ПАЕМОВАР ЗИ АИЕМИ БАҲОР АСТ

Дар адабиёти классикии тоҷик, хусусан, дар эҷодиёти Унсурӣ, Фирдавсӣ, Фаррухӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Манучеҳрии Домғонӣ ва дар асарҳои Наршахӣ, Абурайҳони Берунӣ, Байҳақӣ, М. С. Андреев, Н. А. Кисляков дар бораи ҷашни Сада сухан ба миён омадааст. Е. Э. Вертелс дар мақолаи «Ҷашни Сада дар назми форс-тоҷик» қисмати асосии қасидаҳои шоирони номбурдаро таҳқиқ намуда, мавқеъ ва муносибати шоҳони ондавраро ба ҷашни Сада муайян кардааст.
Баъзе аз шоҳон Садаро қабул доштанд, аммо бархе дигар онро ҳамчун оини бутпарастону чодувон ва оташпарастон мешумориданд. Шоирони дарбор мувофиқи қабулу назари ин подшоҳон қасидаҳои мадҳиявӣ мегуфанд.
Ҳарчанд ки ин чашн ба кеши зардуштӣ хос нест, аммо азбаски иртибот ба оташ дорад ва оташ назди зардуштиён муқаддасу арҷманд аст, зардуштиёни чаҳон аз ин чашн пазироӣ доранд. Дар шаҳри Кирмони Эрон то ба имрӯз суннати оммавии оташафрӯзӣ барҷо мондааст. Мардуми ин чо якчанд рӯз пеш ба чашн омодагй мегиранд. Кӯҳи ҳезумро, ки баландиаш тақрибан 5-6 метр ва паҳноиаш то 12-14 метр аст, месозанд. Замони гулханафрӯзӣ рӯзи 10-уми баҳманмоҳ наздик ба ғуруби Офтоб мебошад. оташеро аз Оташкада оварда, гулханро равшан мекунанд ва дар чашн ҳазорон нафар мардумони гуногунмазҳаб чамъ омада, хурсандй мекунанд, сайругашти оммавӣ барпо мегардад. Фардои он рӯз деҳқонон хокистари садасӯзиро муқаддасу бобаракат дониста, онро ба заминҳояшон мепошиданд. Ин амал поён ёфтани зимистон ва фарорасии баҳорро ифода мекунад.
Дар робита ба номгузории Сада ақидаҳои мухталиф чой доранд. Дар “Шоҳнома”-и хеш Ҳаким Фирдавсӣ таърихи пайдоиши садаро ба дувумин шоҳи Пешдодиён -Ҳушанг нисбат додааст. Рӯзе Ҳушанг бо ҳамроҳонаш мореро ба нишон гирифта, сангро сӯи он ҳаво медиҳад, вале санг ба мор нарасида, ба санге бармехӯрад ва шарора ҳосил гардида, оташ меафрӯзад. Дар аввал ҳама ба ҳайрат меафтанд. Ҳушанг меандешад, ки ин фурӯғи яздонисту онро бояд табаррук донист. Вобаста ба ин, минбаъд ҳар сол маросими оташ гузаронида мешуд. Бо гузашти солҳо ин рӯзро чун иди Сада чашн гирифтанд.
Нашуд мор кушта валекин зи роз,
Падид омад оташ аз он санг боз.
Баъди аз тарафи арабҳо забт намудани Мовароуннаҳр ҳам мардуми Ориёнажод ба чашни Сада эҳтироми хос доштанд ва чун анъана гулханҳо афрӯхта, шаби оташафрӯзии шоҳи пешдодӣ Ҳушангро идома медоданд. Дар замони салтанати Ғазнавиён шоирон дар ситоиши Сада шеъру қасидаҳо навиштаанд.
Абурайҳони Берунй дар китобаш “Осор — ул-боқия” нигоштааст, “Сада номи чашни рӯзи даҳуми баҳман аз ҳар соли шамсӣ… Дар ин рӯзҳо дуҳули Офтоб ба бурҷи ҳамал наздик буда, мардум шодмонӣ мекунанд, аз баҳри он ки шиддати сармо сипарӣ шуд ва рӯзҳои гарми баҳор наздик мегарданд».
Ҷашни Сада аз наздик омадани баҳору Наврӯзи хуҷаста, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, покиза намудани кӯчаву хонаҳо, кандану тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо пайк медиҳад.
Ҳадаф аз гузаронидани маросими оташафрӯзӣ муоширати хубу самимй, равуо байни хешу ақрабо, ҳамсояву дӯстон, гармиву сафо бахшидан ба қалби инсонҳо ва аз тарафи инсонэҳтирому гиромӣ доштани неъмати табиат мебошад.
Анъанаҳои оташафрӯзӣ ҳанӯз аз байн нарафта, дар баъзе аз деҳаҳою ноҳияҳои Суғд, Бадахшон, Хатлон ва водии Ҳисор идома дорад.
Баъди ба даст овардани истиқлол, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада аз нав эҳё гардида, ҳамасола 30-юми январ бошукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мешавад.
Сада меҳру муҳаббат, якдилӣ, сарҷамъиву хушҳолӣ ва некиву равшаниро дар худ таҷассум намудааст. Моро мебояд, ки ин иди аҷдодиамонро мутобиқ ба замони хеш ҷашн гирифта, анъанаҳои неки ниёгонамонро давом диҳем.
Сурайё ҚОСИМОВА,
Ҳангома ЗИННАТШОЕВА,
омӯзгорони