ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИРИ ОМӮЗГОРИ ПОЙТАХТ ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР КИШВАРИ ФАРОНСА!!!

Омӯзгори МТМУ №124-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Носиров Муродулло Баҳрӣ дар даври дуюми Олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойи аввал ва соҳиби диплом гардид.
Боиси зикр аст, ки олимпиада санаи 18.02.2023 дар Донишгоҳи байналмилалии Марсели кишвари Фаронса аз фанҳои математика, физика ва химия бо иштироки 112-нафар омӯзгорони кишварҳои Россия, Фаронса, Полша, Ветнам, Юнон ва ғайра баргузор гардид.