини якуми вазири маориф ва илм меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта, аз густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф ва илм ёдовар шуд. Ӯ аз фаъолияти пурсамари Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки он дар қатори дигар филиалҳои муассисаҳои тањсилоти олии касбии Федератсияи Россия дар Душанбе барои омода намудани кадрҳои барои иқтисоди мамлакат зарур нақши арзанда мегузорад.
Муовини ноиби ректор – сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов Нидоев Давлат Назридинович аз дастгириҳо ва ҳамкориҳои судманди Вазорати маориф ва илм, ки баҳри беҳтар намудани фаъолияти Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар Душанбе равона шудааст, изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки роҳбарияти Донишгоҳи мазкур баҳри беҳтар кардан ва густариш додани фаъолияти филиал иқдомҳои пайвастаро ба роҳ мондаанд.
Дар охир, ҷонбҳо ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илм бо Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва ҷиҳати боз ҳам ҷонок намудани равобити дуҷониба изҳори омодагӣ намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар Душанбе дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2009 таъсис ёфта, дар он мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои равияҳои илмҳои дақиқ, риёзӣ, табиӣ ва гуманитарӣ омода карда мешаванд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон