ҲУҚУҚИ КӮДАКОНРО ҲИМОЯ БОЯД КАРД

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва тарбияву камолоти дурусти онҳо тадбирҳои судманди давлатӣ ва чораҳои қонунӣ андешида шудаанд.
Дар баробари дигар қонунҳо, барномаву консепсияҳои дар ин самт қабулшуда, инчунин, барои беҳтар намудани раванди таълиму тарбия, таҳкими робита миёни ҷомеа, муассисаи таълимӣ ва падару модарон, ҳимоя аз ҳама гуна зӯроварии хонаводагӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардидаанд.
Созмони Милали Муттаҳид 20 ноябри соли 1989 санади муҳимми байналмилалӣ- Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд, ки аз ҷониби 196 давлат эътироф шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати инсондӯстонаи Сарвари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро муҳим шумурда, соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба имзо расонд. Дар ҳар 5 сол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба уҳдадории худ вобаста ба конвенсия ба Комиссияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳисобот пешниҳод месозад.
Ҳифзи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия сарчашма мегирад. Аз ҷумла, дар моддаи 34 — и қонуни асосӣ омадааст: “Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд… Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд”.
Ин дар ҳолест, ки бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат мақоми ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шудааст. Ниҳоди мазкур ба масъалаҳои риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншудаи кӯдакон, такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, амалӣ гардондани муқаррароти Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак мусоидат мекунад.
Зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии кишвар манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор ба назар гирифта мешаванд.
Қонунгузории амалкунанда кафолатҳои иловагиро вобаста ба меҳнати кӯдакон (манъи истифодаи он дар корҳои вазнин, муоинаи ҳатмии тиббӣ, давомнокии вақти кӯтоҳи корӣ, муайян намудани реҷаи махсуси кор ва истироҳат) муқаррар намудааст. Қонун шаклҳои бадтарини кори кӯдаконро, ки ба саломатӣ, рушди ҷисмонӣ ва маънавӣ ва таҳсили онҳо таъсир мерасонанд, манъ мекунад. Табиист, ки ин гуна кафолатҳо дар таъмини бехатарӣ, солимии насли наврас ва инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдакон мусоидат менамоянд.

Фирӯзи СУЛТОНЗОДА,
муовини сардори раёсати ҳифзи хуқуқи кӯдаки
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон