РӮЗГОРИ БАФАЙЗ

Дар сулуки улуми фалсафаву ҳикмат як талаби маъмуле ҳаст, ки мувофиқи он ҳама гуна ҳаводиси арзиву самовӣ бояд мафҳум ва таърифи муайяну мушаххасе дошта бошад. Вале ин тақозо нисбат ба мафҳуме бо номи зиндагӣ метавонад умда, мубрам ва доғи рӯз дар ҳар давру замон бошад.
Зиндагӣ аз печидатарин, паҳнотарин, мураккабтарин, зиёда аз ин, ҷаззобтарин, гуворотарин ва нотакрортарин зуҳуроти олами вуҷуд ва олами маънӣ ба ҳисоб меравад. Ба ҳар ҳол, Зиндагӣ оғозе ҳасту анҷоме, шаби зулмате ҳасту рӯзи ҷаннатосое, хурсандию суруре ҳасту ғаму андуҳе. Ба таъбири дигар гӯем, мафҳуми зиндагиро, дар маҷмуъ, тазоди ҷудонашавандаи падидаҳои азаливу ҷовидонаи рӯзгору пайкори одамӣ ташкил медиҳад, ки амиқан назар афканем, маншаи ғоявии ибтидоиашро аз мубодилаи пайвастан чор унсур ё чор ҷавҳари ҳастӣ, обу оташ, боду хок ва аз ихтилофи доимии ду ҷавҳари ҳамзоди маънавии олам – Хайру Шар гирифтаанд.
Дар иртибот ба гуфтаҳои боло зикр менамоем, ки профессор Рустам Комилов тайи солҳои тӯлонии фаъолияти меҳнатии худ пешаи илмиву омӯзгориашро ба таври ҳамбаста пиёда кардааст.
Рушди илми фалсафа ва таърихи он, ба вуҷуд омадани соҳаҳои мухталифи фалсафӣ — назарӣ ва амалӣ ҳамчун баррасии бисёр масъалаҳои марбути он аз ҷумлаи дастовардҳои бузургест, ки бо кӯшишу ибтикор ва заҳмату ранҷи беш аз 70-солаи гурӯҳи калони олимони улуми фалсафа дар кишвар ба даст омадаанд. Маъруфтарин донишмандони фалсафаи муосири тоҷик А.М. Баҳоваддинов, М.С. Осимӣ, М.Д. Диноршоев, И. Шарифов, А. Турсон, С. Наврӯзов, Х. Додихудоев, М. Раҷабов, К. Олимов, М. Муҳаммадхоҷаев, Ш. Шоисматуллоев, М. Музаффарӣ, А. Самиев, С. Аҳмадов ва даҳҳои дигар мебошанд, ки аз ҷумлаи бунёдгузорони мактаби муосири тадқиқотҳои илмӣ ва амалии соҳаи зикршуда мебошанд.
Дар ин радиф саҳмгузориҳои аниқу дақиқи олими нуктасанҷи Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Рустам Комиловро низ метавон махсус таъкид кард. Олими варзидаи тоҷик ва омӯзгори борикбин Рустам Комилов ба синни мубораки шаст қадам мегузорад. Ӯ аз зумраи олимону устодонест, ки дар рушду ривоҷи илми фалсафа, алалхусус, фалсафаи илм, фалсафаи ҳуқуқ, фалсафаи таърих ва таърихи фалсафа нақши муассире гузоштаанд.
Рустам Комилов дар баробари оғоз кардани фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ мекӯшид, ки аз тамоми нозукиҳо ва асрори ин касби пуршараф ва пурмасъулият огоҳии амиқ ва илмӣ пайдо кунад. Аз тарафи дигар, шавқу рағбати беандозааш ба илму ҳикмат тақозои он дошт, ки таҳсилу таҳқиқро идома бидиҳад.
Солҳои 1980-1985 дар зиндагиномаи Рустам Комилов солҳои фаромӯшнопазир буданд. Зеро ӯ тайи он солҳо донишҷӯи риштаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. Ленин (ҳоло ДМТ) буд.
Рустам Комилов солҳои донишҷӯӣ беистисно аз ҳамаи риштаҳои таълимӣ баҳои аъло гирад ҳам, ба афкори фалсафӣ, ба рӯзгору осори мутафаккирони халқҳои ҷаҳон, ҷараёнҳои фалсафӣ майл ва таваҷҷуҳи хосса дошт, қисми бештари омӯзишу мутолиоти худро ба ҳамин ҷода бахшидааст.
Аввалин асари бунёдии илмӣ- тадқиқотии Рустам Комилов «Таълимоти иҷтимоӣ-ормонӣ дар таърихи фалсафаи асрҳои XIII-XV-и тоҷик» (-Душанбе, 1993) мебошад.
Дигар аз корҳои илмии ӯ, дастури таълимӣ таҳти унвонҳои «Мухтасари таърихи адён, фалсафаи илм, фалсафаи ҳуқуқ, фалсафаи тоҷик» ба шумор меравад. Дар дастури мазкур маълумотҳои асосӣ оид ба илми фалсафа, навигариҳо сохт. Қисмати бештари китоб ба тафсири илми «фалсафа» бахшида шудааст.
Воқеан, соли 1999 барои Рустам Комилов соли бобарор, айёми камолот ва расидан ба қуллаҳои нави мурод буд. Зеро маҳз дар ҳамин сол ӯ рисолаи докториашро дар мавзуи «Таълимот доир ба ҷомеаи ормонӣ дар таърихи фарҳанги форсу тоҷик аз аҳди бостон то қарни ХVI» дар Шурои диссертатсионии якдафъаинаи назди Пажуҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона дифоъ намуд ва ба дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои фалсафа ноил гардид.
Умуман, миқдори асару мақолаҳои илмиву оммавӣ ва методии профессор Рустам Комилов беш аз 350 ададро ташкил медиҳад. Ӯ ба ғайр аз фаъолияти пуршарафи омӯзгорӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ҷамъиятии донишгоҳ низ машғул буда, мақолаҳои илмӣ ва китобу воситаҳои таълимӣ таълиф кардааст. Асарҳои таълифнамудаи ӯ «Таълимоти иҷтимоӣ-ормонии дар таърихи фалсафаи асрҳои XIII-XV-и тоҷик» (-Душанбе, 1993), «Мухтасари таърихи адён» (-Душанбе,1995), «Сайре дар андешаҳои иқтисодии ҷаҳони ислом» (-Душанбе, 1996), «Назарияи ҷомеаи ормонӣ дар таърихи фарҳанги форсу тоҷик» (-Душанбе, 1997), «Аз таърихи афкори иҷтимоӣ- сиёсии аҳди Сомониён» (-Душанбе, 1998), «Таълимот дар бораи ҷомеаи ормонӣ дар таърихи фарҳанги тоҷику форс: аз аҳди қадим то қарни XVI» (-Душанбе, 2001), «Фарҳанги мухтасари ҷаҳонбинӣ» (Душанбе,2001), «Дар ҷустуҷӯи ҳикмат» (-Душанбе,2005), «Фалсафаи ҳуқуқ» (-Душанбе, 2005), «Фалсафаи илм» (-Душанбе,2008), «Фалсафаи тоҷик: аз аҳди бостон то имрӯз» (-Душанбе, 2011), «Аз таърихи фалсафаи ҳуқуқ» (-Душанбе, 2013), «Мантиқи ҳуқуқӣ» (-Душанбе, 2014), «Ҳакими ҳикматшинос» (-Душанбе, 2014), «Соҳибмактабе дар илми дорушиносии муосири тоҷик» (- Душанбе, 2014) …дар пешрафти илму маорифи кишвар нақши муайяне бозидаанд.
Профессор Р.Комилов дар тӯли фаъолияти хеш ғайр аз таълифи китобу рисолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар навиштани китобҳои дарсӣ бо ҳаммуаллифии олимони варзидаи кишвар «Таърихи фалсафа» (Душанбе, 2011. — 130 с.), «Фалсафа» (Душанбе, 2011. — 30 с.) ва «Фалсафаи тоҷик: аз аҳди бостон то имрӯз» (-Душанбе, 2011.- 305 с.) барои донишҷӯёни таҳсилоти муассисаҳои олии касбӣ ҳамчун муаллифи фаъол ширкат варзидааст.
Рустам Комилов пешаи устодиро машғулияти якумраи худ касб кардааст. Зеро хуб дарк намудааст, ки ин пеша аз муқаддастарин ва шарифмандтарин шуғлҳои инсонӣ маҳсуб мешавад. Дастпарварони ӯ имрӯзҳо дар бисёр муассисаҳои дигар риштаҳои мухталифи ҷумҳурӣ ва хориҷ аз ҷумҳурӣ кору фаъолият мекунанд.
Нақши профессор Р.Комилов дар тарбияву ба камол расонидани мутахассисони варзидаи илмӣ низ чашмгир аст. Таҳти роҳбарии ӯ даҳ номзади илм ва як доктори илмҳои фалсафа ба камол расида, дар пешрафту ривоҷи илму фарҳанги кишвар саҳми калон бозидаанд.
Профессор Рустам Комилов ба шастумин солгарди умри пурбаракаташон қадам ниҳоданд. Мо ба ин инсони шарифу поксиришт ва олими намоёну ходими барҷастаи давлативу ҷамъиятӣ тансиҳативу саодатмандиву пирӯзӣ ва дар ҷодаи фаъолияти илмиву омӯзгориашон комёбиҳои тозаву нав таманно дорем ва аз забони Шайх Саъдӣ мегуем:

Сабри бисёр бубояд падари пири фалакро,
То дигар модари гетӣ чу ту фарзанд бизояд.

Нуриддин САИД,
доктори илмҳои фалсафа,
профессор, узви вобастаи АМИТ