АЗ МАОРИФ МЕШАВАД РАВШАН ЧАРОҒИ ЗИНДАГӢ

Бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 3-юми декабри соли 2018 24-уми январ ба унвони Рӯзи байналмилалии маориф – International Dey of Education эълом гардид. Соли панҷум аст, ки ин рӯз дар тамоми олам қайд гардида, мушкилоту масъала ва пешрафту комёбиҳои вобаста ба соҳаи маориф дар доираи он матраҳ мешаванд.
Пӯшида нест, ки нақши маориф дар рушду шукуфоии кишвару давлатҳои пешрафта назаррас буда, инсон метавонад танҳо тавассути илму дониш андӯхтан ба мақсаду маромҳои неки худ ноил гардад. Қабули қарори мазкур бори дигар ин гуфтаҳоро исбот мекунад.
Тибқи омори ЮНЕСКО, айни замон дар ҷаҳон 244 миллион наврасу ҷавон аз ҳаққи таҳсил дар мактаб маҳрум буда, 771 миллион нафар калонсол бесавод мондаанд. Дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ҳолати буҳронӣ ҳукмфармост ва сатҳи саводнокии хонандагон паст ба назар мерасад. 617 миллион кӯдаку наврас одитарин малакаву маҳорат ва лаёқати хондану ҳисоб карданро надоранд. Ҳамчунин, дар манбаи мазкур оварда шудааст, ки 4 миллион кӯдаку навраси гуреза аз таҳсил дар мактаб дур мондаанду ҳуқуқҳояшон поймол мешавад. Бинобар ин, ЮНЕСКО пешниҳод кардааст, ки дар самти илму маориф дар бисёре аз кишварҳои ақибмонда ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани насли наврас ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шавад…
Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар ҳама зинаҳои таҳсилот комилан ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанду дар ин замина мушкилоте ба чашм намерасад. Маориф соҳаи афзалиятнок эълон шудаасту зери назар ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Сарвари давлатамон қарор дорад. Роҳбари кишвар ҳамеша таъкид менамоянд, ки ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам. Дар Паёми навбатияшон (23.12.2022) Пешвои муаззами миллат чунин қайд намуданд: “Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард… Ҳамзамон бо ин, ба маълумоти вакилони муҳтарам ва ҳамватанони азиз расонида мешавад, ки дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд. Бо вуҷуди ин, корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд…”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як шахсияти бузургу фарҳехтаи арсаи байналмилалӣ дар тамоми суханрониҳояшон ба масъалаи маориф ва рушди пурвусъати ин соҳаи муҳимму афзалиятнок таваҷҷуҳ намуда, нуктаҳои арзишмандеро баён медоранд, ки чанде аз онҳоро ба муносибати ин рӯзи фархунда пешкаш мегардонем:
Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат, саводнокии миллат ва сулҳу суботи ҳар як кишвар ба соҳаи маориф сахт алоқаманд мебошад.
***
Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.
***
… Агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромию сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.
***
Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне, ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем.
***
Ояндаи миллат ва фардои давлат ба наслҳои ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, дорои ҳисси баланди миллӣ, соҳибмаърифату донишманд, забондон, дорои ҷаҳонбинии васеъ, меъморону муҳандисон, ихтироъкорону навоварон, дигар ихтисосҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои муосир вобастагии мустақим дорад.
***
Солҳои охир рушди зинаи таҳсилоти томактабӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, то имрӯз дар самти бунёд кардану ба истифода додани кӯдакистонҳои наву замонавӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.
***
Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
***
Мафҳуми дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд. Бо дарназардошти нақши бузурги илму маърифат Ҳукумати мамлакат дар даврони истиқлолият масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст.
***
Ҳукумати мамлакат дар роҳи татбиқи нақшаҳои стратегии худ ҳамеша ба омӯзгорон ва умуман, ба кормандони соҳаи илму маориф такя менамояд, зеро онҳо дар ҳифзу нигаҳдошти дастовардҳои истиқлолият ва рушди минбаъдаи кишвар нақши пурарзиш доранд. Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад.
***
Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзор бамаротиб зиёд шудааст. Дар ин росто, ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин руҳия тарбия намояд.
***
Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумат қарор додем.
***
Бесаводӣ ҷаҳолат аст!
***
Бе рушди соҳаи маориф ягон қадам пеш рафта наметавонем.
***
Пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад.
Рӯзи байналмилалии маориф фархунда бод, дӯстони азиз, устодону омӯзгорони арҷманд!
Таҳияи Дилафрӯз ҚУРБОНЗОДА,
“Омӯзгор”