ИЛМ ДАР БОРАИ ҲАЁТ

Номгӯи фанҳо дар олам хеле зиёд аст ва бо гузашти солҳо вобаста ба рушди илму дониш, навгониҳои зиндагӣ ва таҳқиқоти фарогир теъдоди фанҳо боз ҳам меафзояд.
Дар муассисаҳои таҳ-силоти умумӣ номгӯи маҳдуди фанҳо (фанҳое, ки бунёдианд ва дар ҳаёту фаъолияти инсонҳо нақши калидӣ доранд) омӯхта мешаванд. Гурӯҳе аз фанҳо дар навбати худ ба бахшу шохаҳои гуногун тақсим мешаванд, ки ин аз доираи васеи мавзуъҳои онҳо, аз мавқеи бузурги онҳо дар илму истеҳсолот гувоҳӣ медиҳад. Барои он ки инсон ҳаёти шоиставу осуда ва пурсамар ба сар барад, ӯро лозим аст, ки аз асосҳои улуми меҳварӣ огаҳӣ дошта бошад. Чунончи, мо дар зиндагию фаъолияти ҳамарӯза ба маълумот вобаста ба фанҳои забону адабиёт, химия, физика, риёзиёт… зарурат пайдо мекунем. Ба ибораи дигар, бидуни донистани асосҳои фанҳои алоҳида зиндагии фаъолона имкон надорад. Дар шумори дигар илмҳо одамонро ҳамарӯза зарурате пеш меояд, ки рӯй ба донишҳо аз фанни биология оваранд. Дар ҳақиқат, биология ҳамчун фан маълумоти бағоят муҳимро ба ҳамагон пешниҳод мекунад, то пеши мушкилоту муаммоҳои зиндагӣ оҷиз намонанд. Худ тафсири номи биология далели муҳим будани омӯзиши он аст. Калимаи «биология» рӯида аз ду вожаи юнонист: био – ҳаёт ва логос – илм. Ба ин маънӣ биология илм бар бораи ҳаёт мебошад; яъне моҳият, қонунмандӣ, аҳаммият ва таркибу сохтори кулли мавҷудоти олам. Аз ин рӯ, ба забони тоҷикӣ биологияро зистшиносӣ тарҷума кардаанд. Ин илм тарзи ҳаёт ва муҳити зиндагии тамоми мавҷудоти зинда (рустаниҳо, ҳашараву ҳайвонот, гиёҳҳо, одамон…)-ро меомӯзаду шарҳ медиҳад. Қабл аз омӯзиши биологияи умумӣ шогирдони мактабҳо илмҳои табиатшиносӣ, ботаника, зоология ва анатомияро меомӯзанд, ки бо биология наздикию пайвандӣ доранд. Омӯзиши фанҳои мазкур барои хонандагон дарку фаҳми биологияро осонтар мекунад. Бо омӯзиши биология хонандагон бо муҳимтарин қоидаҳову махсусиятҳои ҳаёт ошно мешаванд, чун яклухтию пайвандии табиат, инкишофи табиат ва мавҷудоти зинда, мутобиқ шудани организм бо муҳити гуногуни зист, таърихи таҳаввули организмҳо, оғози рушд ёфтани ҳуҷайратухми бордор, ворисияти наслҳо ва амсоли инҳо. Табиати зиндаи сайёраи мо хеле рангин, пурмуҳтаво, гуногун, ҷолибу аҷиб ва пурасрор аст. Биология ҳамчун илм мекӯшад, ки хосияти умумии мавҷудоти зинда, сабабҳои гуногуншаклии организмҳо, омилҳои тафовутҳои муҳити зист ва «ҳунарнамоӣ»-ҳои табиатро таъсиф бахшаду мавриди баррасӣ қарор диҳад. Пайдоиши ҳаёт ва қонунмандиҳои инкишофи он дар рӯи Замин (яъне, таълимоти эволютсионӣ) аз муҳимтарин мавзуъҳои илми биология ба шумор меравад ва ин мавзуест, ки садсолаҳо боз олимон перомуни он андешаронию баҳс мекунад. Мавҷудоти зинда дар табиат бешуморанд ва олимон танҳо тақрибан муайян кардаанд, ки ҳоло дар табиат бештар аз 600 ҳазор навъи рустанӣ, зиёда аз 1,5 миллион навъи ҳайвонот мавҷуданд. Як қисм организмҳои зинда (махсусан, дар бешазорони анбуҳ ва дар қаъри уқёнусҳо) ҳанӯз барои илм дастнорасу кашфнашуда мондаанд, яъне, илми биологияро, ки ба комёбиҳои бузург шарафёб гардидааст, боз ҳам дастовардҳои бештар дар пешанд.

Фараҳноз ГУЛМИРЗОЕВА,
омӯзгори биологияи
мактаби №5, ноҳияи Айнӣ