НЕРУИ ЗЕҲНӢ ВА ДУНЁИ ИМРӮЗА

Неруи зеҳнӣ бузургтарин сарвати маънавии инсон аст, зеро танҳо он тавону имкони чизе ихтироъ кардану офаридану бозёфтану кашф кардан дорад. Ба ин хотир, ёфтану ташаккул додани неруи зеҳнию эҷодии шахсиятҳо дар ҳар давлат аз ҳадафҳои муҳим маҳсуб мегардад.
Ин шахсиятҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоию фарҳангию маънавии ҳар як кишвар хидмат мекунанд. Афроди дорои неруи зеҳнӣ метавонанд олиму шоиру нависандаву журналист, ё муҳандису кайҳоннаварду бинокор, хонандаву донишҷӯ, шоҳмотбозу блогер… бошанд. Ин зумра мардум дар ҷомеа нақши муҳим доранд, чунки пешрафти ҷомеа ба неруи зеҳнӣ сахт вобаста аст. Муҳити имрӯза, ки бо техникаи мураккаб, ҷараёни ахбори муттасил, сатҳи баланди ҳамкориву равобити иқтисодиву иҷтимоиву маънавӣ оганда шудааст, самти фаъолияти зеҳнии инсонро муайян мекунад. Фаъолияти зеҳнии одам шарти ҳифзи соҳибихтиёрии миллӣ ва марҳалаҳои устувори рушди ҳадафманди шахсият мегардад. Ташаккули шахсияти зеҳниву эҷодӣ, ки ҷаҳонбинии инсонпарварона ва салоҳиятҳои бунёдӣ дорад, талаби иҷтимоиву фарҳангии муҳим дониста мешавад. Захираҳои ташаккули неруи зеҳнӣ зиёданд: муҳити иҷтимоӣ, сарчашмаҳои маълумоти илмӣ, сарчашмаҳои иттилооти оммавӣ ва сиёсӣ, иттиҳодияҳои эҷодии гуногун, системаи маълумоти умумӣ, олӣ ва ғайра. Ба гунаи мисол, дар кишвари мо ҳам соҳаи маориф дар раванди ислоҳот қарор дошта, ҷаҳонбинии навро тақозо менамояд, ки он бар дарки нақши муҳими неруи инсон дар рушди ҷомеа ва ягонагии инсону табиат асос ёфтааст. Дар робита бо ин мушкили мушаххас намудани захираи муҳими ташаккули неруи зеҳнӣ бо назардошти таърих ва хусусиятҳои фарҳангӣ рӯ мезанад.
Воқеияти иҷтимоии имрӯза дар ҳоли фановарию ҷустуҷӯ қарор ёфта, пурсишҳо аз ҷониби фарҳанги шаклёфтаи навҷӯйӣ ва ҷавобҳо аз тарафи имконоти зеҳнии шахсият, ҷамъиятҳои илмӣ, соҳаи маориф ба вуҷуд меоянд, ки талабот ба таҳқиқи нақши неруи зеҳниро дар равандҳои инноватсионии ҷомеаи муосир ногузир мегардонад.
Бояд зикр кард, ки истилоҳи «неруи зеҳнӣ» маънӣ ва нозукиҳои зиёд дорад: сатҳи маълумотнокии аҳолӣ, сатҳи рушди илмҳо ва технология, сатҳи рушди шуури давлатӣ, дараҷаи фаъолияти эҷодӣ дар ин раванд. Неруи зеҳнӣ аз рӯйи фаъолият, қобилияти зеҳнӣ, истифодаи он, корбурди дониш муайян мегардад.
Ҳаёти фарҳангӣ ва маънавӣ ба неру ва фаъолияти зеҳнӣ таъсир мерасонад. Хусусияти асосии неруи зеҳнӣ истифодаи он аз ҷониби давлату ҷомеа мебошад. Илму эҷод рукнҳои ҷудонашавандаи неруи зеҳнӣ буда, онро тақвият мебахшанд. Ҳамчунин, чизҳое ҳастанд, ки барои инкишофи неруи зеҳнӣ монеа мегарданд. Масалан, компютер ва технологияи имрӯза гоҳе ба неруи зеҳнӣ таъсири манфӣ мерасонанд, амалҳое, ки онҳо анҷом медиҳанд, барои фикру эҷод замина намегузоранд.
Бо вуҷуди ин, неруи зеҳнии инсон муҳимтарин васила ё замина дар пешрафти иқтисоду иҷтимоъ ва фарҳангу маърифат аст. Дунёи муосир, ки аз назари технология хеле пешрафта аст, рӯз ба рӯз ба ин сарват, яъне неруи зеҳнӣ бештар ва бештар ниёз пайдо мекунад, воқеан, техникаву технология маҳсули неруи зеҳнӣ аст, машҳуртарин роман ё номдортарин филм,… лазизтарин ғизо,… ҳосили рекордӣ, аҷибтарин бозӣ – ҳама аз ин чашма об хӯрдаанд. Мо чизеро дар дастовардҳои инсоният дарнамеёбем, ки бо неруи зеҳнӣ рабте надошта бошад.
Ба ин хотир дар мамлакати мо ҳам ба дарёфту фарогирии кӯдакони соҳибистеъдод таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад, чунки соҳибистеъдодҳо барои Ватани худ хидмати бузургеро анҷом дода метавонанд. Ин аст, ки неруи зеҳнӣ ва рушди он дар меҳвари сиёсати давлат ҷой гирифтааст. Ташкили озмуну олимпиадаҳо, бахусус, рӯ овардан ба омӯзиши васеи илмҳои дақиқ барои дарёфту рушди шахсиятҳои дорои неруи пуриқтидори зеҳнӣ имкони хубе муҳайё месозад.

Ҷангибеки Улфатшоҳ,
«Омӯзгор»,
шаҳри Хоруғ