СИТОИШРО САЗОВОРӢ, МУАЛЛИМ!

Чанд сол кабл аз ин дар бораи кадру манзалати омӯзгор ва дастгирии ҳамаҷонибаи ӯ аз ҷониби мардум ва мақомоти маҳаллӣ матолибе навишта, андешаю пешниҳодҳоямро ҷиҳати ҷойгоҳи бузурги устодон иброз дошта будам. Ҳанӯз дар андешаҳои худ собиту устуворам: баланд бардоштани мақоми омӯзгор на дар сухан, балки дар амал зарур аст.
Омӯзгори имрӯз бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи сарварони деҳу ҷамоату шаҳрак ва ноҳияҳо қарор дошта бошад. Омӯзгор, дарвоқеъ, лоиқи на танҳо ситоишу мадҳ, балки сазовор ба дастгирию ҳавасмандгардонист. Бар асари воқеаҳои маълум (ҷангҳои бемаънии дохилӣ) то андозае нуфузу таъсири омӯзгор ҳамчун фарди хирадгустару маърифатоин дар байни мардум коста гардид, ки ин ҳақиқати маълум аст. Омӯзгорону устодони ба пешаи худ содиқ ва нисбат ба фарзандони мардум дилсӯз ба вазъи сангин нигоҳ накарда, аз пайи пешбурди таълиму тарбия камари ҳиммат бастанд ва мактабро тарк накарданд. Онҳо чун сутуне побарҷо ба таълиму тарбияи фарзандони мардуми заҳматкаш машғул гардида, дар байни аҳолӣ андешаҳои тозае, ки одамонро ба фардои неку дурахшон дилгарму умедвор месохтанд, суханронӣ анҷом медоданд. Он давраҳои пурфоҷиаю маъшум бебозгашт паси сар шуданд, вале заҳмату ранҷи омӯзгорони сарбаланд аз ёдҳо нарафтааст. Муносибату муошират ва эҳтирому арҷ гузоштан ба хидматҳои омӯзгоронро роҳбарони мақомоти маҳал бояд аз Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биёмӯзанд. Имрӯз раисони деҳу ҷамоат ва шаҳру ноҳияҳо бояд дар канори омӯзгор будану аз вазъи кору зиндагии онҳо иттилоъ доштанро вазифаи аввалиндараҷаи худ қарор бидиҳанд. Обрӯю нуфузи омӯзгор дар байни аҳли ҷомеа худ аз худ баланд намегардад. Воқеан, аз қавли ситорашинос ва физики итолиёӣ Галилео Галилей, омӯзгор бояд беҳтарину хушсифаттарин либосро ба бар кунад, дар маъракаҳо гули сари сабад бошад, дар навтарин мошини сабукрав ба мактаб ҳозир шавад ва дар машҳуртарин ошхонаи шаҳр (ноҳия) хӯрок тановул намояд. Айни ҳол рисолати аввалиндараҷаи роҳбарони мақомоти маҳал (раисони ҷамоату шаҳрак ва шаҳру навоҳӣ) бо имтиёзоти муқарраркардаи Ҳукумати кишвар таъмин намудани омӯзгорон, ба хусус, мутахассисони ҷавон маҳсуб меёбад. Соле қабл иттилоъ ёфтем, ки раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода баъди ба вазифа таъйин гардиданаш фаъолияти кории худро аз шиносоӣ бо вазъи мактабу омӯзгорон шуруъ намуда, баъдан зуд-зуд меҳмони мактабиён мешудааст. Ҳатто сарпарастии муассисаҳои таълимиро шахсан ба уҳда гирифта, дар дарсҳои омӯзгорон бевосита иштирок менамудааст… Сарварони ноҳияҳои Дӯстӣ, Кӯшониён, шаҳри Ҳисор. ҷиҳати ҷудо намудани қитъаҳои замин барои манзили зист азму талош анҷом доданд ва қисмати зиёди омӯзгорон бо замини наздиҳавлигӣ дар ин навоҳию шаҳр таъмин гардидаанд. Аммо ин суханони фараҳбахшу таҳсиномезро наметавон нисбат ба иддаи зиёди роҳбарони шаҳру навоҳӣ ба забон овард. Ҳафтаи қаблӣ дар нашрияи «Тоҷикистон» шикояти омӯзгори ҷавонеро аз шаҳри Истаравшан хондаву ба дарёи андеша ғӯтавар шудам. Мавсуф панҷ сол дар мактаб кор карда, аз ҳеч гуна имтиёз бархӯрдор нагардидааст ва акнун навмеду руҳафтода тарки таълимгоҳ карданист. Воқеан, ин чӣ муносибати бетафовут ва фориғболона нисбат ба шахсест, ки имрӯзу фардои чомеа ва сарнавишти насли ояндасози кишвар дар дасти ӯст?! Оре, омӯзгор бояд дар ҳама маҳфилу маъракаҳо дар садр ниши- наду ба таъбири мардумӣ, «бологузор» бошад. Аз чониби дигар, ба чунин сарафрозӣ ноил гардидан аз худи муаллим низ вобаста аст. Омӯзиши пайваста, иттилои фаровон доштан аз рухдодҳои сиёсию иқтисодӣ ва адабию фарҳангии чаҳон, таҳлилу баҳогузории хирадгароёна, истифода аз донишҳои илмӣ ва ба ин васила, ичтиноб варзидан аз андешаҳои ҳурофотию мавҳумомез барои омӯзгори замони муосир шарту зарур аст. Аз қавли Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, муаллим бояд шабеҳи шамъ ҳамвора сӯзаду роҳи мардумро бо нури хираду маърифат равшан созад. Аммо имрӯз беандешаю сабуксороне дар чомеа вомехӯранд, ки бо амалу кирдорҳои аз шарафи инсонӣ дур қалби нозуки омӯзгори заҳматкашеро меранчонанд, хотирашро озурда месозанд ва мутахассиси ҷавони болаёқату ҳушмандеро дилсард. Воқеан, бо ҳидояту дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи июли соли равон маоши устодону омӯзгорон 20 фоиз зиёд карда шуд. Ин иқдом дилсӯзию ғамхории навбатӣ нисбат ба заҳмати пурмашаққати омӯзгорон буда, ба беҳтар гардидани дарачаи зиндагии онҳо мусоидат мекунад. Дар зимн, ба тамоми аҳли ҷомеа зарур аст, ки баҳри эҳтирому аҷргузорӣ ба муаллим саъйю талош намоянд. Мукарраран бияндешанду хулоса бароранд, ки нахустин ҳарфу ҳиҷоро ба фарзандони онҳо устод омӯзондааст. Ба омӯзгорони заҳматкашу ҷӯянда ва таҷрибаманду соҳибмактаб беҳтарин унвонҳоро тақдим бояд кард. Раёсату шуъбаҳои маориф, ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо ба ҳеҷ ваҷҳ дар пешбарӣ намудани омӯзгорону устодони навовару эҷодкор ба мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ фориғболию камназирӣ накунанд.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»