ХИРАДСОЛОРЕ ДАР АРСАИ ИЛМ

Пешбар ва таҳкурсии асосӣ барои ҳама илмҳои табиатшиносӣ маҳз физика буда, улуми дигар дар асоси он биноҳои назариявии худро бунёд мекунанд ва усулҳои таҷрибавиашонро такмил медиҳанд. Дар ин асос дар байни физика ва илмҳои дигар соҳаҳои ҳамсарҳад — физикаи химиявӣ, химияи физикӣ, биологияи физикӣ, геологияи физикӣ ва ҳоказо рӯйи кор омадаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони таъсиси муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва бунёди озмоишгоҳҳои гуногун дар соҳаи физика бахшҳои байнисоҳавии физика бо илмҳои дигар мақом ва мавқеи махсус доштанд.
Яке аз бахшҳои байнисоҳавии физика, ки дар ҷумҳурии мо масоили мухталифи он ҳанӯз аз солҳои 60-уми асри гузашта омӯхта мешуданд, физикаю химияи полимерҳо мебошад. Маҳз барои омӯзишу пажуҳиши масоили мухталифи ин бахиши илм дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) соли 1965 кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт таъсис дода шуда буд. Дар ин кафедра, ки яке аз марказҳои маъруфи тайёркунии мутахассисони соҳибунвони ватанию хориҷӣ мебошад, физикдонҳои номваре чун Б.Н. Нарзуллоев, С.Н. Каримов, М.Қ. Қурбоналиев, Ш.Т. Тӯйчиев, Т.Б. Бобоев, Н.М. Султонов, Ҳ.М. Абдуллоев, Ҷ. Рашидов, С.Х. Табаров ва дигарон пайи омӯзишу пажуҳиш буданду имрӯз низ таҳқиқоти пурарзиши хешро давом дода истодаанд.
Яке дастпарварони ин маркази бонуфузи илмӣ, ки аз рӯзи ба шоҳроҳи бузурги физика қадам ниҳодан маҳз ҳамин самти физикаро пешаи фаъолияти илмию таълимии хеш қарор додааст, олим ва устоди борикбину нуктасанҷ, инсони ҳалиму меҳрубон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Ҷалил Рашидов мебошад.
Ӯ 8-уми феврали соли 1943 дар яке аз деҳаҳои хушобу ҳавои дараи зебоманзару биҳиштосои Варзоб – Алхитой чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Аз хурдӣ нисбат ба илмҳои табиатшиносӣ шавқу рағбати беандоза дошт ва ҳамин дилбохтагӣ ба илм ӯро ба даргоҳи факултети физикаи ДМТ овард. Соли 1967 донишгоҳро сарбаландона хатм кард ва фаъолияти меҳнатиашро дар вазифаи лаборанти калони кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт оғоз намуд.
Кор дар лабораторияҳои илмию тадқиқотӣ ва таълимии кафедраи мазкур ин ҷавони ҷӯёи илму донишро ба омӯзишу пажуҳиши асрори ниҳон ва умқи масъалаҳои дақиқи физикаю химияи полимерҳо мебарад ва дилбохтагии ӯро ба корҳои таҷрибавӣ бештар мегардонад. Ҳамин аст, ки пас аз ду соли кор ӯро барои таҳсил дар риштаи аспирантура тавсия медиҳанд. Баъди дохилшавӣ ба аспирантура ӯ барои идомаи корҳои илмӣ ба Институти пайвастагиҳои калонмолекулии АИ ИҶШС (шаҳри Санкт-Петербург) роҳхат мегирад.
Ҷ.Рашидов аз соли 1969 то соли 1972 дар ин муассисаи бонуфузи илмию тадқиқотӣ таҳти сарварии профессорон С.Я.Френкел ва Б.М.Гинзбург ба корҳои пажуҳишӣ машғул мешавад ва соли 1975 рисолаи номзадияшро дар Шурои диссертатсионии ДМТ бомуваффақият дифоъ менамояд. Пас аз ин ӯ ба вазифаи ходими илмии лабораторияи проблемавии физикаи мустаҳкамии полимерҳои ДМТ ба кор қабул карда мешавад. Дертар фаъолияти меҳнатияшро дар вазифаи ходими калони илмии ҳамин лаборатория то соли 1978 давом медиҳад.
Аз соли 1978 то соли 2002 Ҷ.Рашидов дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ ба донишҷӯён дарси илму тарбия гуфтааст. Устод дар нахустин мактаби олии кишвар корро ба ҳайси муаллими калон оғоз намуд ва давоми солҳои 1988-1990 дотсенти кафедраи физикаи назариявӣ буд. Бо ташаббуси устод соли 1990 дар ин донишгоҳ кафедраи физикаи эксперименталӣ кушода шуд, ки сарварии онро то соли 2002 ба дӯш дошт.
Муаллими арҷманд ва олими борикбин Ҷ.Рашидов моҳи августи соли 2002 ДМТ баргашта, корҳои илмӣ ва таълимии хешро ба сифати дотсенти кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт идома дод. Аз соли 2017 инҷониб устод Ҷалил Рашидов ба ҳайси профессори кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт фаъолият дошта, ҳамзамон, роҳбарии шуъбаи физикаи муҳитҳои конденсии Институти илмию тадқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба зимма дорад.
Устоди мушфиқу ғамхор дар кафедраи мазкур ба донишҷӯён аз фанҳои тахассусӣ (таҳлили рентгенӣ-сохтории модда, физика ва химияи полимерҳо ва ғ.) дарсҳои лексионию амалӣ мегузарад. Ҳамзамон, роҳбарии корҳои курсӣ ва дипломиро оид ба масоили мухталифи физика ва химияи полимерҳо ба уҳда дорад. Илова бар ин, солҳост, ки сарварии маҳфили физикаи полимерҳо ба уҳдаи устоди гиромӣ ва олими пуркор вогузор карда шудааст.
Номбурда натиҷаҳои илмӣ-таҳқиқотии хешро дар рисолаи докториаш бо номи «Рафтори деформатсионӣ ва ҳароратии унсурҳои сохтори нанокомпозитҳои полимерӣ» гирд оварда, соли 2016 онро сарбаландона дифоъ менамояд ва соҳиби дараҷаи илмии доктори илмҳои физика- математика мешавад.
Самти фаъолияти профессор Ҷ.Рашидов физика ва химияи полимерҳо, физикаи ҷисмҳои сахт, физикаи маводи композитсионӣ, наноилм ва нанотехнология мебошад. Аз ин бармеояд, ки устод ҳамеша ҳамқадами замон буда, ба омӯзиш ва таҳқиқи масоили муҳим ва мубрам даст мезанад. Зеро дар ҷаҳони муосир яке аз илмҳои хеле ҷавону ҷадид нанотехнология мебошад ва ӯ яке аз пажуҳандагони нахустини он ба шумор меравад.
Тавре маълум аст, ин инсони шариф ва олими меҳнатдӯст бо ҳимояи рисолаи докторӣ қаноат накарда, пайваста пайи корҳои илмию таҳқиқотӣ буда,  дар тайёр кардани мутахассисони соҳибунвон мақоми хос дорад. Зеро дастоварду натиҷаҳои илмии профессор Ҷ.Рашидов бо дипломи Маркази миллии патенту иттилоотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шудаанд.
Таҳти роҳбарии устод 4 нафар рисолаи номзадии хешро бомуваффақият дифоъ намуданд.
Устод мунтазам ба навиштани мақолаю дастурҳо, китобу васоити дигари таълимӣ машғул аст. Дар давоми фаъолияти хеш ӯ беш аз 200 мақолаи илмӣ, 3 монография, 4 дастури таълимӣ ва монанд ба инҳоро ба нашр расонидааст.
Профессор Ҷ.Рашидов бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ордени «Шараф» ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст.
Устод падари се фарзанди нек мебошад ва дар оиладорӣ низ муваффақ аст.
Айни замон устод дар зинаи камолоти эҷодӣ қарор дошта, бо талошҳои бештар аз пештар ва заҳматҳои шабонарӯзӣ дар пешрафти илм ва тарбияи мутахассисони ҷавон саҳми арзишманд мегузорад. Шогирдону ҳамкорон ва дӯстону пайравон ба ин марди хирад ва олими забардаст саломатии бардавом, умри дароз ва ҳаёти хушу гуворо таманно намуда, аз забони шоир мегӯем:
Сад сол бизӣ, ҳазору сад сол бизӣ!
80-ум солгарди баҳори умри устоди арҷманд, профессор Ҷалил Рашидов фарруху фархунда бод!

 

Сироҷиддин РАҶАБЗОДА,
доктори илмҳои кимиё, профессор,
директори Институти илмию тадқиқотии ДМТ,

Тағоймурод СОЛЕҲОВ,
доктори илмҳои физикаю математика, профессор,
узви вобастаи АМИТ,сарходими илмии ИИТ ДМТ,

Номвар ҚУРБОН,
номзади илмҳои техникӣ, дотсент,
муовини директор оид ба илм ва таълими

ИМОГЭ АМИТ,
Зафар ҚОДИРЗОДА,
номзади илмҳои физикаю математика, декани факултети физикаи ДМТ,

Рустам ҚОДИРОВ,
номзади илмҳои физикаю математика,
мудири кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт,

Саъдӣ ТАБАРОВ,
номзади илмҳои физика ва математика, дотсент,
ходими пешбари илмии ИИТ ДМТ