МАЪРИФАТ ҶАҲОЛАТКУШ АСТ

Дар моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст: «Инсон ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олианд. ҳаёт, қадр, номус ва дигар хусусиятхои фит-рии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз мекунад».
Воқеан, сарвати волотарин ва арзишмандтарини инсон ҳуқуқу озодиҳои ӯ мебошад. Давлат кафил, эътирофгар ва риоякунандаи ҳуқуқу озодиҳои ҳар яки мост. Моро мебояд, ки маърифати баланди сиёсию ҳуқуқӣ, динию илмӣ дошта бошем, то дар заминаи маърифати андӯхтаамон ҳамеша ҳушёру зирак бошем ва нагузорем, ки ҳар гуна ташкилот, созмон ё ҳизбҳои таҳрифкор ҳуқуқу озодиҳои мо, шаъну шарафамонро поймол карда, ҳаёти осуда, фазои сулҳу суботи кишварамонро тира гардонанд. Ҷаҳони имрӯза ҷаҳони бархурди тамаддунҳо, ҷаҳони манфиатҷӯиҳои давлатҳои абарқудрат, ҷаҳони мубориза тавассути васоити иттилоотӣ ва шабакаҳои интернетист. Ҷаҳонест, ки сияҳкорон бо таблиғи ҳама гуна идеологияҳои таҳрифкорона ва хурофотии худ миёни инсоният ҳисси бадбинӣ, нафрат, маҳалталошию миллатгароӣ ва қадр накардани арзишҳоро ба вуҷуд оварда, ҷомеаи инсониро носолим мегардонанд ва ҳуқуқҳои заҳматкашонро поймол мекунанд.
Имрӯз барои тахрибкорон як роҳи асосии татбиқи барномаҳои сиёсии ғаразбори худ ба арсаи мубориза ворид кардани уламои исломӣ ва дар қалби аҳком ва қонунҳои шариати исломӣ амалӣ сохтани андешаву ғояҳои таассубангези худ мебошад.
Бояд ҷавонони мо аз ин огоҳ бошанд ва аз гаравидан ба ин ташкилотҳо худдорӣ намоянд, фирефта нашаванд.
Дар шароити ҷаҳонишавии арзишҳо ва муносибатҳо ҳифз ва нигаҳдошти арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ яке аз вазифаҳои муҳим ва аввалдараҷаи ҳар як ҷомеа маҳсуб мешавад. Мо аз нуфузи арзишҳои гуманистии фарҳангию маънавӣ ва дастовардҳои беназири илмию техникии давлатҳои пешрафта, бавижа, технологияи муосири иттилоотӣ истиқбол менамоем ва кӯшиш мекунем, ки ҳар чӣ бештару зудтар аз дастовардҳои тамаддуни башар бархурдор бошем ва роҳҳои татбиқи онро дар ҷомеаи худ пайдо намоем.
Мутаассифона, дар баробари арзишҳои мусбати ҷаҳони муосир унсурҳои номатлуб ва харобиовари бегона низ ба зиндагонии мо роҳ меёбанд. Ин амали миллатзудоӣ бо мақсадҳои ғаразнок ва бо дастгирию хароҷоти зиёди ҳомиёни берунӣ ва баъзе ташкилоту ҳаракатҳои ифротгаро бо истифода аз тамоми роҳу усулҳои мавҷуда таҳмил карда мешавад. Ҳадафи асосии онҳо таъсири ҳар чӣ бештар ба шуур ва ҷаҳонбинии ҷавонон ва ҷалб намудани онҳо ба ҷараёну ташкилотҳои фаромиллии тундрав ва ифротгаро мебошад. Мушоҳида мегардад, ки баъзе аз ҷавонони кишвари мо низ ба доми чунин гурӯҳҳову ташкилотҳо афтода, аз нодонию ҷаҳонбинии маҳдут даст ба ҷиноят мезананд ва ё ба гирдоби ҳаракату амалиёти номатлуб гирифтор мешаванд. Гарчанде теъдоди чунин ҷавонон зиёд нест, мақомоти дахлдори давлат ва аҳли ҷомеаи моро зарур аст, ки барои пешгирии ин падидаҳои асолатсӯз мунтазам чораҳои зарурӣ ва мушаххас биандешанд.
Сабабҳои гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои алоҳидаи экстремистию радикалӣ, ҷудоихоҳу террористӣ ва амсоли инҳо гуногунанд ва албатта, он омӯзиши мукаммалтар ва дақиқтари илмиро тақозо мекунад. Буҳронҳои геополитикӣ ва сиёсии умумиҷаҳонӣ шояд солҳои наздик имтиҳону санҷишҳои нав эҷод намоянд, ки дар гирдоби он печидани кишварҳои заиф ногузир аст. Албатта, ворастан аз ин доми бало аз аҳли ҷомеа, бахусус, аз наврасону ҷавонон донишу зиракӣ ва матонату шуҷоат тақозо мекунад.
Лозим ба таъкид аст, ки маҳз ҷавонон аз нигоҳи сиёсию идеологӣ қишри ҳассостарини ҷомеа маҳсуб мешаванд. Тавре ки мушоҳида мегардад, зумрае аз онҳо фирефтаи ғояи эҳёи хилофати исломӣ, ки тарроҳони он марказҳои ғайриисломиянд, гардида, барои амалӣ кардани манфиатхои сиёсию иқтисодии кишварҳо ва ширкатҳои абарқудрат равона карда мешаванд. Таассуфовар он аст, ки дар миёни ин фирефташудагон фарзандони Тоҷикистон низ ҳастанд ва дар сангарҳои хунини ҷанг даст ба куштори одамон мезананд ва ин ҷинояти мудҳишро бо номи ҷиҳод пардапӯш месозанд. Дар ҳоле ки қатлу куштори одамон бо номи ҷиҳод дар ислом талқин наёфтааст ва бадбахтии ин тоифа бештар дар он ифода меёбад, ки мехоҳанд тартибу низоми асримиёнагиро аз нав барқарор созанд ва ин, бешак, аз тамоми меъёрҳои ақлонӣ, гуманистӣ ва ахлоқи исломӣ фарсахҳо дур аст. Ҳодисаи рӯзи 29-уми июли соли 2018, ки бо сайёҳони давлатҳои хориҷӣ дар ҷумҳурии азизамон рух дод, гувоҳи ноогоҳии ин зархаридон ва ташаккул наёфтани ақлу эхсосу иродаи онҳо мебошад. Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ин ҳодисаи нангинро маҳкум карданд.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар барои озодии дин ва ақоиду виҷдон ҳама заминаҳои созгорро фароҳам овард. Барои баланд бардоштани маърифати динии мардум, бахусус, ҷавонон, дастрасӣ ба омӯзаҳои ахлоқии дини мубини ислом, шинохти ростини мазҳаби аҷдодии тоҷикон ва ақоиди асосгузори он Имоми Аъзам дар сатҳи байналмилалӣ силсилаи чораҳои муассир андешида шуд.
Президенти кишвар ҳамеша ба ҷавонони кишвар такя доранд. Таъкид мекунанд, ки номусу ифтихор, донишу маърифат, ғайрату ғурури миллӣ ва ҷӯшу хурӯши созандагию бунёдкории ҷавонон дар пешрафту сарсабзии мамлакат ва дар тавсиаи мақоми ҷаҳонии миллати номвари тоҷик нақши асосӣ ва муассир дорад. Посдории ваҳдати миллӣ, ки сарчашмаи ҳама дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, дар марҳалаи кунунӣ ба ақлу фаросат, донишу маърифат, мавқеи иҷтимоӣ ва нангу номуси миллии ҷавонон вобастагии бештар дорад.

Азизбек БОРОНОВ,
директори муассисаи
таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ