МАОРИФ — БАҚОИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Дар ҳошияи мақолаи профессор С. Ятимов — «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад»

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти вазъияти кунунии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, минтақа ва ҷаҳон фарогири масълаҳои ҳаётан муҳим буд. Нуктаҳои меҳварии Паём дар мақолаи «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» – и профессор С. Ятимов тафсири муфассал ёфтаанд.

Мавзуи  баҳс  дар  мақолаи мавриди  назар,  чунонки муаллиф  дар  муқаддима  ишора мекунад:  «…Нуктаи  архимедӣ  – такягоҳии  ҳуҷҷат  баҳогузории кори  ҳукумат  дар  соҳаи  иқтисод …, вазъи соҳаи маориф ва рушди маърифатнокӣ дар солҳои наздик ва дарозмуддат мебошад».

Назариёти худро роҷеъ ба Па-ёми  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ  –  Пешвои  миллат,   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон   бо тарҳрезии  зермавзуъҳои  «Эҳёи манзалати  хирад»,  «Ҷаҳонбинӣ, тақдир  ва  таърих»,  «Давлати миллӣ ва мактаби миллӣ», «Шароити  воқеии  фаъолият»,  «Инсон  – маҳсули ҷамъият ва муносибатҳои ҷамъиятӣ»,  «Ҳолат,  муносибат, вазъият»,  «Манфиати  миллӣ  ва маорифи  динӣ»  ва  хулоса  ироа намудааст, ки дар онҳо вазъи мактабу маориф ва дар зимн паҳнои ақидаҳоро суботу амнияти ҷомеа ташкил медиҳад.

Баъд  аз  шарҳи  васеи  мафҳуми «таърих»  таъбири  зер  омӯзанда ва ҷолиб аст: «…Таърихсоз Инсон аст,  ки  ба  вақту  муҳит  муҳтаво мебахшад.  Шахсияти  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  номи  миллати тоҷик, давлати миллии тоҷиконро машҳури  олам  сохт.  Сиёсати  маорифпарварии  Пешвои  миллат қисмати  муҳимми  ин  маъруфият маҳсуб мешавад».

Воқеан,  нақши  Пешвои  миллат  дар  эъмори  давлати  муосири тоҷикон,  рушди  маориф  мондагор  буда,  мақоми  илму  дониш, мактабу  маориф,  касбият  ва ихтисосмандӣ,  чунон  ки  профессор  С.  Ятимов  таъкид  мекунад, дар  ҳаёти  имрӯзу  ояндаи  миллат калидист.

Ҳушдори  ҷиддӣ  ва  муассир фикри зерин аст, ки дар ҳақиқат, таърихи  миллати  тоҷик  бозтоби  равшани  он,  бурҳони  қотеъ аст:  «…  Дар  мушкилоти  миллии фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии сиёсӣ афтодани миллати тоҷик фақат ҷойи таассуф  аст.  Аммо  онро  мебояд аз  лиҳози  илмӣ  –  таърихӣ  дарк ва  тавассути  маърифатикунонӣ чораандешӣ кард …». Бо як сухан, донишманди  пурхонда  раҳоиро дар такмилу бознигарии мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ дар  муассисаҳои  таълимӣ  (хосса,  таҳсилоти  миёнаи  умумӣ) мебинад  ва  нишонрасу  бармало  дар  фароварди  зермавзуи «Ҷаҳонбинӣ,  тақдир  ва  таърих» бо эътимоди комилу возеҳ нигоштааст:  «…  Мусаллам  аст,  ки  агар ҳар  як  нафар  аз  эҷодиёти  адибону  олимони  классик  ва  муосири тоҷик  дар  доираи  муҳтавои  барномаи  таълимии  давр  баҳравар мегашт,  ҷараёни  тарбия  вазифаи асосии  худ  –  муътақидкунониро иҷро  карда  метавонист, назарияҳои  зиддимиллӣ  аз захираҳои  эҳтимолии  қувваҳои ҳаракатдиҳандаи  худ  маҳрум  мегашт …».

Воқеан,  дар  Паёми  Пешвои миллат  масъалаи  тарбия  ба  таври  вижа  таъкид  гардидааст.  Дар бахши  махсус  –  «Давлати  миллӣ ва  мактаби миллӣ»-и  мақолаи мавриди назар, дар қисмати мазкур  мухотаб  масъулини  мактабу маориф ва таълиму тарбия қарор гирифтаанд. Ҳифз кардани сохти давлатдорӣ  берун  аз  масъулияти  мактаб  шиори  хушку  холӣ ва  амали  бебунёд  аст.  Муаллиф ҷиҳати ташреҳи матлаби баёншуда  далелҳои  боварибахшро  бар мабнои  фарзияҳои  саҳеҳ  аз  файласуфону  олимони  давру  замон манзур  менамоянд.  Дар  маҷмуъ, рисолати  мактаби  миллӣ  дар  бунёди  давлати  миллӣ  барҷаста арзёбӣ  мешавад  ва  аз  андешаҳои муаллиф  бармеояд,  ки  мактаби  муосири  мо  ба  таҳаввулоти ҷиддии усулӣ ниёз дорад.

Ҳидоятҳо  ва  нуктаҳои таваҷҷуҳбарангези  Паёми  Пешвои миллат дар қисматҳои дигари мақолаи  «Тавоно  бувад,  ҳар  ки доно бувад» барои хонанда бозгӯ мешаванд,  ки  дар  меҳвари  он ҳамоно  тарбияи  шахсияти  миллӣ ва комил қарор дорад.

Ташкил  ва  ташаккули гурӯҳҳои  зиддимиллӣ  аз  таассубу  ҷаҳолат  ва  нодонӣ  сарчашма  мегирад,  таассубе,  ки ақлу  шуурро  тира  карда,  шахсро  ба  гирдоби  ҳаводиси  пурхатар  тела  медиҳад.  Зуҳури  ин гурӯҳҳои  хатарзои  экстремистию  террористӣ  дар  мақола чунин  шарҳу  тавзеҳ  ёфтааст: «…  Аммо  «амният»  мафҳуми фардӣ,  идоравӣ,  соҳавӣ,  махсускунонида  ва  маҳдуд  нест.  Таъмини  амнияти  давлат  мафҳуми занҷиравӣ  аст…».  Моҳияти   ин гуфта  он  аст,  ки  дар  амнияти давлатӣ  ҳамагӣ масъулем, агар воқеан инсони боҳушу комилем, пас,  рисолатамон  ҳифзи  ҳамин давлатест, ки баъд аз ҳазор сол аз нав ба сифати як давлати воҳид бо  фидокориву  заҳматҳои  Пешвои  миллат,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ва  дастгирии  халқи  бузургвор арзи ҳастӣ кардааст.

Нуктаи ҷолиб ва барангезанда ин аст, ки вазъи таълиму тарбия, умуман,  мактабу  маориф  аз  назари  муаллиф  дур  намондааст. Дар такя ба Паёми Сарвари давлат,  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба  тарбияи  насли  наврас  ва ҷавонони  донишманд  эътибори хосса  дода,  мазмуну  мундариҷаи китобҳои дарсиро, ки дар замони Истиқлоли  давлатӣ  таҳия  шудаанд, нақд мекунанд.

Зермавзуи  «Манфиати  миллӣ ва  маорифи  динӣ»  ба  ҳифзи манфиатҳои  миллӣ,  рушди  тафаккури  ҷаҳонбинии  миллӣ, муқаддас  шумурдани  Истиқлоли давлатӣ  тағйир  ва  мувофиқ  намудани фаъолияти ходимони дин ба  вазъи  воқеии  ҷаҳони  муосир бо  дарназардошти  манфиатҳои миллӣ бахшида шудааст.

Хулосаи  муаллифи  мақолаи «Тавоно  бувад,  ҳар  ки  доно бувад»  бо  ду  ҷанбаи  мавриди таваҷҷуҳ қароргирифта – иқтисод ва маориф поён ёфта, дар ин замина дастури тавсиявии зерин:

— аз дидгоҳи ҷаҳонбинии илмӣ омӯхтани  Паёми  Пешвои  миллат ва роҳандозии он дар ҳаёти воқеӣ;

—  иҷрои  босалоҳияти  мудирият  дар  соҳаҳое,  ки  зикрашон  дар мақола рафтааст, ҷиҳати пешгирӣ аз халалдор  шудани  мафкураи миллӣ;

— тақвияти фаъолияти босуботу натиҷабахши  вазорату  кумитаҳо, муассисаҳои илмӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;

—  таҳияи  маводе,  ки  ба ҷаҳонбинии  насли  наврас, ҷавонон  ва  қишрҳои гуногуни ҷомеа таъсиргузоранд, аз тарафи масъулини  муассисаҳои  таълимию илмӣ;

—  рушди  тарбияю  таълим дар  ҳама  зинаҳои  таҳсилоти муассисаҳои таълимӣ дар масири худҷӯйӣ ва худшиносии миллӣ;

— таблиғи ғояи давлати миллӣ аз ҷониби  омӯзгорони  муассисаҳои таълимӣ  ва  институтҳои  илмӣ  – тадқиқотӣ,  Академияи  миллии илмҳои  Тоҷикистон  ва  дигар зерсохторҳои давлатӣ;

— саҳмгузорӣ дар татбиқи консепсияи  тарбияи  ҷаҳонбинии миллӣ,  худшиносӣ  ва  хештан-шиносии  миллӣ  –  муҳимтарин вазифаҳои  аҳли  ҷомеа,  ба  вижа, ходимони дин;

—  ҷалби  олимони  варзидаю соҳибтаҷриба  ва  ҳамзамон,  дар байни  аҳли  илм  эътирофшуда, боҷасорат,  худогоҳ,  хештаншинос,  ватанпараст,  вассофи  руҳи тоҷикият, хирадситой, масъул, афзояндаи  ғуруру  ифтихори  миллӣ барои навиштани китобҳои дарсӣ, ҷиҳати  ҳазф  аз  ҷониби  дастандаркорон  ва  бо  сухани  хотимавӣ ҷамъбаст мегардад.

Меҳриддин ҒИЁСӢ,

номзади илмҳои педагогӣ