ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои ишғоли вазифаҳои холии зер озмун эълон менамояд:
1.Мудири кафедра: дар кафедраҳои умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ; фалсафа ва фарҳангшиносӣ; тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрванд; кафедраҳои тахассусии методикаи таълими математика; алгебра ва назарияи ададҳо; геометрия ва математикаи олӣ; анализи математикӣ; технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ; асосҳои технологияи информатсионӣ; физикаи умумӣ; физикаи эксперименталӣ; физикаи назариявӣ; методикаи таълими физика; методикаи таълими технология ва соҳибкорӣ; фанҳои умумитехникӣ ва мошиншиносӣ; баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит; химияи органикӣ ва биологӣ; методикаи таълими химия; технология ва экологияи химиявӣ; биологияи умумӣ ва методикаи таълими биология; зоология; ботаника; анатомия ва физиология; биохимия ва генетика; географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ; географияи табиӣ; методикаи таълими география ва туризм; геоэкология; педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ; методика ва таҳсилоти ибтидоӣ; назария ва методикаи тарбияи мусиқӣ-бадеӣ; педагогика, психология ва методикаи тарбияи томактабӣ; педагогикаи умумӣ; педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир; психологияи умумӣ ва педагогӣ; психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавӣ; психология; ҳуқуқ; методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ; таърихи халқи тоҷик; таърихи умумӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ; назария ва таърихи адабиёт; назария ва амалияи забоншиносӣ; забони тоҷикӣ; методикаи таълими забони англисӣ; услубшиносӣ ва назарияи тарҷума; забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ; забони англисӣ; забонҳои Шарқ; забони англисӣ ҳамчун ихтисоси дуюм; забони олмонӣ; методикаи таҳлили забонҳои хориҷӣ (фаронсавӣ ва олмонӣ); забонҳои хориҷӣ; методикаи таълими забон ва адабиёти рус; забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ; адабиёти рус ва ҷаҳон; забони русӣ.
Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо аз рӯзи нашри эълон оғоз мегардад.
Омӯзгорони аз озмун гузашта дар донишгоҳ ба кор қабул мешаванд, вале бо ҷойи зист таъмин карда намешаванд.
Нишонӣ: 734003, ш. Душанбе, хиёбони
Рӯдакӣ 121, ДДОТ, раёсати таълим.
Тел: 224-75-28.