????????????????????????????????????

МАМЛАКАТ РУШД МЕЁБАД

Чанд сол аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳнамои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, барои як соли минбаъда вазифаҳои муҳими ҷумҳурӣ нақшабандӣ ва ба масъулин супоришҳои мушаххас дода мешавад. Паёми навбатӣ низ (23 декабри соли 2022) бо ҳамин мақсад зери унвони умумии «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ироа гардид.
Тавре  ки  аз  нишондодҳои Паём  бармеояд,  рӯзгори мо рӯз то рӯз рангин ва диёрамон  тадриҷан  рушду  инкишоф ёфта,  некуаҳволии  халқ  беҳтар мегардад. Ба ин эъмору сохтмони муассисаҳои  зиёди  таълимиву  табобатӣ,  таҷдиду  таъмири  роҳҳо,  ташкили  корхонаҳои хурд  ва  амсоли  ин  мисол  шуда метавонанд.
Воқеан  ҳам,  мактабу  маориф аз соҳаҳои калидии ҷомеа ба  ҳисоб  рафта,  ин  аст,  ки ҳамасола Роҳбари Давлат ба он таваҷҷуҳи хоса дода, маблағҳои зиёд баҳри пешрафти соҳа ҷудо мегардад.  Дар  Паёми  мазкур Сарвари кишвар махсус таъкид намуданд,  ки:  «Мо  мактабро ба  ҳайси  боргоҳи  илму  дониш, саводу  маърифат  ва  омӯзгорро чун  шахси  мафкурасозу  тарбиятгари  насли  наврас  эътироф карда, ба онҳо тарзу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб  ва  омӯзгор   набошад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад  ва  дар  натиҷаи  ин  ҳама оромиву  субот,  амнияту  осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».
Албатта,  тақдири  миллат  аз дараҷаи  донишомӯзии  аҳолӣ вобаста  мебошад.  Ин  аст,  ки Ҳукумати  Тоҷикистон  барои  ноил  шудан  ба  ин  мақсад чораҳои  зарурӣ  меандешад. Яке  аз  роҳҳои  баланд  бардоштани  саводнокии  насли  наврас ва  ҷавон   ҳавасмандгардонии омӯзгорон  аст,  ки  ба  ин  масъала  низ  диққати  ҷиддӣ  дода мешавад.  Биноан,  ба  хотири  қадршиносӣ  ва  дастгирии омӯзгорон  Президенти  мамлакат  супориш  доданд,  ки  аз моҳи  июли  соли  ҷорӣ  маоши омӯзгорон  20  фоиз  зиёд  карда  шавад.  Ин  иқдом  барои онҳо  хеле  наҷибу  зарурӣ  ва саривақтист.  Вобаста  ба  ин, мо — омӯзгоронро зарур аст, ки дар  ҷавоби  чунин  ғамхорӣ,  ки ояндаи насли наврас аз таълиму тарбияи  мо  вобастагии  калон дорад, вазифаамонро бо сифати баланду  дар  вақти  муайяншуда иҷро намоем.
Дарвоқеъ,  бояд  дарк  намуд, ки  мақсади  аввалиндараҷаи мо  дар  ҳамкорӣ  бо  волидони хонандагону  донишҷӯён  бояд тарбияи  дурусту  пурмуҳтавои насли  ояндасози  кишвар,  баланд  бардоштани  сатҳу  сифати таълим,  саводнокгардонӣ  ва маърифаткунонии  ҷавонону наврасон,  дар  ин  замина,  ба онҳо  талқин  намудани  ҳисси ватандӯстиву  хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ, арҷ гузоштан ба рамзҳои  давлатӣ  ва  арзишҳои фарҳангӣ,  омӯхтани  забони модарӣ,  таъриху  тамаддун, фарҳанги  бостонии  ниёгонамон,  тавсеаи  доираи  донишу ҷаҳонбинии  илмиву  техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ бошад.  Зеро  бе  сазовор  будан ба  чунин  сифатҳо  наметавонем таълиму тарбияро ба роҳи дурусту бенуқсон ба роҳ монем.
Бино  ба  таъкиди  Президент дар  Паём,  беҳтар  ва  пурсамар гардондани  корҳои  таълиму тадрис, тайёр кардани мутахассисони  ҷавобгӯ   ба  талаботи замони  муосир,  пеш  аз  ҳама, ба  баланд  бардоштани  касбияти  кормандони  муассисаҳои таълимоти  томактабӣ   ва  баъдан  омӯзгорони  мактабҳои таҳсилоти  миёнаи  умумӣ  ва донишгоҳҳо  вобаста  мебошад. Чунки  агар  омӯзгор  худаш  ба дониши мукаммал мусаллаҳ набошад,  тамоми  воситаҳоро   ба кор барем ҳам, натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд. Асри мо замони  пешрафти  техникаву  технология  аст.  Ва  устодонро  лозим аст, ки ба ғайр аз китобҳои дарсӣ мунтазам  аз  расонаҳои  гуногуни  электронӣ  ва  маҷаллаҳои илмиву  оммавӣ  низ  бохабар шуда истанд ва ҳангоми таълим аз  маводи  онҳо  низ  истифодаи оқилона намоянд.
Дар  Паём  қайд  гардид, ки:  «…муассисаҳои  илмиву таҳқиқотӣ  ва  таҳсилоти  олӣ бояд  бо  роҳи  анҷом  додани кашфиёту  ихтироот,  ҷорӣ  намудани  усулҳои  инноватсионии  пешбурди  таҳқиқоти  илмӣ ва  техникаву  технологияҳои муосир  дар  рушди  минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд. Вазъи имрӯзаи илми  кишвар  тақозо  менамояд,  ки  ҷиҳати  ба  равандҳои ҷаҳони  имрӯза  мутобиқ  намудан  ва  тибқи  талаботи  замони  муосир  ба  роҳ  мондани фаъолияти  муассисаҳои  илмӣ ва  таҳсилоти  олӣ  тадбирҳои муассир  андешида  шаванд». Тибқи чунин нишондод, раёсати Донишгоҳи  давлатии  молия  ва иқтисоди  Тоҷикистон  аллакай барномаҳои худро тарҳрезӣ намуда, дар ин самт кору фаъолият намуданист.  Барои  амалӣ  кардани  ин  нишондод  заминаҳои муайяни илмиву техникӣ дар ин ҷо муҳайёст.

Ҷаъфар ҚОДИРОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии
молия ва иқтисоди Тоҷикистон