АСРОРИ АСАЛ

Дар яке аз аҳромҳои Миср зарфи асалдор ёфт шудааст. Олимон тахмин мекунанд, ки зарф 3300 — сола мебошад, асали он хушсифату хушбӯй боқӣ мондааст.
***
Як кило асал дорои зиёда аз се ҳазор калория аст. Барои тайёр кардани ин миқдор асал занбӯр тахминан аз 15 миллион гул шаҳд меғундорад. Агар гулҳо дар масофаи 3 километр бошанд, занбӯр дар як мавсим бояд то 400 ҳазор километр роҳро тай намояд.
***
Табибон аз қадим боз бо асал, муми занбӯр ва гарди гул бемориҳои гуногунро табобат мекунанд. Асал бештар аз 100 унсури кимиёвӣ дорад.
Таҳияи Ҳ. Шаҳриёр,
«Омӯзгор»