НИЗОМНОМАИ ОЗМУНИ «МАРКАЗИ МЕТОДИИ МИНТАҚАВИИ НАМУНАВӢ» ДАР БАЙНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.10.2022, №1598 тасдиқ карда шудааст

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.1.Низомномаи мазкур тартиби ташкил ва баргузории Озмуни «Маркази методии минтақавии намунавӣ» (минбаъд-Озмун)-ро муқаррар менамояд.

1.2.  Озмун  тибқи  нақшаи  Лоиҳаи  USAID  дар соҳаи  маориф  бо  мақсади  таҳким  бахшидан  ба  фаъолияти  кабинетҳои  методӣ  ва  ҷоннок  намудани нақши онҳо дар баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон,  беҳтар  ба  роҳ  мондани  фаъолияти  Шуро ва  иттиҳодияҳои  методӣ  дар  муассисаҳои  таҳсилоти умумӣ гузаронида мешавад.

1.3. Баргузории озмун, ҳамзамон, барои ҳавасманд намудани  муассисаҳои  таълимӣ  дар  пурзӯр  намудани фаъолиятҳои методӣ ва таъмини марказҳои мазкур бо маводи  таълимӣ  ва  муҳайё  намудани  шароити  корӣ, муҷаҳҳаз гардонидани онҳо бо технологияҳои муосир

ҷиҳати баланд бардоштани завқи омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ нақши муҳим мебозад.

  1. МАҚСАД ВА САМТҲОИ АСОСИИ ТАШКИЛИ ОЗМУН

2.1.  Озмуни  «Маркази  методии  минтақавии намунавӣ» (Минбаъд-Марказ) ба мақсади таъмин намудани  омӯзгорон,  шӯроҳои  методӣ  ва  иттиҳодияҳои методии синфҳои ибтидоӣ дар муассисаҳои таълимӣ бо маводи методию таълимӣ амалӣ мешавад.

2.2. Омӯзгорон бояд дастрасӣ ба маводи ёрирасони методӣ ва омӯзишҳои иловагӣ дошта бошанд, инчунин имконият  дошта  бошанд,  ки  бо  таҷрибаи  пешқадами якдигар ошноӣ пайдо намоянд.

2.3. Тавассути марказҳои мазкур  омӯзгорон  вазифадор  мегарданд,  ки муҳиммияти аъолияти методӣ, нақши шӯроҳои методӣ ва иттиҳодияҳои методиро дар баланд  бардоштани  маҳорати  касбии  худ  дарк  намоянд.

2.4. Фаъолияти шуроҳои методӣ ва иттиҳодияҳои методии фаннӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои омӯзиши доимии омӯзгорон нақши  бисёр  муҳим  мебозад.  Баланд бардоштани маҳорати касбӣ ба омӯзгор дар ҳалли самараноки  масъалаҳои  душвори  дар  ҷараёни  кори ҳаррӯза пешомада кумаки калон мерасонад. Дуруст ва моҳирона ба роҳ мондани кор барои омӯзишҳои фардӣ дар  самти  кумаки  методӣ  ва  татбиқи  инноватсияҳо (навовариҳо) дар фаъолияти педагогӣ шароити хуб ба миён меорад.

2.5. Марказҳо ҳамчун марказҳои методии такягоҳӣ бо  ҳуҷҷатҳои  меъёрии  ҳуқуқӣ,  дастурҳои  методӣ  ва таълимӣ, барнома ва нақшаҳои таълимии фаннӣ, технологияи муосир бояд таъмин карда шаванд, ки он барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон кумак мерасонад. Омӯзгорон тариқи марказҳои мазкур бо истифода аз таҷрибаи якдигар роҳу усулҳои гуногуни таълимро меомӯзанд ва онро дар баланд  бардоштани дониши хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ истифода менамоянд.

2.6.  Марказҳои  методии  мантақавӣ  дар  фаъолияти худ самтҳои зеринро дар бар мегиранд:

– бедор кардани шавқу завқи омӯзгорон ба корҳои методӣ;

– фароҳам овардани шароити мусоид барои мукаммал гардонидани

– дониши омӯзгорон;

– баланд бардоштани қобилияти навоварӣ, зеҳнию эҷодии омӯзгорон;

–  ҷоннок  гардонидани  фаъолияти  шуроҳои методӣ,  иттиҳодияҳои  методӣ  ва  маҳфилҳои  фаннию беруназдарсӣ;

– инкишоф додани тафаккури эҷодии омӯзгорон;

–  ташаккул  ва  баланд  бардоштани  завқи зебоипарастӣ ва зеҳнии омӯзгорон;

– баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони ҷавон  ва  тарбияи  онҳо  дар  рӯҳияи  худогоҳиву худшиносӣ.

3.ТАШКИЛКУНАНДАГОН ВА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН

3.1.  Озмун  аз  ҷониби  Вазорати  маориф  ва  илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Маркази  ҷумҳуриявии таълимию  методӣ  дар  ҳамкорӣ  бо  Лоиҳаи  ЮСАИД  дар  соҳаи  маориф  дар  байни  марказҳои  методии минтақавии ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

3.2.Дар озмун муассисаҳои таҳсилоти умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон (минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоб), Суғд, шаҳри Душанбе ва  шаҳру  ноҳияҳои  тобеи  ҷумҳурӣ,  ки  дар  наздашон Маркази методии минтақавӣ таъсис дода шудааст, иштирок менамоянд.

3.3.Ташкилкунандагони озмун:

– муҳлати баргузории озмунро муайян менамоянд;

– ҷиҳати баргузории озмун фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тасвиб мерасонанд;

–  ҳайати  кумитаҳои  тадорукот  ва  доваронро аз  ҳисоби  кормандони  Вазорати  маориф  ва  илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  зерсохторҳои  он,  Лоиҳаи ЮСАИД  дар  соҳаи  маориф,  Сарраёсати  маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис медиҳанд;

– маросими мукофотонидани ғолибонро ташкил менамояд.

4.ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ КУМИТАИ ТАДОРУКОТ ВА ҲАЙАТИ ДОВАРОН

4.1.Ташкил ва баргузории озмунро кумитаи тадорукот амалӣ менамояд. Шумора ва аъзои кумитаи тадорукоти озмун аз ҷониби раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи ЮСАИД дар соҳаи маориф муайян карда мешавад.

4.2. Кумитаи тадорукот:

– меъёрҳои арзёбии шартҳои озмунро коркард менамояд;

– барои баргузории озмун корҳои омодагиро мегузаронад;

–  барои  баргузории  озмун  кумаки  методӣ  мерасонад;

–  барои  баргузории  озмун  кормандони  раёсат  ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳоро ҷалб менамояд.

4.3. Ҳайати доварон шароити ташкили кори методӣ ва фаъолияти марказҳои методии минтақавиро арзёбӣ намуда, ғолибонро муайян менамоянд.

5.ШАРТҲОИ ОЗМУН

1.Озмун тибқи шартҳои зерин гузаронида мешавад:

–  муҷаҳҳаз  ва  барои  корҳои  инфиродию  гурӯҳӣ мувофиқ будани марказҳои методии минтақавӣ;

– бо мебелҳои зарурӣ ва таҷҳизоти техникӣ муҷаҳҳаз будани онҳо;

  1. Таъминоти марказҳои методии минтақавӣ иборат аст аз:

– фармоиш ва дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили кабинетҳои методӣ;

– рӯйхати мавзуъҳо оид ба худомӯзии омӯзгорон;

–  нақшаи  кори  баргузории  ҳафтаҳои  методӣ  ва фаннӣ;

–  санадҳои  меъёрӣ  ҳуқуқӣ,  аз  ҷумла  санадҳои  танзимкунандаи  фаъолияти  таълимии  муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;

–  Стандарти  давлатӣ  ва  Стандарту  барномаҳои таълимӣ;

–  намунаи  ҳуҷҷатҳои  таълимӣ  (Нақшаи  таълимии муассисаҳои таҳсилот умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи таълимӣ, нақшаи кори иттиҳодияи методӣ ва фаннӣ);

–  тавсияҳо  барои  пешбурди  фаъолияти  касбии омӯзгорон;

–  адабиёти  илмӣ-педагогӣ,  матбуоти  даврӣ  марбут ба соҳаи маориф;

–  рӯйхат  ё  намунаи  каталоги  нашрияҳо  дар мавзӯъҳои  педагогӣ,  рӯйхати  адабиёти  тавсиявӣ оид ба масъалаҳои актуалии таълиму тарбия ва мавзуъҳои семинарҳои  доимиамалкунандаи педагогӣ ё  дигар маводе,  ки  дар  баланд  бардоштани  малакаи  касбии омӯзгорон нақши муассир дошта метавонад;

–  мақола,  корҳои  эҷодӣ,  илмӣ  ва  маводи  методии омӯзгорон, ки аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ барои истифода тавсия гаштаанд;

– гӯшаҳои иттилоотӣ;

– маводи аудиоӣ ва видеоии таълимӣ барои истифода дар дарс.

  1. Нақши кабинети  методии  раёсат  (шуъба)-и  маориф дар фаъолияти Марказ.
  2. Фаъолияти Маркази методии минтақавӣ:

– назорати фаъолияти Маркази методии минтақавӣ аз тарафи роҳбари марказ амалӣ мегардад;

–  назорат  ва  роҳбарии  кори  Маркази  методии минтақавиро кабинетҳои методии раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо анҷом медиҳанд;

–  Маркази методии минтақавӣ ҷаласаҳо ва омӯзишҳоро гузаронида, онро протокол менамояд.

  1. Маркази методии минтақавӣ бояд эҷодкорона муҷаҳҳаз гардонида шавад ва барои корбарӣ шароити мусоид дошта, ҷавобгӯйи талаботи зерин бошад:

– Маркази методии минтақавӣ бояд ҷавобгӯйи талаботи санитарӣ-гигиенӣ, дорои равшании кофӣ ва макони барҳаво бошад;

–  истифодаи  маводи  Маркази  методии  минтақавӣ бояд ба ҳамаи аъзои шуроҳои методӣ ва иттиҳодияҳои методӣ дастрас бошад;

–  роҳбари  Маркази  методии  минтақавӣ  бояд таҷҳизоти  техникии  муосир, аз  ҷумла  компютер,  тахтаи электронӣ, проектор ва планшетро истифода бурда тавонад;

– роҳбари Маркази методии минтақавӣ бояд нақшаи фаъолияти марказро дошта бошад.

  1. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН

6.1.  Озмун  аз  1  давр  иборат  буда,  тибқи  ҷадвали тасдиқгардидаи Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи ЮСАИД дар соҳаи маориф дар минтақаҳо гузаронида мешавад.

6.2. Марказҳои методии минтақавӣ дар озмун тибқи дархост иштирок менамоянд.

  1. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУН

7.1. Ҳакамон дар асоси холҳои бадастоварда дар ҳар як минтақа марказҳои ғолибро муайян менамоянд;

 7.2.  Дар  ҳар  як  минтақа  барои  марказҳои минтақавии методӣ 2-ҷойи якум, 3-ҷойи дуюм, 3-ҷойи сеюм ва 4-ҷойи чорум дода мешавад.