ДИҚҚАТ, ОЗМУН:  ТОҶИКИСТОН ДИДАНИСТ!

Ватани  маҳбуби  мо  –  Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз кишварҳои дорои табиати зебою дилрабо буда, мавзеъҳои зиёди  таърихию  фарҳангии  он  шуҳрати ҷаҳонӣ дарёфтаву қисмате аз ин мавзеъҳо ба феҳристи  ёдгориҳои  ҳифзшавандаи  ЮНЕСКО  шомил  шудаанд.  Вобаста  ба  ин,  дар ҷумҳуриамон  барои  ҳифз,  гиромидошт  ва тарғиби  ин  ёдгориҳо  ва  ҳимояту  муаррифии  табиати  биҳиштосои  диёр  пайваста тадбирҳои  муассиру  самарбахш  андешида мешаванд.  Дар  меҳвари  ин  тадбирҳо  ташкилу  тақвиятбахшии  сайёҳии  дохиливу хориҷӣ дар мамлакат қарор дорад. Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  –  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ  таваҷҷуҳи  ҳамешагӣ  доранд  ва  ин соҳаро  яке  аз  омилҳои  муҳими  пешрафту шукуфоии  ҷумҳурӣ  ва  афзудани  мақому обрӯи  байналмилалии  диёри  арҷмандамон медонанд.  Сарвари  кишвар  баҳри  ҳар  чи бештар  рушд  ёфтани  соҳаи  сайёҳӣ  дар мамлакат  пайваста  тадбирҷӯӣ  мекунанд  ва пешниҳодҳои  ҷолиб  ироа  менамоянд.  Дар рушди  ин  соҳа  ва  дар  ҳифзу  тарғиби  табиати  ҳуснрези  диёр  ва  мавзеъҳои  таърихию фарҳангии он бояд ҳар як сокини ҷумҳурӣ, ҳар як фарди ватандӯст, махсусан, аҳли таълиму тарбия ҳиссагузору кӯшо бошад. Дар иртибот  ба  ин,  Донишгоҳи  байналмилалии  сайёҳӣ  ва  соҳибкории  Тоҷикистон  дар ҳамбастагӣ бо ҳафтаномаи «Омӯзгор»-и Вазорати  маориф  ва  илми  кишвар  бо  ҳадафи муаррифии  густурдаи  ёдгориҳои  таърихию фарҳангии  диёр  ва  тасвиру  ситоиши  шоистаи манзараҳои дилрабои табиати Ватани азизамон таҳти унвони умумии «Тоҷикистон диданист!»  барои  беҳтарин  лавҳа,  мақола ва  асарҳои  публитсистӣ  озмун  эълон  мекунад. Дар нигоштаҳои муаллифон – довталабони  озмун  бояд  ба  хидматҳои  пурсамару ватандӯстонаи Пешвои миллат баҳри рушди сайёҳӣ ва ободонии диёр, инъикоси муассиру  меҳрпарваронаи  табиати  зебои  кишвар, таъриху  аҳамияту  махсусиятҳои  мавзеъҳо ва  ёдгориҳои  таърихӣ  ва  моҳияти  рушди сайёҳӣ  таваҷҷуҳи  бештар  зоҳир  карда  шавад.  Аз  такрор  ва  умумигӯӣ  худдорӣ  бояд кард.  Ба  нигоштаҳое,  ки забони хушобурангу саҳеҳ доранд ва андешаву мулоҳизаву пешниҳодоти  ҷолибро  дар  бар  мегиранд, афзалият дода мешавад.
Озмун  аз  рӯзи  эълон  шуданаш  то  охири моҳи август идома ёфта, 27-уми сентябр — Рӯзи байналмилалии туризм ҷамъбаст мегардад.

МУКОФОТҲО БАРОИ ҒОЛИБОН:
Ҷои 1 – 4000 сомонӣ
Ҷои 2 – 2000 сомонӣ
Ҷои 3 – 1000 сомонӣ

Ба  ғолибон,  ҳамчунин,  ифтихорнома  ва бастаи китобҳо супорида мешавад.
Таъкид:
Ҳаҷми  мақолаҳо  на  бояд  аз  3-4  саҳифаи чопи компютерӣ (ҳарфи Times New Roman Tj. 14 – 1,5 интервалӣ) зиёд бошад, дар акси ҳол, ба озмун роҳ намеёбанд.
Пас  аз  ҷамъбасти  озмун  мақолаҳо  дар шакли  китоби  алоҳида  интишор  хоҳанд шуд.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Ҳафтаномаи «Омӯзгор»