ФАРМОИШИ

вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2023, №175, шаҳри Душанбе
Оид ба анҷоми соли таҳсили 2022-2023, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади ташкил ва баргузор намудани аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар анҷо-ми соли таҳсили 2022-2023 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси Дастурамали аз синф ба синф гузаронидан дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.01.2023, №02/10) ва Тартиби аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2023, №110) мутобиқи моддаи 33-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, банди 69 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 11 Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2014, №145 тасдиқ шудааст, ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Машғулиятҳои таълимӣ дар синфҳои 1-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 25 майи соли 2023 ва дар синфҳои 2-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 1 июни соли 2023 ба анҷом расонида шавад.
2. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва 10 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона), синфҳои 5-8 ва 10-11 муассисаҳои таҳсилоти умумии ғоибона аз 3 июн то 10 июни соли 2023, инчунин, аттестатсияи хатми синфҳои 9 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз 3 то 15 июни соли 2023 ва аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз 3 то 20 июни соли 2023 гузаронида шавад (Замимаҳои 1, 2, 3, 4, 5 ва 6).
3. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва 10 (ба истиснои саволномаҳои тестӣ барои хонандагони синфи 10) дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ (ба истиснои синфҳои таълимашон бо забони ҳориҷӣ (англисӣ)-и муассисаҳои таълимии дар банди 8 овардашуда) дар асоси маводи пешниҳоднамудаи раёсат ва шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шавад.
4. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм барои хонандагони литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи генерал — майор М. Д. Тошмуҳаммадов ва Муассисаи давлатии гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Во-рисони Куруши Кабир” аз 3 июн то 20 июни соли 2023 муқаррар гардида, бо назардошти хусусияти таъли-ми ҳарбӣ доштан, иҷозат дода мешавад, ки бо қарори Шурои педагогӣ иловатан (то 2 фан) аттестатсияи тахассусӣ ворид карда шавад.
5. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм барои кӯдакони бемор ва дорои имкониятҳои маҳдуд, ки дар хона таълим мегиранд тибқи муқаррароти мавҷуда вобаста ба намуди беморӣ ва дараҷаи дарсазхудкунии онҳо дар мувофиқа бо раёсат ва шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шавад.
6. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм барои кӯдакони бемор ва имконияташон маҳдуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии барои онҳо пешбинишуда таҳсил менамоянд, дар асоси маводи таҳиянамудаи муассисаи таълимӣ дар мувофиқа бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
7. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар синфҳои таълимашон бо забони хориҷӣ (англисӣ)-и муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ново-баста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ (ба истиснои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Донишгоҳи славянии Россия — Тоҷикистон) тибқи муҳлатҳои муқаррарнамудаи фармоиши мазкур дар асоси маводи пешниҳоднамудаи ин муассисаҳо баъди мувофиқа бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
8. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан аз фанни “Географияи Тоҷикистон” дар муассисаи давлатии таҳсилоти умумии Россия — Тоҷикистон дар асоси маводи таҳиянаму-даи онҳо баъди мувофиқа бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аттестатсияи хатм аз фанҳои “Забони давлатӣ” ва “Таърихи халқи тоҷик” дар муассисаи мазкур дар асоси маводи пешниҳоднамудаи Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
9. Аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ барои довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра дар ҳудуди муассисаи таълимие, ки довталаб дар он таҳсил мекунад, гузаронида шуда, натиҷаи он барои ташхис ба раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар муҳлатҳои муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод карда шавад.
10. Муассисаҳои таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ натиҷаи аттестатсияи довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқраро дар ҳудуди муассисаи таълимие, ки довталаб таҳсил мекунад, гузаронида, барои ташхис ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод намоянд.
11. Директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (Р. Мирзозода) уҳдадор карда шавад:
— намунаи маводи аттес-татсия (корҳои хаттӣ, саволномаҳои шифоҳӣ ва тест)-ро барои хатмкунандагони синфҳои 9, 11 ва саволномаҳои тестиро барои хонандагони синфи 10 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва синфҳои 9, 12 муассисаҳои таҳсилоти ғоибона сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ҷиҳати омодагӣ ба аттестатсия то 10 апрели соли 2023 таҳия намуда, тибқи дархост ба раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, литсей-интернат ва мактабҳои Президентӣ, литсейҳо барои хонандагони болаёқат, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои таълимии хусусӣ дастрас намояд;
— нусхаҳои (вариантҳои) асосӣ ва захиравии корҳои хаттӣ, саволномаҳои шифоҳӣ ва тестиро барои хатмкунандагони синфҳои 9, 11 (12) ва хонандагони синфи 10 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз ҷумла, ба равияҳои таълимӣ ва зерравияҳои он), сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ то 15 майи соли 2023 ба раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, литсей-интернат ва мактабҳои Президентӣ, литсей — интернатҳои давлатӣ барои хонандагони болаёқат, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои таълимии хусусӣ дарстрас намояд;
— дар ҳамкорӣ бо раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти омодагӣ ва баргузории аттестатсияҳои аз синф ба синф гузаронидан ва хатмро дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷааш ба маҷлиси назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи августи соли 2023 маълумотнома манзур намояд.
12. Сардорони раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ уҳдадор карда шаванд:
— ҷадвали аттестатсияҳои аз синф ба синф гузаронидан ва хатми муассисаҳои таҳсилоти умумиро тибқи муқаррароти Дастурамали аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Тартиби аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда, муҳлати гузаронидани аттестатсияи такрориро дар моҳи август муайян намоянд;
— ҳуҷҷатҳои довталабони аттестати аълои унверсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқраро тибқи талаботи муқаррарнамудаи Низомномаи аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии махсус (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2014, №215) ва Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори мушо-вараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.06.2019, №7/20) ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод намоянд;
— аз натиҷаи ҷамъбасти аттестатсия ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то 10 июли соли 2023 маълумотномаи муфассал ирсол намоянд.
13. Директорони муасси-саҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ уҳдадор карда шаванд:
— маводи иловагии аттес-татсияи шифоҳии аз синф ба синф гузаронидан ва хатмро тибқи нишондоди Дастурамали аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Тартиби аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва нигоҳдорӣ намоянд.
— масъулияти махфӣ нигоҳ доштани нусхаҳои (вариантҳои) асосӣ ва захиравии корҳои хаттӣ, саволномаҳои ши-фоҳӣ ва тестиро барои хатмкунандагони синфҳои 9, 11 (12) ва хонандагони синфи 10 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз ҷумла, ба равияҳои таълимӣ ва зерравияҳои он)-ро таъмин намоянд.
— дар муассисаҳои таълимие, ки 3 ва зиёда синфи мувозӣ (параллелӣ) доранд, иҷозат дода мешавад, ки муҳлати аттестатсияи аз синф ба синф гузарониданро дар асоси қарори Шӯрои педагогӣ то 3 рӯз тамдид намоянд.
14. Сармуҳаррири нашрияи рӯзномаи “Омӯзгор” (Д. Қурбонзода) вазифадор карда шавад, ки фармоиши мазкурро дар рӯзномаи “Омӯзгор” ба табъ расонад.
15. Сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ (Ш. Асомиддинзода) дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои фармоиши мазкурро таъмин намояд.
16. Назорати иҷрои фар-моиши мазкур ба зиммаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода гузошта шавад.
Асос: Низомномаи наму-навии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастурамали аз синф ба синф гузаронидан дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазир Р. Саидзода