ТАВАҶҶУҲ БА ТАЪЛИМИ КАЛОНСОЛОН

Вазорати маориф ва илм дар баробари фароҳам овардани шароити мусоид дар муассисаҳои таълимӣ солҳои охир ба таълими калонсолони аз таҳсил дурмонда низ тавҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Ба ин мақсад бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.08.2014, №18/27 Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ғоибона) барои наврасон ва калонсолон дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Муассисаи ғоибона мақоми ҷумҳуриявӣ дошта, вобастаи сохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он таҳсили таълимгирандагони аз синни 18-сола болоро дар зинаҳои дуюм ва сеюми таҳсилот, дар шакли ғоибона, тариқи шартномавӣ, тибқи барнома ва нақшаҳои тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад. Нақшаҳои таълимӣ ҳамасола таҷдиди назар гардида, аз нав таҳия карда мешаванд.
Дар муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ғоибона) барои наврасон ва калонсолон шароит ҷиҳати таҳсил муҳайё буда, муҳассилин давра ба давра ба сессияҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ ҷалб карда мешаванд. Дар синфхонаҳо тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо насб гардида, мавриди истифодаи омӯзгорон ва таълимгирандагон қарор дода шудаанд. Илова бар ин, муассисаи ғоибона дорои китобхона ва кабинети муҷаҳҳази технологияи иттилоотӣ буда, истифодаи китобҳои дарсӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Дар муассисаи мазкур норасоии кадрӣ вуҷуд надорад.
Муассисаи таълимӣ барои наврасон ва калонсолон аз рӯзи таъсисёбии худ то ба имрӯз 2479 нафар таълимгирандаро ба таҳсил фаро гирифтааст, ки аз ин шумора 1379 нафари онро духтарон ташкил медиҳанд. Фақат дар соли таҳсили сипаришуда 74 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 156 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил гардиданд.

Умед ЧОРШАНБЕЗОДА