БУНЁДИ БОЗ ЯК БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМГОҲ

Дар  маркази  ноҳияи  Роштқалъа,  новобаста  аз  сардии  боду  ҳавои  зимистон, корҳои  сохтмонӣ  бо  маром  ҷараён  дорад. Яке  аз  иншооти  калон  сохтмони  бинои  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумӣ  (чорошёна) буда,  корҳои  бетонхобонию  хиштчинӣ  дар ошёнаи дуюми он идома дорад. Мактаби мазкур  барои  640  ҷой  пешбинӣ  гардида,  корҳои сохтмонӣ дар он аз моҳи марти соли 2022 оғоз шудааст.  Дар  баробари  бинои  асосӣ,  инчунин, дар маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ корҳои бетонрезӣ ва хиштчинӣ идома ёфта истодаанд.

Бунёди  ин  муассиса  бо  супориши  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  —  Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуда, аз ҷониби Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.

Ҷ.ҚОЗИБЕКОВ,
«Омӯзгор»