СОҲИБИСТЕЪДОДҲО МУАЙЯН ШУДАНД

Соҳаи маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи соҳаҳои афзалиятнок эълон гардидааст. Чунонки Роҳбари давлат таъкид намудаанд: «…бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем».

Дар  робита  ба  ин,  Вазорати маориф  ва  илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшидан ба вусъати ҳаракати олимпиро яке аз вазифаҳои асосии хеш дар самти беҳтар гардонидани сифати таҳсилот қарор додааст.

Яке аз чунин чорабиниҳои судманд 28 – 29 январи соли ҷорӣ барпо гардидани даври минтақавии олимпиадаи фаннии хонандагони синфи 11 — и муассисаҳои таҳсилоти  умумии  шаҳру  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ноҳияҳои Рашт, Лахш, Тоҷикобод,  Файзобод,  Нуробод, Сангвор,  Рӯдакӣ,  Варзоб,  Шаҳринав, Ҷамоати деҳоти «Сағирдашт» — и ноҳияи Дарвоз, шаҳрҳои Роғун, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода)   дар  Муассисаи  давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони  болаёқат»  дар  шаҳри Ҳисор буд.

Муовини  вазири  маориф  ва  илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Зиёдулло Абдулзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ иттилоъ  дод,  ки  Вазорати  маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир  барои  рушди  ҳаракати  олимпӣ дар  ҷумҳурӣ  теъдоди  олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявиро нисбат ба солҳои қаблӣ  зиёд  намуда,  шумораи  онҳоро аз  рӯйи  ҳамаи  фанҳои  таълимӣ  (номӣ, даставӣ ва лоиҳавию ихтироъкорӣ) ба 24 адад расонидааст.

 Бино  ба  таъкиди  муовини  вазир, дар  робита  ба  Фармони  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  31  .01.  2020, №1445  дар  бораи  «Бистсолаи  омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва  риёзӣ  дар  соҳаи  илму  маориф»  аз ҷониби  Вазорати  мариф  ва  илм  як қатор тадбирҳо андешида шудаанд, ки иштироки  хонандагонро  дар  ҳаракати олимпӣ,  махсусан,  олимпиадаҳо  аз фанҳои  табиӣ  –  риёзӣ  рӯз  то  рӯз  зиёд мекунанд.  Фарогирии  даври  сеюми минтақавии  олимпиадаи  фаннӣ  барои хонандагони  синфи  11-  и  муассисаҳои таҳсилоти  умумии  шаҳру  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ далели ин гуфтаҳост.

Чунонки  муовини  вазир  гуфт, олимпиадаи  мазкур    бори  аввал  бо назардошти   тағйироту   иловаҳо  дар ҳуҷҷатҳои  меъёриву  ҳуқуқӣ  баргузор мегардад.  Тибқи  тағйиру  иловаҳо  дар низоми  тартибу  баргузор  гардидани олимпиадаҳо  агар  дар  солҳои  қаблӣ хонандагон  бо   гирифтани  холҳои нисбатан  зиёд  соҳиби  ҷойҳои  аввал мешуданд, минбаъд ин тавр нест. Акнун хонандагоне, ки зиёда аз 50 хол доранд, мувофиқи   имконият  метавонанд ҷойҳои  муносибро  ишғол  намоянд, вале  агар  шумораи  умумии  холҳо  аз 50  кам  бошад,  он  гоҳ  ба  навиштани апеллятсия ҳоҷат намемонад.

Дар  ин  олимпиада  938  нафар хонандаи  муассисаҳои  таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (498  нафар  аз  фанҳои  табиӣ  –  риёзӣ (математика, физика, химия, биология, география,  технологияи   иттилоотӣ) ва  240  нафар  аз  фанҳои  ҷамъиятӣ –  гуманитарӣ   (забон  ва  адабиёти тоҷик,  забони  давлатӣ,  забони  русӣ, забон ва адабиёти рус (барои синфҳои таълимашон  бо  забони  русӣ),  забони англисӣ,  таърих  ва   ҳуқуқ)   ширкат варзида,  донишу  маҳорати  худро санҷиданд.

Бино  ба  иқрори  ҳайати  ҳакамони озмун,  ки  аз  ҷумлаи  беҳтарин мутахассисони муассисаҳои таҳсилоти олии  касбӣ,  миёнаи  касбӣ  ва  Маркази ҷумҳуриявии  дарёфт  ва  рушди истеъдодҳо  интихоб  гардида  буданд, албатта, дониши на ҳамаи довталабон дар  як  сатҳ  қарор  дошт.  Тибқи Низомномаи  олимпиада  саволҳо  дар се  шакл  (тестии   кушода,  пӯшида  ва мувофиқакунӣ)  мураттаб  гардида, ҳафтод фисади саволҳо аз барномаҳои таълимӣ ва сӣ фисади дигар аз адабиёти иловагии  вобаста  ба  фанҳоро  ташкил медод.

Хонандаи синфи 11 «Б» — и литсей – интернати шаҳри Турсунзода Рухшонаи Маҳмадизода аз фанни таърих ширкат намуд. Зимни суҳбат Рухшона гуфт, ки аз  ҳамаи  сӣ  саволи  пешниҳодгардида ба беш аз 25 — тои он ҷавоби мукаммал додааст.

—  Аслан,  —  мегӯяд  ӯ,   —  саволҳо чандон  душвор  набуданд,  вале  ба  ҳар сурат,  озмун  тартиби  муайяни  худро дорад.  Аз  он,  ки  сӣ  фоизи  саволҳо  аз дигар  адабиёти  тахассусӣ  пешкаш гардидааст,  ин  танҳо  ба  фоидаи  ҳар як  иштирокчӣ  хоҳад  буд,  зеро  акнун вақти он расидааст, ки танҳо ба маводи китоби  дарсӣ  маҳдуд  шудан  даркор нест. Ин гуна дониш наметавонад моро қаноатманд гардонад. Дигар ин ки, ҳар як  иштирокчии  озмун  бояд  дониши худро ҳаматарафа такмил диҳад.

Суҳайлои Баҳодур, хонандаи синфи 11 – и МТМУ №80 – и ноҳияи Рӯдакӣ аз  фанни  физика  дар  озмун  ширкат варзид.  Вай  иброз  дошт,  ки   ба   даҳ саволи шакли кушода ва панҷто хаттӣ ҷавоб  гуфтааст,   вале  ба   дурустии онҳо чандон боварӣ надорад. Суҳайло иқрор  гардид,  ки  имкони  бештар дошт,  ки  худомӯзӣ  кунад,  аммо  аз ғояти  саросемагӣ  ё  нарасидани  вақт натавонист  ба   олимпиада  дурусттар тайёр  шавад. Суҳайло  мегӯяд,  ки духтур  шуданист,  мехост  аз  фанни биология ё химия ширкат варзад, вале аз  ин  фанҳо  дигар  ҳамсабақонаш   ин номинатсияро интихоб кардаанду вай ба фанни физика номнавис гардид.

Хонандаи  синфи  11а МТМУ  №37-и ба номи Ғафурзода Некрӯзи Набии шаҳри  Турсунзода  Маҳина  Баротова низ дар озмун аз фанни физика иштирок намуд.  Пеш  аз  ин  дар  озмуни  шаҳрӣ ширкат  варзида,  сазовори  ҷойи  сеюм гардидааст. Маҳина дар оянда мехоҳад омӯзгори физика шавад, зеро ба ин фан шавқу завқи калон дорад. Вай гуфт, ки тарзи ташкил ва баргузории олимпиада ба ӯ писанд аст. Ба даҳ саволи тестӣ ва шаш  саволи  пӯшида  ҷавоб  гуфтааст. Ба  назари  ӯ,  саволҳое,  ки  аз  китобҳои иловагӣ  интихоб  шудаанд,    андаке душвортар  менамуданд,  зеро  пешакӣ намедонист,  ки  барои  азбар  кардани ҷавобҳо  аз  кадом  китобҳо  истифода барад.

Табиист,  ки  дар  чунин  сабқатҳо на  ҳамаи  довталабон  аз  холҳои бадастовардаашон   розӣ  мешаванд. Чунин  ҳолат  дар  ин  олимпиада  низ ҷой  дошт.  Бинобар  он,  мутасаддиёни олимпиада  тибқи  Низомномаи олимпиада  барои  шаффоф  анҷом додани  корҳо  барои  навиштани апеллятсия шароит фароҳам оварданд. Каюмарс  Иброҳимзода,  хонандаи синфи 11-и МТМУ №12-и ноҳияи Рӯдакӣ (аз  фанни  биология),  Муборакшоҳ Шарифов, хонандаи синфи 11-и литсей барои  хонандагони  болаёқати  шаҳри Турсунзода (аз фанни забони давлатӣ), Фирдавс  Набиев,  хонандаи  синфи  11, Мактаби  Президентии  шаҳри  Ҳисор (аз  фанни  забони  давлатӣ),  Беҳрӯз Худоёров,  хонандаи  синфи  11,  литсей барои  хонандагони  болаёқати  шаҳри Турсунзода  (аз  фанни  забони  русӣ)  ва чанде  дигар  аз  ҷумлаи  онҳое  буданд, ки  апеллятсия  навишта,  бо  корҳои анҷомдодаашон  шинос  шудаву  аз тарафи  ҳайати  ҳакамон  қаноатманд гардиданд.

Узви  ҳайати  ҳакамон  —  омӯзгори мактаби  №14-и  сарраёсати  маорифи шаҳри  Душанбе  Ҳабиб  Холов  гуфт, ки аз фанни физика 72 нафар довталаб (бо  ҷавоб  гуфтан  ба  шаш  масъала, кори хаттӣ, даҳ тест) ширкат варзида, танҳо  як  нафар   (хонандаи  синфи 11-и  МТМУ  №10-и  ноҳияи  Рашт Аминҷон  Набизода)   хостори  шинос  шудан  ба  кори анҷомдодааш гардид, ки ҳангоми таҳлили ҷавобҳояш ӯ ба хатоии худ иқрор шуд. Дар ин фан баҳои аз ҳама баланд 52 холро ташкил дод, ки нигаронкунанда аст. Ҳ. Холов гуфт, иштирокдорони олимпиада аз ин фан, мутаассифона, тайёрии хуб надидаанд.

Аз фанни биология бошад, аз ҳама баҳои баланд- 60  холро  ташкил  дод.  Узви  ҳайати  ҳакамон  Ҳайдар Худойбердиев,  омӯзгори  Мактаби  Президентии ноҳияи Данғара иброз дошт, ки оид ба ин фан шаш нафар аз баҳои гирифтаашон норозӣ шуда, апеллятсия навиштанд. Ҳангоми суҳбати рӯ ба рӯ ва бори дигар шинос гардидан бо кори худ хонандагон ба хатоҳои роҳдодаи  хеш  иқрор  гардиданд.  Ҳ.  Худойбердиев чунин  номукаммалии  дониши  хонандагонро  дар номураттабии мавзуъҳо ва таҷдиди назар накардани мавзуъҳо  аз  тарафи  муаллифони  китобҳои  дарсӣ мебинад. Ин амал дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шуравӣ кайҳо ба ҳукми анъана даромадааст.

 Гулҷаҳон  Сатторова,  омӯзгори   фанни  забони русии Мактаби Президентии шаҳри Ҳисор низ аз кори бачаҳо  чандон  қаноатманд  набудани  хешро  иброз дошт.  Вай  гуфт,  ки  аксарияти  довталабон  қоидаҳои сарфу  наҳв  ва  имлоро  дуруст  намедонанд.  Аз  74 нафаре, ки аз фанни забон ва адабиёти рус (15 нафар) ва забони русӣ (59 нафар) иштирок карданд, ду нафар апеллятсия  навишта,  зимни  баррасии  ҷавобҳояшон хатои худро иқрор шуданд.

Бартарии дигари тарзи ташкили кор дар ҷараёни олимпиада, ки бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо (директораш Нусратулло Саломиён)   сурат  гирифт,   аз  он  иборат  буд,  ки  бо иштироки  ҳамаи  хоҳишмандон,  мутахассисони фанҳо, устодону волидони хонандагони иштирокчии олимпиада семинар барпо гардид. Ҳадафи он табодули таҷрибаи  ҳамдигарӣ,  шунидани  фикру  андешаҳои омӯзгорон  оид  ба  рафти  минбаъдаи  олимпиадаҳои фаннӣ  буд.  Дар  он  як  қатор  барандагони  озмунҳои ҷумҳуривӣ,  аз  қабили  «Илм  –  фурӯғи маърифат», мутахассисони соҳа андешаҳояшонро баён намуданд. Аз  ҷумла, дар оянда барои  боз  ҳам  шаффофу мақсаднок  гузаронидани  чунин олимпиадаҳо пешниҳодҳои директори Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи  Рӯдакӣ  Диловар  Нуров,  омӯзгори  МТМУ №14-и  шаҳри  Ваҳдат  Саид  Алматов  ва  дигарон диққатҷалбкунанда буд.

Ниҳоят, олимпиада ҷамъбаст гардид. Аз рӯйи тартиби  Низомномаи  олимпиада,  ки   ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм муайян кардааст, хонандагоне, ки  ҷойи аввалро сазовор  мегарданд, 100  хол,  ҷойи  дуюм  75  хол  ва  ҷойи  сеюм  50  холро (ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  тариқи  ММТ  —  и  назди  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳамчун  холҳои иловагӣ  сазовор мегарданд. Дар олимпиадаи мазкур аз иштирокдорони МТМУ ва муассисаҳои таҳсилоти таълимии типи нав (гимназияҳо, литсейҳо ва мактабҳои Президентӣ), ки аз 50 то 100 холро ба даст оварданд, шашнафарӣ ба даври навбатии озмун роҳхат гирифтанд.

Чунонки директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди  истеъдодҳо Нусратулло Саломиён  гуфт, тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории даври сеюми  олимпиадаи фаннии  хонандагони  муассисаҳои  таҳсилоти  умумии шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ ба зиммаи ин муассиса вогузор  шуда  буд.  Бинобар  он,  тибқи  нақша  – чорабинии  марказ   масъулони  чорабинӣ   аз  ҳисоби кормандони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо муайян гардида, барои шаффоф гузаштани олимпиада  мусоидат намуданд. Ҳамчунин, ҳангоми ҳолатҳои фароғат  иштирокдорони олимпиада маконҳои таърихиву кишваршиносии шаҳри Ҳисорро тамошо карда, таассуроти нек бардоштанд.

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»