МО «ҚАРЗИ КЛАССИКӢ» НАДОРЕМ

Дар фазои иттилоотии кишвар шабакаи телевизионии «Варзиш» барои тарғиб ва рушди варзиш нақши арзанда дорад. Кормандони ин муассиса, аз ҷумла, ровиён барои риояи меъёрҳои забони адабӣ саъйю талош меварзанд. Барномаи «Вожаварз» (ровии он Суҳробшоҳ) дар тафсиру шарҳи вожаҳои истилоҳоти соҳаи варзиш ҷолибу дилписанд аст.
Дар  баробари  ин,  ҳини  гузориш ё намоишҳо баъзе калимаю ибораҳое истифода мешаванд, ки  ба  назар  носуфта  ё  аз  лиҳози маъно шарҳу эзоҳталабанд.
Чунончи:  одатан  дар  вақти  намоиши  бозиҳои  футбол,  волейбол ё  сабқати  муштзанону  гӯштигирон ровиён  ибораи  «ҳарифи  сарсахт»-ро  истифода  мекунанд,  ки  ба  маънои  ҳарифи  пурзӯр  ва  таслимнашаванда  истифода  мешавад.  Дар ин  ибора  вожаи  «сарсахт»  дар  як луғати  тафсирӣ  «мусибатрӯзӣ» шарҳ дода шудааст ва онро ба маъ-нои «пурзӯр» ё «таслимнашаванда» истифода кардан чандон хуб нест.
Дар  баъзе  маҳаллаҳо  ин  калима ба  маънои  луғавиаш  истифода  мешавад.
Ба  назари  банда,  ин  ибора дар  маврид  ё  лаҳзае,  ки  дастаи пурқувват  ё  варзишгари  пурзӯр сабқатро  бохта  истода  бошад,  ис-тифода гардад, хубтар аст.
Ё  ибораи   дигар  «қарзи классикӣ»  дар  идораҳои  соҳаи  маориф  вақтҳои  охир  хеле  серистеъмол  аст.  Ибораи  мазкур  баъди  ба шакли иҷора ба хонандагон додани китобҳои дарсӣ пайдо шуд.
Мо ибораҳои «назми классикӣ», «насри  классикӣ»,  «мусиқии классикӣ»  ва  «адабиёти  классикӣ» истифода  мекардем.  Аммо  ибораи  «қарзи  классикӣ»  ба  маънои луғавии калима мувофиқат намекунад.
Дар  китоби  «Фарҳанги истилоҳоти  адабиётшиносӣ»  калимаи  «классик» ба маънои аълодараҷа ё олидараҷа шарҳ дода шудааст.
Дар  луғати  тафсирии «Фарҳанги забони тоҷикӣ» калимаи  қарз  ва  навъҳои қарз,  аз  ҷумла,  қарзи Бағдод, қарзи беваҷҳ, қарзи ҳасана  шарҳ  дода  шудаанд,  аммо  оид  ба  «қарзи классикӣ» чизе гуфта нашудааст.
Ба  назари  банда,  истифодаи  ин ибора ҳам аз ҷиҳати маъно ва ҳам аз  ҷиҳати  услуб  нохушоянд  аст. Бояд ҳангоми истифодаи кадом калима  ё  иборае  маънои  луғавии  он ҳатман ба ҳисоб гирифта шавад.

Ҳ. СОДИҚОВ,

омӯзгори МТМУ №24,

ноҳияи Мастчоҳ