ГӮШТИНИ МИЛЛӢ — ИФТИХОРИ ТОҶИКОН

Нишасти матбуотӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов ин дафъа асосан ба рухдоди ифтихорӣ дар кишвар – мақоми ҷаҳонӣ дарёфтани гӯштини миллии тоҷикӣ бахшида шуд. Пас аз ироаи маълумоти мухтасар оид ба фаъолияти аҳли донишкада дар соли 2022 ректори таълимгоҳ Шодӣ Сафаров ба намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба омилҳои эътирофи ҷаҳонии гӯштини миллии тоҷикон ҳикоят кард ва рӯзоманигоронро даъват намуд, ки дар тавзеҳи ин ҳодисаи нишотбахш ва тарғиби варзиши миллӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Дар ин замина миёни аҳли нишаст мусоҳиба, гуфтугӯ ва пурсишу посухи доманадор ба вуқуъ пайваст. Вобаста ба суолҳои рӯзноманигорон ректори донишкада ва чанде аз масъулини факултаву кафедраҳо дар хусуси қоидаҳои гӯштини тоҷикӣ, таъриху махсусиятҳои он, ҳамчунин, оид ба либос, истилоҳот, майдон, машқҳо, сабқатҳо, нишон, доварон… дар робита ба гӯштини миллӣ маълумот ироа намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар донишкада беш аз бист нафар духтар ба машқи гӯштини миллӣ машғуланд ва минбаъд сафи онҳо боз ҳам хоҳад афзуд. Аҳли нишаст ба истилоҳоти гӯштини миллӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир карданд ва дар посух ректори донишкада иттилоъ дод, ки қисмати зиёди китоби «Луғати мухтасари варзиш»-ро чунин истилоҳот фаро мегиранд. Ин китоб чанде пеш ба эҳтимоми устодони донишкада ба чоп расид ва дастраси тамоми донишҷӯён гардид. Ш.Сафаров ба иштирокдорони нишасти матбуотӣ паём расонд, ки бо тасмими мақомоти дахлдори кишвар ва ҷонибдории аҳли Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз соли таҳсили нав (2023-2024) дар донишкада факултаи нав – факултаи гӯштини миллии тоҷикӣ ба фаъолият шуруъ хоҳад кард. Дар назар аст, ки дар давоми соли равон дар донишкада оид ба мақоми ҷаҳонӣ дарёфтани гӯштини миллӣ конфронси махсус бо ширкати намояндагон аз тамоми ҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд.
Шодӣ Сафаров, ҳамчунин, ба ду масъалаи дигар – ҷалби бештари бонувон ба таҳсил дар донишкада ва вусъати фаъолияти таълимгоҳ оид ба табъу нашр дахл намуда, иттилоъ дод, ки дар соли таҳсили оянда сафи донишҷӯдухтарон дар донишкада хеле афзун хоҳад шуд. Зимни сафари гурӯҳи таблиғотии донишкада ба водии Вахш гурӯҳи калони духтарон-хатмкунандагони мактабҳои ин минтақа хоҳиши ҷиддан дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ идома бахшидан ба таҳсилро карданд.
Дар давоми соли 2022 дар донишкада беш аз 30 номгӯй китоб оид ба бахшҳои гуногуни варзиш ба нашр расид, ки аксари онҳо дастурҳои таълимӣ буданд.
Нишасти матбуотӣ бо муаррифии китобҳои тозанашри донишкада ва гуфтугӯ перомуни онҳо анҷом пазируфт.

А.Муродӣ,
«Омӯзгор»