ТАҲНИЯТ

Аҳли қалами нашрияи “Омӯзгор” тамоми ҳамватанонро ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин, 30-юмин солгарди таъсиси Артиши Миллӣ самимона табрику таҳният мегўянд…
Бояд қайд намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар таъсис ёфта, баҳри пойдории истиқлол, тантанаи адолат ва сулҳу салоҳ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва музаффариятои Ватани азизамон хидматҳои мондагору таърихиро сомон бахшид ва имрўз низ ҳамчун сипари боэътимоди мамлакат фаъолият дорад. Хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як фарди ватанпараст шаъну шараф ва ифтихор аст.
Таманнои онро дорем, ки ҳамеша ҳамчун сарбози асили Ватан сарбаланду шарафманд, фаъолу хушазму ирода ва сиҳатманду муваффақ бошед.
Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳама азизон ҳумоюну фархунда бод!