ХУРОФОТЗАДАГӢ ГУМРОҲИСТ

Ҳар як фарҳанг бар мабнои низоми муайяни арзишҳо ташаккул ёфтааст. Масалан, як фарде, ки дидгоҳи мазҳабиву тафаккури эътиқодмеҳвар дорад ва арзишҳои мазҳабиро дар авлавият мегузорад, табиист, ки дар мавриди мавқеъгирии шахсӣ ва ё баҳо додан ба равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ огоҳонаву ноогоҳона бо назардошти манофеи мазҳабӣ тасмим хоҳад гирифт, аммо шахсе, ки ҷаҳонбинии илмию ҳувияти миллӣ ва тафаккури давлатӣ дорад, ҳатман манофеи милливу давлатиро маҳаки қазовати худ қарор хоҳад дод ва аз ин равзана ба манзараи ҷаҳон ва падидаҳои он назар хоҳад кард.
Аз оғози офариниш инсон бо ҳар роҳу васила кӯшиш мекард, ки ба моҳияти ҳодисаву падидаҳое, ки бо онҳо мувоҷеҳ мегардад, сарфаҳм равад, бо суолоти худ ҷавоб ёбад ва саранҷом дар баробари ҳодисаҳои табиӣ қудратнамоӣ кунад. Ҳамин тариқ, инсони ибтидоӣ дар зиндагии рӯзмарра ба воқеаҳои гуногун, рӯйдодҳо ва ҳодисаҳои табиӣ бархурд мекард. Дар маҷмуъ, барои инсони ибтидоӣ ду мавзуъ муҳим буд: аввал, фаҳму дарки воқеаҳо ва далелҳои рӯйдодҳои неку бад. Дуюм, роҳҳои раҳоӣ ёфтан аз бунбастҳои ранҷовар, халосӣ аз мусибат ва сахтиҳои рӯзгор.
Имрӯз ҳам, қатъи назар аз он ки инсон дар ҷомеаи муосир ба пешрафтҳои назаррасе ноил гардидааст, ба хурофот майл дошта, ғолибан побанди хушкандешони мазҳабӣ мебошад. Мутаассифона, ин воқеиятест, ки дар аксари ҷомеаҳои баста ва вопасгаро вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, хурофотзадагӣ мушкили ҷиддии замон низ ҳаст.
Бояд гуфт, ки ҷаҳонбинӣ ва муқаррароти мазҳабӣ озодии андешаи шахсро маҳдуд мекунанд ва имкон намедиҳанд, ки шахс доир ба масоили кулливу ҷузъӣ фаротар аз доираи дидгоҳи мазҳабӣ биандешад ва изҳори назар кунад. Ин қолабҳои куҳнашуда, ки моро дар тӯли бештар аз ҳазор сол дар ҳоли бардагӣ, бедавлатӣ, истеъмори аҷнабиён, заъфу нотавонӣ, дар хориву зиллат нигаҳ дошт, хурофотпарастӣ мебошад.
Имрӯз бозори хурофот чунон авҷ гирифтааст, ки баъзан одамон аз ноогоҳӣ дар кӯчаву растаҳои хавфноки он раҳгум мезананд. Кад-қади роҳ, дар ҷойҳои серодам ва ҳатто зиёратгоҳҳо даст дароз кардаву садақа пурсидан, дар ин ҳолат пӯшида фол дидани лӯлизанону талбандагон, ки бештар номи Аллоҳро ба забон мегиранд, мавриди назаранд. Тоҷирони ин бозори гарми пур аз шӯру шағаб аз шумори он ашхосе, ки мехоҳанд бо роҳи осон соҳиби даромади муфту зиндагии осуда шаванд, ҳар рӯз зиёд мегарданд. Як-ду сураи Қуръонро аз ёд мекунанд ва аз китобҳое, ки имрӯз бо хатти кириллӣ ба табъ расидаанд, чанд ҳарфакро аз бар менамоянд. Гурӯҳи дувуми ин тоифа шахсоне мебошанд, ки сатҳи саводнокиашон паст аст. На дар мактаби имрӯза савод омӯхтаанд ва на аз муллои мактабдор, ҳарчанд як нимаи умри худро дар хидмати муллои номдоре сипарӣ кардаанд, бо як азоб ҳарфҳои алифбои арабиро аз худ кардаанду бо машаққат як-якуним оёт аз бар намудаанд. Аксари афроди ба доми онҳо афтода касоне мебошанд, ки хурофотпарастанд ва аз ҳақиқат огоҳӣ надоранд, аммо ба мазҳаб эътиқод дошта, ба ҳама гуна андешаҳое, ки аз забони ин «олимон» баён мегардад, бовар мекунанд.
Шарҳи илмии хурофот ин аст, ки ҳар чизе бо илм созгор нест ва бархурд бо илм дорад ва илм онро дар таҷриба собит насозад, хурофот аст. Хурофот падидаи нохушоянд барои ҷомеа аст ва агар либоси динро ба бар кунад, хатараш ба маротиб шадидтар аст. Аз ин рӯ, бадтарин шакли хурофот ҳамеша хурофоти динӣ аст, зеро тамоми афкору аъмоли диндор зери андешаи хурофотӣ қарор гирифта, асли дин он ҷо беарзиш мегардад. Миллате, ки таҳти таъсири хурофот қарор дорад, табиист, ки авомили суду зарари худро наметавонад дуруст ташхис кунад, аз ин рӯ, бисёр осон ба «бозича»-и дасти неруҳои манфиатҷӯ табдил меёбад ва нохудогоҳ ба зарари худу ба нафъи бадхоҳони хеш талош меварзад.
Парастиш ва эътиқоди ҷоҳилона омили таассуб аст ва таассуб инсонро ба тундравию ифротгароӣ ангеза медиҳад. Ифротгароиву хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллату давлат танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад. Хусусан, пинҳону ошкоро амал намудани хоинони миллати тоҷик ва кӯшиши ҷалби шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро бо истифода аз фазои маҷозӣ ба ҳамагон маълум ва боиси нафрат гардидааст. Аз таърихи хиёнкаткории наҳзатиён дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳамзамон, баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ хуб огоҳем, ки ин ташкилоти террористӣ ҳамеша бадандешиву бадниятиро пешаи хеш медонад.
Гурӯҳҳои фурсатталаби исломгаро ҳамеша барои расидан ба қудрат ва дубора қабз кардани ҳокимияти сиёсӣ дар кишварҳои мусулмоннишин сели борони таассубу хурофот ва арзишҳои пучу бебунёдро дар қолабҳои ҷаззобу дилфиреб ба мисли курраҳои рангини дарунхолӣ ба тӯдаҳои мардум пешкаш кардаанду мекунанд. Дар истилоҳ ва корбурди ин гурӯҳ, агарчи мафҳумҳое аз қабили давлат, миллат ва озодӣ садо диҳанд, вале ҳеҷ гоҳ онҳо дар дифоъ аз давлату миллати хеш пешсафӣ намекунанд, баракс, бар алайҳи миллат ва мардуми хеш қарор мегиранд. Онҳо ҳимоят аз авомиле мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ миллат ва мардуми хешро ба пешрафт намерасонад ва санге дар масири рушд будаанду ҳастанд. Ин гурӯҳ аслан нодониро бар доноӣ, ҷаҳлро бар хирад, зулмотро бар нур тарҷеҳ медиҳанд. Ҳамин аст, ки онҳо ҳамеша аз нодониву зудбоварӣ истифода менамоянд ва тӯдаҳои мардумро гул мезананду мефиребанд.
Ягона чизе, ки насли хурофотпарастро аз гумроҳӣ берун мекунад, таълиму тарбияи дурусти диниву дунявӣ мебошад, яъне, новобаста ба синну сол инсоният дар бораи он чизе, ки парастиш ё пайравӣ мекунад, бояд маълумоти дақиқ дошта, онро аз рӯи меъёрҳои муайянгардида риоя намояд. Ҳар чизе, ки гуфта ё таълим дода мешавад, бояд бо такя ба факту далелҳои дақиқ ва нафъи ҷомеа бошад. Дар самти мубориза алайҳи хурофотпарастӣ ҳамагонро зарур аст, ки нозукбину нуктасанҷ бошанд ва аз гуфтаҳои бузургон истифода кунанд. Дар ҳолати баромадан аз чаҳорчӯби муқаррарӣ хурофотпарастӣ метавонад, ки бар зарари худи ӯ ва ҷамъияту давлат тамом шавад.
Бо дарназардошти нуктаҳои ишорашуда зарур аст, ки он гурӯҳҳое, ки динҳоро таблиғ мекунанду аз онҳо сиёсат месозанд ва ба мардум ваъдаҳои осмонӣ медиҳанд, дуруст шинохта шаванд, зеро имрӯз ҳар ҷомеа ва ҳар кишвар танҳо аз роҳи дунявияту ҳуқуқбунёдӣ метавонад ба пешрафт ноил гардад, мардумонашро ба саодат бирасонад ва озодиву ҳуқуқи башарро барои онҳо таъмин созад.
Барои он ки мо ҷаҳонбинии нав дошта бошем ва ҳамқадами миллатҳои мутамаддину мутараққӣ шавем, ҳатман бояд қолабҳои фарҳангӣ ва ахлоқи суннатиамонро такмил диҳем, зеро хурофотпарастӣ ба ҷомеа таъсири манфӣ расонда, боиси коҳиши арзишҳои миллӣ, рушду тараққиёт ва тафаккури миллӣ мегардад.
Роҳи беҳтарини ислоҳи вазъ коркарди услубҳои ҷадиду муассири таълиму тарбия, рушди илм ва эъмори ҷомеаи донишбунёд аст. Дар ин росто тағйир додани қолабҳои тарбиявӣ, усулҳои тарбия ва ба таъбире педагогикаи миллӣ амре ногузир аст.

Меликмурод Қаландаров,
омӯзгори кафедраи филологияи коллеҷи техникию
омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ