САДОҚАТ БА ИЛМ

Устод Ҳомид Саидовро ҳамеша ғарқи андеша ва фикру хаёле мебинем. Ӯ чун ҳамеша шитоб дорад ҷониби коргоҳи азизаш — Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия. Дар ин боргоҳи муқаддас ӯро шогирдонаш интизоранд. Профессор Ҳомид Саидов то имрӯз баробари корҳои илмӣ — пажуҳишӣ ба касби дӯстдоштааш — омӯзгорӣ дилбастагии қавӣ дорад. Омӯзгорӣ дар хонаводаи онҳо пешаи меросӣ ва ифтихорӣ маҳсуб мешавад.
Бародари калонии Ҳомид зиндаёд Маҷид Саидов зиёда аз сӣ сол роҳбарии мактаби миёнаи деҳаро ба уҳда дошт ва барои фаъолияти пурсамараш дар таълиму тарбияи насли наврас бо нишони “Аълочии маорифи халқи СССР” мушарраф гашта буд. Бародари дигараш Ҳамид низ яке аз омӯзгорони шинохтаи ноҳия маҳсуб мешуду то ба нафақа баромаданаш шуғли муаллимӣ дошт. Ҳомид Саидов низ аз айёми мактабхонӣ орзуи омӯзгор шуданро дар дилаш мепарварид.
Падараш шуғли деҳқонӣ дошт, аммо лаҳзае аз мутолиаи китоб дур набуд. Ҳомид медид, ки падар дӯстдори адабиёти классикист. Ӯ шеъру ғазали бисёре аз ёд медонист. Ҳомиди наврас дар мактаби рақами 4, деҳаи Файзободи ноҳияи Моск-ва (ҳоло Мирсаид Алии Ҳамадонӣ)-ро бо баҳои аъло хатм карда, донишҷӯи мактаби олӣ шуд. Солҳои таҳсил дар факултаи шарқшиносии университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) бо ҳидояти устодонаш ба иншо ва таҳияи мақолаҳои илмӣ, таҳлилӣ даст зад. Нахустин дастовардҳои айёми донишҷӯӣ ӯро ноаён ба остонаи илм овард ва минбаъд мақолаҳои арзишманде таълиф намуд, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ ба табъ расиданд. Ҳомид Саидов соли 1976 Университетро бомуваффақият хатм намуду бо тавсияи устодон барои идомаи корҳои илмияш дар худи донишгоҳ монд ва то соли 1978 дар кафедраи низомии донишгоҳ фаъолият намуд. Дар ин давра ӯ ба таври ҷиддӣ пайи эҷоди рисолаи илмӣ ва корҳои мукаммали тадқиқотӣ гардид. Ҳомид Саидов се бор ба кишвари ҳамсоя Афғонистон фиристода шуд. Вай солҳои 1979-1982 корманди Дастгоҳи мушовири аршади низомии Иттиҳоди Шуравӣ дар Афғонистон буд. Аз рӯзҳои аввали дар хоки кишвари ҳамсоя буданаш аз пайи омӯзиши таъриху гузаштаи ин мулки тоҷикнишин ва овозадор гашт. Ҳатто мавзуи рисолаи илмии хешро ба ҳаёти мардуми Афғонистон бахшид. Акнун ӯ баробари корҳои муҳиммаш пайи таҳқиқу омӯзиши фарҳангу тамаддуни ҳазорсолаи Афғонистони ҳамсоя талош дошт…
Шарқшинос, сиёсатшинос ва муҳаққиқ Ҳомид Саидов баъди хидмати ҳарбӣ дар Афғонистон соли 1989 рисолаи илмияшро ҷамъбаст намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа гардид. Корҳои илмияшро идома бахшида, дар як муддати кӯтоҳ бо ховаршиноси машҳури рус академик А.А Клесов перомуни таърихи яҳудиён ва пуштунҳои Афғонистон китоби алоҳида ба забонҳои русӣ ва англисӣ аз чоп баровард. Боз ду асари таҳқиқотии дигари ӯ перомуни муносибатҳои миллию фарҳангии Афғонистону Эрон ва як силсила мақолаҳояш дар маҷаллаҳои хориҷӣ интишор гардиданд. Ҳомид Саидов соли 2010 дар назди Академияи хидматчиёни давлатии назди президенти Русия рисолаи илмии худро дифоъ карда, соҳиби унвони доктори илмҳои сиёсатшиносӣ гардид. Аз соли 1993 то 2000-ум дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон — консули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон кор кард. Солҳои 2001 то 2008 масъули барномаҳои ОБСЕ дар Тоҷикистон буд ва аз соли 2012 то соли 2015 ҳамчун мудири кафедраи таърих ва назарияи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро фаъолият дошт. Ҳомид Саидов чун муҳаққиқи сиёсӣ перомуни тараққиёти этномиллии давлатҳои Афғонистону Эрон, равобити муосири байналхалқӣ, фарҳангу масоили муосири дипломатӣ беш аз 100 асари илмӣ-назарӣ таълиф намудааст. Солҳои 1995-1998 дабири аввал – консули сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон буд. Ӯ баъдтар сардории идораи таҳлил ва тадқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Чанде дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ҳиндустон фаъолият намуд. Ҳомид Саидов муаллифи китобҳои таълимии «Курси лексияҳо доир ба материализми диолектикӣ» (Кобул, 1982), «Назарияи иҷтимоӣ-сиёсӣ» (Душанбе 1995) ва беш аз 70 пажуҳиши илмӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, арабӣ буда, дар ҳамоишҳои байналмилалии илмӣ дар шаҳрҳои Деҳлӣ, Теҳрон, Стокголм, Женева, Сафия, Анқара иштирок ва суханронӣ намудааст. Нашри китоби профессор Ҳомид Саидов «Пуштунҳо дар ҳошияи таърихи даҳ қавми гумшудаи Бани Исроил», ки дар чопхонаи бузурги Ҷумҳурии Федералии Олмон ба забонҳои русӣ ва англисӣ ба амал омад, дастоварди шоистаи олими тоҷик маҳсуб мешавад.
Ин китоб аввалин асари илмӣ доир ба этногенез ва таърихи этникии пуштунҳо ба ҳисоб меравад. Китобхонаи миллии олмон асари Ҳомид Саидовро дар руйхатти адабиётҳои машҳури библиографии дунё дохил намуд ва нусхаҳои англисии онро серхонандатарин китоб эълон намуданд. Китоби дигари профессор Ҳомид Саидов «Афғонистон ва Эрон: тавозуни рушди этномиллӣ» ном дошта, соли 2010 дар шаҳри Москва ба забони русӣ аз чоп баромадааст. Соли 2022 китоби профессор Ҳомид Саидов “Пуштунҳо” ба забони русӣ ба табъ расид, ки натиҷаи фаъолияти доманадори олим ва ковишҳои илмии ӯ дар ин самт мебошад.
Профессор Ҳомид Саидов барои фаъолияти бисёрсолааш бо ордени «Барои хизмати Ватан» (1985), медали «70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ» (1988) ва медали «Аз халқи шукргузори Афғонистон» (1988) қадрдонӣ шудааст. Ҳамчунин ба дарёфти унвони “Корманди фахрии таҳсилоти олиии Федератсияи Русия”, “Корманди шоистаи маълумоти олии федератсияи Русия” мушарраф гардидааст.
Устод дар ҳалқаи фарзандон худро боз ҳам хушбахту хурсандтар эҳсос мекунад. Ҷигарбандони ӯ ҳамагӣ аз пайи падар рафта, баъди хатми донишгоҳҳои мамлакат дар ҷабҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд. Духтари калонии хонадон Рухшона хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино буда, ҳоло дар маркази саломатии №12-и шаҳри Душанбе ба ҳайси мудири шуъба фаъолият мекунад. Фарзона устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филология аст. Нилуфар ҳуқуқшинос, корманди масъули Суди конститутсионист. Писараш Фаридун мутахассиси равобити байналхалқии бонкӣ буда, Масрур дар Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ фаъолият дорад.
Ҳомид Саидов мактаби пурбори таърихи ниёгонамонро гузашта, таҷрибаи зиёд андухтааст. Ба устод комёбиҳои навин таманно дорем.
Лоҳутӣ Шарифзода,
доктори илми сиёсатшиносӣ,
Сироҷиддин Пардаев,
Шаҳноза Неъматова,
Исмоил Наимов,
номзадҳои илми сиёсатшиносӣ