ШАРТНОМАҲО БО КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ

Дар нишасти матбуотии директори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Алмосшоҳ Шоев ба саволу пешниҳодҳо оид ба дастовард ва мушкилоту проблемаҳои мавҷудаи донишкада посух гуфта, вобаста ба фаъолияти имрӯзаи устодону донишҷӯён чунин иброз дошт:
— Донишкада яке аз аввалин муассисаҳои таълимии олии касбӣ мебошад, ки дар минтақаи Кӯлоб мутахассисони соҳаи саноату кишоварзиро тарбия намуда, ба воя мерасонад, — гуфт ректор.
Дар муассисаи таълимӣ истифодаи ройгони 28 адад компютер пайваст ба шабакаи ИНТЕРНЕТ ва китобхонаи электронӣ ба донишҷӯён хидмат мерасонад, ки дорои 120000 нусха китоби бадеӣ ва илмӣ мебошад. Дар соли сипаришуда донишкадаро аз рӯи 33 ихтисос 413 нафар хатм намуданд, ки 6 нафарашон дипломи аъло гирифтанд. Аз шумораи умумии хатмкардагон 129 нафар ба кори доимӣ тибқи роҳхат таъмин гардид. Айни ҳол донишкада бо зиёда аз 37 корхонаи саноатӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад. Омӯзгорону донишҷӯён 21 патент ва ихтироот ба даст оварда, аз рӯи 48 лоиҳаи фармоишӣ тадқиқотҳои илмии худро амалӣ мегардонанд. Донишкада бо 50 муассисаи олии хориҷи кишвар ҳамкорӣ дорад. Барои баланд бардоштани заминаи моддӣ-техникии таълимгоҳ бо маблағи 800 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти нав ва барои китобхона ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ 1515 нусха китоби дарсӣ харида шуд. Дар дарёфти грантҳои ташкилотҳои байналхалқии соҳаи маориф бо дастгирӣ ва ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо аз рӯи барномаҳои ЭРАСМУС_+, ТЕМПУС, «Ҷорӣ намудани раванди Болониявӣ», «Персеус», «Сибелес» ва «Марко-21» хеле самарабахш амалӣ гардида истодааст. Боиси нигаронист, ки сессияи тобистонаро 188 нафар донишҷӯ ба сабабҳои гуногун супорида натавонистанд. Як қисми бинои хобгоҳи литсейи №22-ро донишкада ба иҷора гирифта, баъди таъмиру тармим 120 нафар донишҷӯи аз роҳи дур омадаро бо ҷои зист таъмин менамояд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»