РУШДИ УСТУВОРУ БОМАРОМ

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат (23.12.2022) масоили иқтисодӣ аз оғоз то анҷом нақши марказӣ дошт. Воқеан ҳам, айни ҳол буҳрони иқтисодии шадид ҷаҳонро зери таъсир қарор додааст.
Паём аз он ҷиҳат руҳбаландӣ дошт, ки дар чунин давраи буҳронӣ кишвари мо бо амалӣ гардонидани нақшаву барномаҳои мушаххаси иқтисодӣ чандин мушкили мубрамро паси сар намуд. Соли 2022 барои кишвари мо ҳамчун соли бобарор гуфта шуд, ки ин воқеият дорад. Заминаи аслии ин мавҷуд будани ислоҳоти зина ба зинаи иқтисодӣ мебошад, ки дар асоси он рушди бомароми иқтисодиву ичтимоӣ ба вучуд омада, чараён дорад. Оқилона ва мақсаднок ба роҳ мондани ин раванди ислоҳот боиси он гардидааст, ки “…дар панҷ соли охир рушди иктисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилй аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомони расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт”. Омодагӣ ва чораандешиҳои саривақтӣ тавонист, ки на танҳо вазъи иқтисодиёт дар ҳолати мутавозун нигоҳ дошта шавад, балки пешравии иқтисодӣ низ таъмин гардад. Ин нукта дар Паём бо чандин паҳлуҳои фарогир мавриди таъкид қарор дода шуд: “… соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиктисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иктисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ таквият пайдо карда, рушди иктисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд”.
Пешвои миллат барои он аз иқтисоди миллӣ пуштибонӣ менамоянд, ки пешрафти устувору натичабахши чунин иқтисодиёт кафолати таъмини зиндагии шоиста мебошад. Таҳлилҳои Сарвари кишвар дар Паём гувоҳи онанд, ки ислоҳоту амалӣ гардонидани нақшаҳои стратегӣ натиҷаҳои хуб бор овардаанд. Барои ҳар як фарди равшанфикр возеҳ аст, ки дар чумҳурӣ давра ба давра нишондиҳандаҳои иқтисодӣ торафт беҳтар мешаванд. Ба ин раванд ҳадафи чоруми стратегии давлату ҳукумат боз ҳам амиқтар мусоидат намуда истодааст. Ҳамин аст, ки сатҳи камбизоатӣ торафт коҳиш дода мешавад ва тавре дар Паём зикр гардид, “…дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд”. Яке аз омилҳои аслии коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ таъсиси ҷойҳои кории нав мебошад. Маълум аст, ки ба ифтихори ҷашнҳои бузурги миллӣ бо бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ даҳҳо ҳазор ҷойи корӣ фароҳам оварда шуданд.
Яке аз самтҳои назарраси чунин ислоҳоти самаранок дуруст ба роҳ гузоштани низоми молиявию бонкӣ ба ҳисоб меравад. Қурби асъори миллӣ дар мушкилтарин давраҳо дар сатҳу андозаи муайян нигоҳ дошта шуд. Андешидани тадбирҳои саривақтӣ боис гардид, ки муфлисшавии низоми бонкӣ пешгирӣ карда шавад. Давра ба давра дар шакли муназзам баланд бардоштани маош, нафақа, стипендия ва дигар пардохтҳои молиявӣ сабаб гардид, ки сатҳи камбизоатӣ алорағми буҳронҳои молиявӣ торафт коҳиш ёбад.
Дар чунин вазъ низоми иқтисодии ҷумҳурии мо дар ҳолати муқарарӣ қарор дошта, қурби асъори миллӣ мусбат арзёбӣ мегардад, ки ин нукта низ дар Паём таъкид гардид. Ҳамзамон, боз ҳам ба он ишора гардид, ки дар муқобили мачрои буҳронҳои мавчуда тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд: “Дар соли 2022 курби пули миллӣ муътадил нигоҳ дошта шуда, сатҳи таваррум 4,2 фоизро ташкил намуд… Вале хавфҳои эҳтимолӣ водор месозанд, ки дар ин ҷода тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд”.
Вобаста ба чанд нуктаи боло зикр бояд кард, ки бо шарофати сиёсати оқилонаву дурандешона чумҳурии мо дар роҳи инкишофи иқтисодиву ичтимоӣ қадамҳои устувор дорад. Ҳадафи чоруми стратегии Давлату Ҳукумат муваффақона амалӣ мегардад, ки онро мантиқи Паём ифода мекард.
Насимҷон АБДУЛМУМИНЗОДА,
декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ