БОЗ ЯК КОМЁБИИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

Гӯштини миллии тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ дарёфт
Мо, тоҷикон, аз он ифтихормандем, ки бо таърихи рангину дерин ва бо русуму анъанаҳои пурмуҳтавои худ, ки ҳама омезиш бо аҳдофи неку башардӯстона дарёфтаанд, дар паҳнои тамаддуни ҷаҳонӣ мавқеи барҷаставу хуҷаста дорем.
Дар сарсухани хеле меҳрбору самимӣ ва баландмазмуни худ ба китоби «Тоҷикон»-и аллома  Бобоҷон  Ғафуров  Асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ  –  Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  чунин  овардаанд:  «Моро зарур  аст,  ки  худогоҳу худшинос бошем, таърихи пурифтихору фарҳанги  оламшумули  ниёгони сарбаланди хешро аз худ намоем, ба  хизматҳои  беназири  адибону мутафаккирони номдори пешинаамон арҷ гузорем ва барои ҳифзи суннату анъанаҳои неке, ки аз замони  бостон  то  ба  имрӯз  боқӣ мондаанд,  талош  варзем,  хотираи  фарҳангиву  таърихии  худро тавсеа  бахшем,  барои  пойдории истиқлолу  озодии  давлати  миллиамон  ва  ҳар  як  ваҷаб  хоки  ин Ватани  муқаддас  ҳамеша  омода бошем».
Мероси бузургу камназири ниёгон,  воқеан  ҳам,  шоистаи  ифтихору сарбаландии мост ва гузашта аз  ин,  ҳар  як  фарди  шарафманди тоҷикро  мебояд,  ки  баҳри  ҳифзу густаришбахшӣ  ва  воломақомии он  кӯшиш  ба  харҷ  бидиҳад  ва мутобиқ  ба  мартабаи  баланди миллати  фархундаи  хеш  амал  би-намояд.  Ба  шарофати  истиқлоли давлатӣ  тоҷикон  ба  имкони  фаровоне  соҳиб  гаштанд,  ки  мероси  пурбаҳои  гузаштагонашонро равнақ  бахшанд,  суннатҳои  ар-зишманди  ниёгонро  эҳё  намоянд ва  ба  ҷаҳониён  муаррифӣ  бикунанд. Аз ин ҷост, ки ҳуҷастатарин ҷашни  аҷдодиамон  Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ дарёфт, як силсила мавзеъҳои  бостонии  Тоҷикистон, аз  ҷумла,  Саразм  ва  низ  чанде  аз сарватҳои  маънавию  фарҳангии тоҷикон  ба  Феҳристи  мероси фарҳанги  ҷаҳонӣ  шомил  шуданд. Инак,  боз  як  хушпаёми  дигар ба  ҳамаи  мо  шодию  нишот  эҳдо кард:  гӯштини  миллии  тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ дарёфт. Ин дараҷаи  байналмилалӣ  дар  Вазорати адлияи кишвари Швейтсария ба  қайд  гирифта  шуд  ва  гӯштини миллии  тоҷикӣ  ба  сертификат (шаҳодатнома)-и  байналмилалӣ соҳиб гашт.
Воқеан  ҳам,  гӯштини  миллии тоҷикӣ сазовори эътирофи бавусъат ва мақоми ҷаҳонист, зеро он аз намудҳои  қадимтарини  варзиш буда,  таърихи  хеле  ҷолиб  дораду байни мардум васеъ паҳн шудааст ва  дорои  ҳаводорони  зиёд  мебошад. Аз нигоҳе ба таърих дармеёбем, ки гӯштини миллӣ ҳанӯз дар аҳди  суғдиён  маъмулу  машҳур будааст. Худ вожаи «гӯштин» баромади соф тоҷикӣ дошта, бо вожаи  «куштӣ»  иртиботманд  аст  ва маънои  «камарбанд»-ро  ифода мекунад.  Ба  ин  маънӣ  дар  байти зерини Фирдавсӣ омада:

Бадон то бигардем фардо яке,
Ба куштӣ гароем то андаке.

Гӯштини  миллӣ  аз  қадим ҷузъи  ҷудоинопазири  маросими тантанавии  аҷдодони  мо  будааст.  Махсусан,  ҷашнҳои  Наврӯзу Меҳргонро  бештар  аз  ҳама мусобиқаи  гӯштингирӣ  шукӯҳу шаҳомат  мебахшидааст.  Замоне дар  Мовароуннаҳр  мактаби  махсуси гӯштин бо номи «Такя» амал мекардаасту  аъзо  ва  ҳаводорони зиёд  доштааст.  Бо  ибтикори  ин мактаб байни шаҳрҳову минтақаҳо ва  ҳатто  давлатҳо  мусобиқоти гӯштингирон  созмон  дода  мешудаанд.  Бо  мурури  замон  барои паҳлавонон (гӯштингиронро дар байни мардум чунин меномиданд) қоидаҳои  махсус  муқаррар  гардиданд;  гӯштингирон  бояд  ҷома ё  ҷелак  (яктак)  пӯшида,  миёнашонро  бо  камарбанд  бибанданд. Паҳлавонон  аз  остин,  гиребон  ва камарбанди якдигар дошта мубориза  мебаранд.  Ғолиб  онест,  ки ҳарифашро  ба  пушт  меғалтонад. Агар ғолиб муайян нагардад, бозӣ якранг эълон карда мешавад. Тар-киби гӯштини миллӣ ҷолибу рангин аст ва усулу шеваҳои гуногунро фаро мегирад. Чанде аз онҳоро мухтасаран тавзеҳ мебахшем.
Ҳалук аз  усулҳои  маъмулу  густаришёфтаи  гӯштини  миллист. Бо  истифодаи  ин  усул  паҳлавон пойро миёни пойҳои ҳариф дароварда,  яке  аз  пойҳои  ӯро  ба  пой печонда, худро устувор нигоҳ медорад ва ҳарифро сахт ба сӯи худ кашида,  баланд  мебардораду  ба замин мехобонад. Паҳлавононеро, ки аз ин усул зиёд истифода мебаранд, «паҳлавони ҳалукакӣ» меноманд.
Сари  севҷӣ як  навъи  ҳулук  дониста  мешавад.  Бар  заминаи  ин усул паҳлавон чолок хам шуда, як пояшро  ба  миёни  пои  ҳариф  хаста, ӯро баланд мебардорад ва ба пирӯзӣ  мерасад.  Ба  ин  усул  бештар  гӯштингироне,  ки  дасту  пои неруманд дорад, рӯй меоваранд.
Пешпоӣ задан бештар ҳангоми рост истода гӯштин гирифтан корбурд мешавад. Дар ин ҳолат маъмулан паҳлавонон як даст ба китф ва дасти дигар ба дасти ҳамдигар доранд.  Ҳарифон  бо  пой  ба  пои якдигар  зарба  мезананд  ва  дар ниҳоят  оне,  ки  нисбатан  камзӯр аст,  мувозинаташро  нигоҳ  дошта натавониста, аз пой меафтад.
Ҳалуки  сари  зону усули  писандидаи  паҳлавонони  бақувват  аст. Паҳлавон  пои  росташро  қат  карда,  бо  сари  зону  ба  хамгаҳи  пои ҳариф мемонад ва ӯро боло мебардорад ва мағлуб мекунад.
Гӯрмушт усулест,  ки  паҳлавонони  аз  усулҳои  дигар бебаҳра  истифода  мебаранд. Чунин  паҳлавонон  аслан  хеле пурзӯранд.  Онҳо  ҳарифашонро аз  миён  дошта  (ба  тариқи «харпанҷа», «хафакунӣ аз миён»), бо  тамоми  неру  фишор  меоваранд.  Дар  ин  ҳолат  баъзан  садои латхӯрии  устухонҳо  шунида  мешавад. Паҳлавоне, ки ба фишори миёнаш  тоб  оварда  наметавонад, бо ишора худро мағлубшуда медонад. Ин усул дар бисёр мусобиқаҳо иҷозат дода намешуд, зеро бозиро дилбазану ноҷуру «хунук» мекард.
Ҳалуки  Искандарӣ аз  номи паҳлавони  машҳури  кӯлобӣ Искандаршоҳ  Раҳматуллоев  баромадааст.  Ӯ  дар  сабқатҳо  рақси паҳлавониро  иҷро  мекард.  То  ба ҳариф  часпидан  гирдогирди  давра  бо  дасту  миёнҷунбонӣ  давр мезад,  ҳолати  шерона  дошт.  Бо чусту чолокӣ (бо ҳаракатҳои гимнастикию  акробатикӣ)  баъзан  ба ҳариф  имкони  ба  ӯ  даст  расонданро  намедод  ва  бо  ҳалуки  хос ба  қафо  тела  дода  ё  дасташро  ба зерманаҳи  ҳариф  монда  бо  такони қавӣ мағлубаш мекард. Ҳулуки Искандарӣ  ҳоло  дар  барномаҳои мактабҳои  олии  варзишӣ  ворид шудааст.
Таги  каш  усули  аз  миён ҳалук  андохтан  аст.  Ин  усул аз  пурқувватии  дасту  пойҳои паҳлавон дарак медиҳад.
Сари китфусулест, ки илова ба гӯштини миллӣ дар самбо низ васеъ истифода мешавад. Паҳлавони неруманд ҳарифашро озод ба сари китфаш  бардошта,  бо  тахтапушт ба замин мехобанд.
Ҳел-ҳелакон. Ин  усул  чандон ҳаводорони  зиёд  надорад.  Худ истифодаи  «ҳел-ҳелакон»  маънои сарсонӣ , овора кардани якдигарро  дорад.  Паҳлавонон  бо  ҳар  ду даст аз гиребони ҳам гирифта, ба ин сӯву он сӯ такон медиҳанд ва ба ин гуна гирдогирди саҳнаи сабқат чарх мезананд. Дар фарҷом яке аз ҳарифон мувозинаташро гум карда, аз пой меафтад.
Хӯрҷин усули  аҷиби  гӯштингирист.  Паҳлавон ҳарифашро аз миён бо даст тавре мебардорад,  ки  ӯро  даст  аз  тану либос  канда  мешавад,  пояш  низ аз  замин  ҷудо  мегардад.  Ҳариф сарозер  мемонад  ва  паҳлавони пурзӯр  мехоҳад  ӯро  ба  пушт  гардонад, вале ҳариф дасту пой зада, мекӯшад,  то  худро  бо  шикам  ба замин  афканад.  Барои  ба  пирӯзӣ расидан  паҳлавони  ботаҷрибаю аз техникаи бозӣ бохабар бо дасти дигар  аз  гиребони  ҳариф  дошта, ӯро сахт ба пушт тела медиҳад…
Дар  ҳунари  гӯштингирии  миллии тоҷикӣ, ҳамчунин, усулҳои «аз болои шикам», «якдаста», «сурун», «қоқӣ»,  «почеч»,  «чиландозӣ», «тоб»,  «дук»,  «дастпеч»…  маълуманд  ва  аз  ҷониби  паҳлавонони ботаҷриба  васеъ  истифода  мешаванд.  Ин  ҳама  гуфтаҳо  аз  маъруф будани  гӯштин  дар  байни  тоҷикон гувоҳӣ  медиҳанд.  Он  нукта  низ ҷолибу  гуфтанист,  ки  дар  бораи гӯштин  ва  ҳунари  гӯштингирию сабқатҳои  гӯштингирон  дар  адабиёти  классикии  тоҷик  маълумоти  фаровон  ва  шоистаи  таваҷҷуҳ оварда  шудааст.  Дар  осори  адибону  мутафаккирони  бузурги  тоҷик Абулқосим  Фирдавсӣ,  Саъдии Шерозӣ,  Ҳусайн  Воизи  Кошифӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Ибни Сино, дар достону ҳикоятҳои ривоятии  адабиёти  шифоҳии  тоҷик  аз гӯштин  ва  сабқатҳои  гӯштингирӣ зиёд  тавзеҳу  ёдоварӣ  шудааст.  Ин қитъаро  аз  «Шоҳнома»-и  безаволи Фирдавсӣ иқтибос меоварем:

Чу парварда гардад писар дар канор,
Битарсад, чу пеш оядаш корзор.
Ба гӯштию нахчиру омоҷу гӯй
Диловар шавад марди пархошҷӯй.

Ин  ҳама  маъхазҳои  таърихӣ барои  огаҳии  комил  дарёфтан  аз таърихи  гӯштини  миллӣ  дорои аҳамияти  муҳим  мебошанд.  Ва имрӯз  омӯхтани  ҳар  чи  бешатару амиқтари  онҳо  барои  рӯшанӣ  андохтан ба саҳифаҳои таърихи дерини халқи тоҷик бағоят зарур аст.
Чунонки  дар  оғоз  гуфтем, дар  давраи  соҳибистиқлолии Тоҷикистон  барои  эҳё  ва  ривоҷу равнақи  анъанаҳои  миллӣ  шароити  созгор  фароҳам  омад. Таваҷҷуҳи  махсуси  ҳамешагии Пешвои  миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш омили  асосии  рушди  бесобиқаи ин  соҳаи  муҳиму  ифтихорӣ  дар кишварамон  гардид.  Президенти  мамлакат  борҳо  махсус  бо ҷавонон  вохӯриҳо  баргузор  намуда,  онҳоро  ба  ватандӯстию башарпарварӣ, далерию устуворӣ, созандагиву  шарафмандӣ  даъват карданд ва аз ҷумла, зикр сохтанд, ки бо варзиш ҳамбастагии доимӣ дошта  бошанд,  ба  намудҳои  варзиши  миллӣ  арҷ  гузоранд  ва  ба ин васила Ватани азизашонро барои  ҷаҳониён  муаррифӣ  созанд. Ҷавобан  ба  ин  даъвату  ҳидояти падаронаи  Сарвари  кишвар ҷавонони  тоҷик  корномаи  худро вусъат бахшида, ба комёбиҳои назаррас, ҳам дар сатқи ҷумҳурӣ ва ҳам  дар  арсаи  ҷаҳонӣ,  мушарраф гардиданд,  ки  аз  ин  хусус  метавон саҳфа – саҳфа мисолу далел овард. Ҷавонони  тоҷик  дар  муаррифии гӯштини миллии тоҷикӣ ҳиссаи сазовор  мегузоранд.  Дар  ҳуҷҷатҳои меҳварии  соҳаи  маорифи  ҷумҳурӣ – Қонун “Дар бораи маориф”, Консепсияи мактаби миллӣ, Низомнома дар  бораи  маълумот,  Қонун  “Дар бораи  тарбияи  ҷисмонӣ  ва  варзиш”…  ба  рушду  такомули  навъи варзиши  миллӣ  таваҷҷуҳи  махсус зоҳир  шудааст.  Зикр  мешавад,  ки нақшу аҳамияти бозиҳои миллӣ дар ташаккули  маънавию  ҷисмонии ҷавонону наврасон басо бузург аст. Ҳаёту корномаи гӯштингирони номии тоҷик А.Олимов, И.Абдуллоев, С.Раҳимов, А.Раҷабов, Н.Каримов, Х.Боқиев,  бародарон  Расул  ва Рустам  Боқиев…  барои  варзишгарони  ҷавони  тоҷик  чун  намунаи  барҷастаи  омӯзишу  пайравӣ маҳсуб  мешавад.  Ҳамасола  дар Тоҷикистон  оид  ба  гӯштини миллӣ  мусобиқаҳои  бонуфузу васеъмиқёс  ташкил  карда  мешаванд.  Тамоми  ҷашнҳои  миллӣ бо  истфода  аз  сабқати  гӯштини миллӣ  баргузор  мегарданд. Танҳо  дар  соли  2022  бо  ибтикори  Кумитаи  кор  бо  ҷавонон  ва варзиш  ва  Федератсияи  гӯштини Тоҷикистон  беш  аз  даҳ  маротиба  мусобиқа  оид  ба  гӯштини миллӣ  ташкил  ва  баргузор  карда шуд.  Моҳи  июни  соли  гузашта дар  шаҳри  Душанбе  мусобиқаи байналмилалӣ  оид  ба  гӯштини миллӣ барои дарёфти Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе ҷараён ёфт, ки барои ғолибон 5 мошини сабукрав мукофот дода шуд. Ҳамчунин, дар ин  сол  бо  ташаббуси  Федератсияи  гӯштингири  Тоҷикистон  ва мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии  пойтахти  кишвар  дар шаҳри  Душанбе  мусобиқаи  сеюми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ бо иштироки намояндагон аз 31 давлати ҷаҳон ба вуқуъ пайваст.  Мусобиқаи  байналмилалии гӯштингирӣ  барои  Ҷоми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  ки нимаи  дуюми  моҳи  декабри  соли 2022  дар  шаҳри  Хуҷанд  амалӣ гашт, аз муҳимтарин рухдодҳои варзишии  кишвар  дар  солҳои  охир  ба шумор меравад. Дар ин мусобиқоти бонуфуз  паҳлавонони  тоҷик  Фазилат  Гулбоева,  Ҷонона  Бобоева, Муслимбек  Каримов,  Меҳрзод Сӯфиев,  Шариф  Наҷмуддинов, Шодмон Ризоев, Комроншои Устопириён,  Темур  Раҳимов,  Ориф Додов,  Мирзоҷамил  Рамазонов, Субҳиддин  Халилзода,  Ҳамроз Раҷабов,  Ҷаҳонгир  Маҷидов,  Парвиз Собиров, Эмомалӣ Нуралӣ, Лолахон Қаҳҳоров, Фарзин Ҳусейнов бомуваффақият  ширкат  варзида, сазовори  ҷойҳои  аввал  гардиданд ва шарафи гӯштини тоҷиконро боз ҳам боло бурданд…
Бояд  гуфт,  ки  ба  гӯштини миллии  тоҷикӣ  мутахассисони маъруфи  сатҳи  ҷаҳонӣ,  аз  ҷумла, мураббиёни  бахши  гӯштингирии Русия, Эрон, Корея, Ҷопон баҳои баланд  дода,  таъкид  кардаанд, ки он барои ташаккули намудҳои дигари  гӯштин  (самбо,  дзюдо, камарбандӣ,  кураш)  ҳамчун  сарчашма хидмат кардааст.
Мудири  кафедраи   гӯштини миллии донишкада Хуршед Убайдуллоев  дар  мавзуи   “Инъикоси гӯштини миллӣ дар “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и  Зайниддин  Маҳмуди Восифӣ  рисолаи   илмӣ   навиштааст, ки дар он, аз ҷумла, нуктаҳои мазкур таъкид шудаанд.
Федератсияи  гӯштингирии Тоҷикистон  фаъолияти  густурда  дорад  ва  ҳамбаста  бо мақоми  байналмилалӣ  дарёфтани  гӯштини  миллии  тоҷикӣ  федерасияи  мазкур низ  чанде  пеш мақоми  байналмилалӣ  пазируфт. Ҳоло  федератсияи  гӯштингирии Тоҷикистон  дар  Русия,  Эрон  ва Ҳиндустон  намояндагиҳои  худро ифтитоҳ  бахшидааст  ва  минбаъд миқёси  намояндагиҳояш  боз  ҳам васеътар хоҳад шуд.
Гӯштини  миллии  тоҷикӣ тимсоли  ҷасорату  мардонагӣ, далерию  тавоноӣ, шаъну  шараф, иродатмандию  устуворӣ  ва ифтихори  миллист.  Он  ҳамчун муҳимтарин  омили  оммавигардии  варзиш  ва  муаррифи  варзиши  тоҷикӣ  дар  саросари  ҷаҳон эътироф  мешавад.  Гӯштини миллии тоҷикӣ минбаъд ҳам дар Ватани маҳбубамон  ва  ҳам  дар саросари  ҷаҳон  боз  ҳам  бештар эътибору  эътироф  дарёфт  хоҳад кард.

Шодӣ САФАРОВ,
ректори Донишкадаи
тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов,
доктори илмҳои педагогӣ