ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САИДЗОДА РАҲИМ ҲАМРО ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

4  феврали  соли  2023  дар  шуъбаи маорифи  ноҳияи  Мастчоҳи вилояти  Суғд  барои  шаҳрвандони шаҳру  ноҳияҳои  вилоят  қабули сайёри  шаҳрвандон  аз  ҷониби вазири  маориф  ва  илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро баргузор гардид, ки дар он, инчунин, сардорони  раёсати  муассисаҳои таҳсилоти  умумӣ,  сохмони  асосии вазорат,  раиси  иттифоқи  касабаи кормандони  соҳаи  маориф  ва илми  ҷумҳурӣ,  сардори  раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсату шуъбаҳои  маорифи  шаҳру  ноҳияҳо, муовини  раиси  ноҳияи  Мастчоҳ  ва намояндагони  воситаҳои  ахбори омма иштирок намуданд.
Зимни  қабул  беш  аз  28  нафар муроҷиаткунанда  аз  ҳисоби кормандони  касбу  кори  гуногун доир ба сохтмони биноҳои иловагии таълимӣ  дар  назди  муассисаҳо, бартараф  кардани  норасоии китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таълимашон бо забони ӯзбекӣ, зиёд намудани  соатҳои  дарсии  фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ, таъсиси муассисаи таълимии ғоибона барои гирифтани  маълумоти  таҳсилоти миёнаи  умумӣ  дар  ҳудуди  вилоят ва  пешниҳодҳо  оид  ба  рушди соҳаи  маориф,  ҳавасмандгардонии роҳбарони  гурӯҳи  идоракунии сифати  таҳсилот  дар  муассисаҳои таълимӣ,  чопи  китобҳои  бадеӣ барои  муассисаҳои  таълимии томактабӣ  ва  чанде  дигар  дархост ва  таклифу  пешниҳодоти  худро манзур намуданд.
Дар рафти баррасии муроҷиатҳо вазири  маориф  ва  илм  Саидзода Раҳим Ҳамро ба масъулин ҷиҳати ҳаллу  фасли  саривақтии  масоили мавҷуда  дар  муҳлатҳои  муайян дастуру  супоришҳои  мушаххас дод.
Дар  охир  Раҳим  Саидзода таъкид дошт, ки аз ҳисоби Вазорати маориф  ва  илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  муассисаҳои таълимии  ноҳияи  Мастчоҳ  200 ҷуфт  мизу  курсӣ  тақдим  гардида, барои  фаъолияти  пурсамари педагогӣ  5  нафар  омӯзгор  бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 10 нафар дигар  бо  Ифтихорномаи  Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонида мешаванд.