ДОНИСТАН МЕХОҲЕД?

Пӯсти одам ба ҳисоби миёна қариб 20 000 сантиметри мураббаъ масоҳат дорад.
***
Мӯйи одам бо суръати 0, 35 – 0, 40 мм дар як шабонарӯз дароз мешавад. Мӯйи сар ҳар рӯз меафзояд ва ҷамъи дарозшавии ҳамаи мӯйҳои сар то 30 метр баробар мешаванд.
***
Дарозии умумии рагҳои хуни организми одам тақрибан ба 100 000 километр баробар аст.
***
Нафаскашии одам ба ҳисоби миёна дар баҳор назар ба тирамоҳ 0, 33 баробар зиёд аст.
***
Дили одами калонсол дар як рӯз қариб 10 000 литр хунро гардиш медиҳад. Бо як таппиши дил тақрибан 130 миллилитр хунро ба аорта мегузаронад. Дар ҳолати оромӣ набзи муътадил ба 60 – 80 задан дар як дақиқа, дили занҳо бошад, назар ба мардҳо 6 – 8 маротиба задан дар як дақиқа зиёд аст.
***
Об оҳиста – оҳиста харсанг (шӯх) – ро маҳлул мекунад ё ба ях мубаддал гардида, дар аксар ҳолатҳо дар як шаб кӯҳи асрҳо хобидаро тарконда, пора – пора мекунад. Оби яхшуда 2400 атмосфера фишор меорад, ки ба он ҳатто хоросангу рухом (баҷалт, санги вулкании сиёҳ) тобовар нест.
***
Як дарахт дар як шабонарӯз 180 литр оксиген хориҷ мекунад, ки ин нисфи талаботи шабонарӯзии як одам ба ҳаво аст.

Таҳияи Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»