ҲАР КИ ШАМЪАШ ЗИ ИЛМ ДАР ГИРАД…

Барои мо, омӯзгорон, ҷои ифтихор аст, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи маориф чун ҳамасола аз мавзуъҳои меҳварӣ қарор гирифт ва дар он зарурати тавсеа ва рушди соҳаи мазкур дар асоси таҳлилҳои амиқу мӯшикофона арзёбӣ гардид.
Аз таҳлили воқеаҳои чанд соли охири кишварҳои дуру наздик бармеояд, ки агар дар кишваре дари маориф баста гардад, ҳатман ба ҷои он дари таассуб ва ҷаҳолат боз мегардад. Дар навбати худ ҷаҳлу таассуб бо пуштибонии қавии қувваҳои махсуси абарқудратҳо даст ба харобкориҳои азим хоҳанд зад. Дар кишвари ҳамсоя — Афғонистон ба сари қудрат омадани Толибон натиҷаи аз маориф дур мондани хурду бузурги ин макон бар асари ҷангҳои тӯлонии шаҳрвандист. Қувваҳои харобиовар дар ин ҷо бо ҳимояти кишварҳое рӯйи кор омадаанд, ки мақсади ниҳоияшон нооромии кишварҳои Осиёи Миёна мебошад.
Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки зиракии сиёсиро набояд аз даст диҳем. Тазоҳуроте, ки дар кишвари ҳамзабонамон – Эрон давом дорад, бори дигар аҳаммияти зиракии сиёсиро дар тафаккури ҷомеа, бахусус, ҷавонон таъкид менамоянд. Ҷанги Русияву Украина низ натиҷаи муносибати хасмонаи кишварҳои дигар аст, вагарна ду миллати ба ҳам наздик кайҳо роҳи ҳалли ихтилофоти байниҳамдигариро пайдо карда буданд. Ба ҳамин хотир аст, ки дар Паём атрофи боло бурдани ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва худшиносӣ нуктаҳои муассиру муҳим баён шуданд: «…Агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромию сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳтимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад». Ончи дар мавриди маориф аз ҷониби Пешвои миллат ироа гардид, пуштивонаи қавие дар адабиёти беш аз ҳазорсолаамон дорад. Ба тариқи мисол, устод Садриддин Айнӣ мегӯяд:
Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,
Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб.
Як нуктаи мухтасар зи мактаб гӯям,
Одам нашавад касе, магар аз мактаб!
Танҳо дар панҷ соли охир барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҷудо гардидани 36 миллиард сомонӣ шоҳиди ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати ҷумҳурӣ барои беҳтар шудани ин ду соҳаи иҷтимоист. Агар ба умқи фаъолияти ин ду соҳа назар андозем, мебинем, ки онҳо дар иҷрои масъулияти ба дӯш гирифтаи худ бо ҳам робитаи хеле наздик доранд. Чунончи, соҳаи тандурустӣ агар ҷомеаро аз осебҳои ҷисмонӣ наҷот бахшад ва шахси беморро солим гардонидаву бар сари кор орад, пас, соҳаи маориф ҷомеаро аз ҷиҳати равонию зеҳнӣ табобат мекунад, вуҷудашро бо нури дониш музайян мегардонад ва бо руҳияи солим барои бунёди давлати ободу озод ҳидоят месозад.
Маориф, мувофиқи иттифоқи назари тамоми донишмандон, бақои давлату миллат дониста шудааст. Абулмаонӣ Абдулқодири Бедил дар маснавии «Ирфон» овардааст, ки Сикандар дар ҷустуҷӯи ҳаёти ҷовидон афтода, ба назди ҳакиме меравад ва аз ӯ рози ҷовидонагиро суол мекунад. Ҳаким ба ӯ мегӯяд, ки дар олами зуллумот чашмае ҳаст ва ҳар кас аз он нӯш кард, ҷовидон зинда мемонад. Сикандар пас аз ранҷу машаққати зиёд дармеёбад, ки он чашма чашмаи илму дониш будааст:
Ҳар ки шамъаш зи илм дар гирад,
То абад доғи марг напзирад.
Партави илм дурбоши фаност,
Субҳ то равшан аст, шом куҷост?!
Дур будан аз маориф ҷомеаро ба ғафлат гирифтор месозад, ки бар асари он тафаккури мардум осебпазир мешавад ва барои ҳар гуна падидаҳои номатлуб замина омода мегардад. Таърих бисёр ҳодисаҳоро медонад, ки бар асари ғафлат на танҳо шахсони алоҳида, балки ҷомеаҳо ва давлатҳо низ гирифтори мусибату балоҳо гардидаанд. Бо дарназардошти ҳамин омилон, ҷомеаи мо имрӯз вазифадор аст, ки ҳар чӣ бештар пайи рушду такмили соҳаи маориф камар баста, насли навро дар руҳияи донишдӯстию ватанпарастӣ тарбият намояд. Мазмуни тамоми суханони боло дар матни Паём ба тариқи муҷаз дар чунин як қолаби зебо рехта шудаанд: «Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад».

Ғазалшоҳ Сафарзода,
сардори раёсати маорифи
вилояти Хатлон