ВАТАНАМ МАНБАИ ИЛҲОМИ МАН АСТ

Кишвари мо чун давлати ҷавон дар миёни дигар мамолики сайёра имрӯзҳо бо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва истироҳатию ҳунармандии хеш шуҳратёр гардидааст.
Мавзеъҳое, ки бо ҳунар-мандони чирадасти хеш нуфузи Тоҷикистонро дар рушди сайёҳӣ таъсиргузор мешаванд ва дар ақсои олам кишварро муаррифӣ менамоянд, шаҳрҳои бостонии Кӯлоб, Хуҷанд, Ҳисор Хоруғ, Истаравшан, Конибодом, Бохтар аст. Кӯлоб тибқи ҳафриёти бостоншиносон, дорои таърихи беш аз 2700-сола мебошад, Ҳисор 3000-сола, Истаравшан 2500-сола. Сарнавишти сокинони Тоҷикистон ниҳоят рангин аст ва онҳоро аз қадим чун мардуми бофарҳанг ва ҳунарманд эҳтиром менамоянд. Ҳамин ҳунармандии онҳо боис гардидааст, то дар дохили кишвар маҳаллаҳое ба вуҷуд биёянд, чун Чармгарон, Заргарон, Кулолон, Чеварон, Бофандагон, Зардӯзон, Читгарон, Сандуқсозон ва амсоли инҳо. Ин мадорик гувоҳи он аст, ки ҳунармандӣ пешаи аслии тоҷикон буда, он чун василаи асосии рӯзгузаронӣ ва аз насл ба насл мебошад.
Душанбе шаҳри зебост. Он қалби Тоҷикистони бузург мебошад. Ин шаҳри таърихӣ шуруъ аз соли 1924 чун маркази маъмурии Тоҷикистон шинохта шудаст. Душанбеи афсонавӣ рӯз ба рӯз тараққӣ карда, аз як деҳи хурд ба бузургтарин маркази нави иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангии тоҷикон мубаддал гаштааст. Солҳои қабл барои пешрафт ва тараққиёти пойтахт бунёди роҳҳои мошингард, роҳи оҳан, фурудгоҳу роҳҳои ҳавоӣ лозим буд, ки имрӯз мо ҳамаи онро дорем. Мардуми заҳматқарини Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи он дар як муддати кӯтоҳ ин мавзеъро ободу дилоро намуданд, ки биноҳои бошукӯҳи замонавӣ, коргоҳҳои саноатӣ, муассисаҳои бузурги фарҳангию илмӣ кунун зеби дили кишваранд.
Иттиҳоду марказҳои бузурги санъат ва илму фарҳанг, Академияи миллии илмҳо, Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи композиторон, Иттифоқи жур-налистон, Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Театри академӣ — драмавӣ ба номи А. Лоҳутӣ, мактабҳои типи нав ва дигар иншооти муосир бунёд гардиданд. Донишгоҳу донишкадаҳои олӣ таъсис ёфтанд, ки ҳазорон мутахассисро омода намуда, ба бозори кор равона ва рақобатпазир намуданд. Дар натиҷа Душанбе яке аз марказҳои бузургтарини илмию фарҳангии Тоҷикистон гашт.
Қалби кишвари паҳновари моро беҳуда шаҳри ҷавонӣ наменоманд, зеро ин ҷавоншаҳр маҳз аз дасти ҷавонони оқилу баномуси халқи тоҷик бунёд гардидааст.
Замони ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ, Душанбе аз ҳама бештар зарар дида бошад ҳам, дар як муддати кӯтоҳ бо азму талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат барқарор гардид.
Чун дар ғурбат қарор дорам, ба ҳар сурат ҳамарӯза аз шабакаҳои иҷтимоӣ мебинам, ки сафи хориҷиён дар ватанам бештар гардида, дар кӯчаҳои он қадам мегузоранд ва гулгашту хиёбонҳои шукуфони Ватан ба қалби мо шодию фараҳи тоза мебахшад. Сокинону меҳмонони шаҳр пайваста барои ободӣ ва тозагии он кӯшиш мекунанд. Ҳар сол барои боз ҳам зеботар намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр дар фасли баҳор ниҳолу дарахтони ороишӣ ва гулҳои рангоранги мавсимӣ шинонида мешаванд.
Майдони начандон фарохи кошинкоришуда, марди баланд-қомати зебопайкар бо чеҳраи омиронаи ҷиддӣ ҷониби ояндагон менигарад. Ё шояд онҳоро ба ин макони воқеан дилрабо хайрамақдам мегуфт? Аксарият “бачагӣ карда” мехоҳанд наздаш раванду бо ифтихор барояш “Дуруд” гӯянд, вале ду муҳофизи қавиро наздики ӯ дида, ларза андоми касро фаро мегирад, вале ӯ бепарвост. Чун ба чеҳраи нуронияш менигарӣ, эҳсос мекунӣ, ки мард виқор дорад. Ба ҳама бо нигоҳи омиронаи танҳо ба худаш хос менигарист. Ӯ миёни арки бошукӯҳ рост меистад. Аҷиб аст, ки аз хурд то бузург бо як нигоҳ мешиносанд, зеро ҳар рӯз тариқи оинаи нилгун симои зебояшро мебинанд. Ин мард Шоҳ Исмоили Сомонии бузург аст, ки дар маркази пойтахти тоҷикон, рӯ ба рӯи бинои Маҷлиси Олии кишвар қомат афрохтааст. Ӯ поягузори давлати тоҷикон аст.
Дар ин росто Хуҷанди бостонӣ низ чун Душанбе шаҳри нозанин, дорои мавзеъҳои ҷолибу диққатҷалбкунанда аст. Масалан, майдони марказии Хуҷанд, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, роҳи танобӣ, маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол”, муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, меҳмонхонаи Суғдиён, Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ ва дигар гӯшаҳои биҳиштмонанд, ки дар маркази шаҳр ҷой гирифта, бо тамоми шароити замонавӣ баҳри истироҳати сокинону меҳмонон, хусусан сайёҳони хориҷӣ хидмат мерасонад. Ҳар як сайёҳе, ки ба вилояти Суғд меояд, ҳатман ин гулбоғи ҳамешабаҳор ва манзараҳои нотакрори онро мебинад. Хусусан як нуқтаи дигаре, ки мехоҳам тавсифаш кунам, бо ғулғулаву бузургияш шукӯҳи шаҳрдорист. Аз тарафи шарқ бо мавзеи Регистон, аз ҷануб кӯчаи Шарқ, аз шимол бо маҳаллаи аҳолинишин ҳамсарҳад аст, аз ғарбу шарқ ду дарвозаи ба ҳамдигар хеле шабеҳ намои гунбадро доро буда, даромадгоҳи асосии сокинону меҳмонон ва тоҷирон мебошад. Ин ҷо сухан дар бораи бозори Панҷшанбе меравад. Пирони рӯзгордида нақл мекунанд, ки рӯзи ифтитоҳи бозор ва нахустин рӯзи савдову хариди тоҷирон ва сокинон ба рӯзи панҷуми ҳафта, яъне рӯзи панҷшанбе иттифоқ афтодааст ва аз ҳамон лаҳза онро бозори Панҷшанбе ном бурдаанд. Ҳар касе, ки ба ин шаҳри бостонӣ меояд, ҳатман барои худ ва наздиконаш пайи гирифтани армуғон меҳмони бозори Панҷшанбе мегардад.
Ҷаҳонгир МАҲКАМОВ,
узви ИЖТ