ДӮСТОНИ АЗИЗ, ТАВАҶҶУҲ ФАРМОЕД!

Шумораи навбатии нашрияи «Омӯзгор»-и Вазорати маориф ва илми кишвар аз чоп баромад.
№5 (№12386), 02 — 02 — 2023
«Омӯзгор»
Шумораи навини ҳафтаномаи «Омӯзгор» (№5, аз 2 феврали соли 2023) бо Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада ҳусни оғоз дарёфтааст. Сарвари кишвар тамоми сокинони мамлакатро бо фарорасии ин фархундаҷашн табрик гуфта, таъкид намудаанд, ки «имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст».
Чун анъана чанд сафҳаи аввали нашрия (саҳ.2-3) аз навгониҳо дар соҳаи маорифи кишвар иттилоъ мерасонад. Аз ҷумла, оид ба мулоқоти вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу, ҷаласаи назоратии назди вазир, ҷаласаи онлайнии вазир бо масъулини соҳаи маориф, ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат, мулоқоти вазир бо сафири Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Раймундас Кароблис… гузоришҳо ба нашр расидаанд.
Дар сафҳаи «Хештаншиносӣ»-и ҳафтанома мақолаи номзади илмҳои педагогӣ Меҳриддин Ғиёсӣ бо номи «Маориф – бақои ҳастии миллат», ки дар ҳошияи мақолаи «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад»-и профессор С.Ятимов нигошта шудааст, пешкаши хонандагон мешавад. Муаллифи мақола иброз медорад, ки «дар Паёми Пешвои миллат масъалаи тарбия ба таври вижа таъкид гардидааст» ва ин ҷанбаи Паёмро профессор С.Ятимов ба таври дақиқ ба риштаи таҳқиқ кашида, ба хулосаҳои судманду ҷолиб расидааст.
Ба наздикӣ дар ҷумҳурӣ озмуни «Маркази методии минтақавии намунавӣ» баргузор хоҳад гашт ва вобаста ба ин дар сафҳаи 5-уми ҳафтанома низомномаи ин озмун ба нашр расидааст. Он барои омодагии ҷиддӣ дидани марказҳои методӣ ба озмун мададгор хоҳад буд.
Мақолаҳои «Сайёҳӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» ва «Таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ қаноатбахш нестанд», ки дар саҳифаи минбаъдаи нашрия омадаанд, андешаву мулоҳизоти ҷолибро фаро мегиранд ва шоистаи таваҷҷуҳанд.
Мақолаи корманди Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм Р. Сангов, ки бо номи «Таҳсилоти иловагӣ ниёз ба такмил дорад» дар саҳифаи 7-уми нашрия оварда шудааст, замина бар далелу арқоми фаровон дорад. Муаллиф ба он назар аст, ки «ба таҳсилоти иловагӣ аз ҷониби қисме аз раёсату шуъбаҳои маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намегардад”. Аз 84 маркази таҳсилоти иловагии ҷумҳурӣ то ҳол 31 марказ бо бинои алоҳидаи кор таъмин набуда, 11 марказ мустақилияти молиявӣ надорад…
Озмуни ҳамасолаи “Муаллими сол” пайваста нуфузу эътибор меафзояд ва сатҳи фаъолияти довталабони он боло меравад. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур имсол 5 омӯзгор аз манотиқи гуногуни кишвар ширкат варзиданд ва сабқат оростанд. Дар фарҷом пирӯзӣ насиби омӯзгори физикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд Ҷӯрабой Бобоҷонов гардид. Гузориши васеи мухбири ҳафтанома Ш.Раҷабзод дар сафҳаи 8-уми нашрия аз ҷараёни озмуни мазкур ҳикоят мекунад.
“Соҳибистеъдодҳо муайян шуданд” ном мақолаи мухбири ҳафтанома Ҳ.Ҳомид ба баргузории даври минтақавии олимпиадаи фаннии хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (дар шаҳри Ҳисор) бахшида шудааст. Ғолибони олимпиада ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат дарёфтанд.
Ҳафтанома ба чопи мақолаҳои илмию методӣ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дорад. Дар ин замина мазмуну муҳтавои нашрияро ин дафъа мақолаҳои “Мо “қарзи классикӣ” надорем”, “Тарбияи меҳнатӣ – қисми таркибии тарбияи миллӣ”, “Раванди Болония: ҷиҳатҳои мусбат ва манфии он”, “Дарси муосир чӣ гуна бошад?”, “Омӯзиши математика натиҷабахш мешавад, агар…”, “Дастовардҳои коллеҷ назаррасанд”, “Воситаи муфиди мубодилаи иттилоот” такмил бахшидаанд.
Мавқеъ ва нуфузу эътибори Ватани азизи мо ба шарофати азму кӯшишу ибтикороти меҳанпарастонаи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ ҳамвора боло меравад. Ба комёбиҳои кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ боз як дастоварди дигар зам гашт: гӯштини миллии тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ дарёфт. Мақолаи муҳтавоманду пурифтихори ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, доктори илмҳои педагогӣ Шодӣ Сафаров, ки “Боз як комёбии варзишии тоҷик” ном гирифтааст, ҳамин ҳодисаи нишотбахшро ташреҳ медиҳад. Дар мақола, аз ҷумла, омадааст: “Гӯштини миллии тоҷикӣ тимсоли ҷасорату мардонагӣ, далерию тавоноӣ, шаъну шараф, иродатмандию устуворӣ ва ифтихори миллист. Он варзиши тоҷикро дар саросари ҷаҳон муаррифӣ мекунад”.
Саҳифаи 15-уми нашрия маъмулан адабию фарҳангист. Ин дафъа саҳифаи мазкурро мақолаҳои “Сайре дар Сармаддеҳ” ва “Аз ту афзун гашта миллатро мақом” сафо бахшидаанд ва ин мақолаҳо адабиёти бадеӣ, китобу донишу хирадро ситоиш мекунанд.
Дар саҳифаи охирини ҳафтанома силсилаи эълонҳо ҷой дода шудааст. Хонандагон огоҳанд, ки нашрия дар давоми даҳ-дувоздаҳ соли охир якчанд озмун барои мақолаҳои беҳтарин дар мавзуъҳои марбут ба бахшҳои илму маориф баргузор намуда буд. Инак, нашрия ин иқдоми судманди худро идома бахшида, боз ду озмуни дигар эълон кардааст, ки яке “Тоҷикистон диданист!” (оид ба масоили рушди сайёҳӣ) ва дигаре “Дарси муосир: маҳорат, малака ва таҷриба” унвон гирифтааст. Умед аст, ки хонандагон ба ин озмунҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, мақолаву гузоришоти шоистаи худро пешкаш мекунанд.
Шумораи навини “Омӯзгор”-ро, ҳамчунин, бо як силсила ахбору гузоришҳо ва суратҳои ҷолиб мазмуну муҳтаво такмил бахшидааст.
Навбатдори шумора Абдурауф Муродӣ