КАЛОМИ ИЛҲОМБАХШУ ҲИДОЯТГАР

Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ҳамасола Паёми Сарвари кишварро ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамагон бо диққату таваҷҷуҳи махсус мешунаванд ва омӯзишу баррасии мазмуну муҳтавои онро дар меҳвари суҳбату ҳамоишҳо, ҷаласаву конфронсҳо қарор медиҳанд.

Дар  Паёмҳои  Президенти  ҷумҳурӣ  ҳар соли  фаъолияти  аҳли  кишвар мавриди  таҳлилу  ҷамъбасту хулосабарорӣ  қарор  гирифта, вазифаю  ҳадафҳо  барои  соли оянда муқаррар  кардаву тавзеҳ бахшида  мешаванд.  Хушбахтона,  аз  Паём  то  Паём  Ватани маҳбуби  мо  қадамҳои  қатъиву устувор  ба  пеш  мегузорад,  бунёдкориву  созандагӣ  авҷ  мегирад  ва  зиндагии  мардум  осоиштатару  ободтар  мегардад. Соли  сипаригаштаи  2022  барои  Тоҷикистони  мо  бо  бисёр рухдоду  ҳодисаҳои  самарбору нишотбахшаш,  воқеан  ҳам, таърихӣ  гардид.  Муҳимтарин ҳодисаи  ин  сол  таҷлили  ботантанаи  сиюмин  солгарди Иҷлосияи  XVI  Шурои  Олии Тоҷикистон  буд.  Иҷлосияе,  ки истиқлоли  Тоҷикистонро  ҳифз намуду  барои  рушду  пойдории  минбаъдаи  он  заминаи устувор  гузошт.  Бо  гузашти сӣ  сол  борҳо  исбот  гардид,  ки иҷлосияи  мазкур,  дар  ҳақиқат, роҳи  дурусту  наҷотбахши  миллатро  дарёфтаву  шахсияти барҷаставу  соҳибхираду  ватанпарвареро  ба  сари  қудрат овардааст.  Муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба  кулли  ваъдаҳое,  ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ба  халқи  азизу  азияткашидаи худ  дода  буданд,  вафо  карданд ва  Тоҷикистони  ҷангзадаву ғоратгаштаро аз вартаи фаноовар берун кашиданд.

Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ  –  Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар  оғози  Паёми  навини  худ ба  Маҷлиси  Олии  мамлакат (23.12.2022)  бо  қаноатмандӣ изҳор  доштанд:  «Ба  шарофати заҳмати  содиқонаи  мардуми кишвар  раванди  созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои  пешбинигардида  ҷиҳати  таъмин  намудани  рушди  устувори  иқтисоди миллӣ  ва  баланд  бардоштани сатҳу  сифати  зиндагии  сокинони  мамлакат  ҳадафмандона амалӣ  карда  шуданд».  Воқеан ҳам, ҳар яки мо, сокинони кишвар,  шоҳиди  онем,  ки  дар  Ватани  маҳбубамон  бунёдкорӣ суръати  баланд  дорад  ва  дар тамоми  мантиқи  мамлакат  со-кинон бо азму иродаи матин ба корҳои  ободонӣ  машғуланду барои  пешрафти  пайвастаи ҷумҳурӣ ҳиссагузорӣ мекунанд. Ҳамин  рӯҳияи  ватандӯстонаву меҳнатпарастона ва меҳр ба Ватану  ихлосу  эътиқод  ба  Сарвари  кишвар  аст,  ки  Тоҷикистон батадриҷ  ба  сафи  давлатҳои мутараққии  ҷаҳон  ворид  мешавад  ва  нуфузи  байналмилалияш  бомаром  боло  меравад. Нишондиҳандаҳои  иқтисодиву иҷтимоие,  ки  дар  Паём  оварда шудаанд,  ҳама  нишотбахш  ва ифтихорбарангезанд.

Мо, аҳли таълиму тарбия, аз он  қаноатманду  шукргузорем, ки  дар  кишварамон  ба  шарофати  сиёсати  хирадмандонаи Пешвои  миллат  соҳаи  маориф рӯ ба рушд дорад ва кормандони ин соҳаи муҳим бо ғамхории ҳамешагӣ  фаро  гирифта  шудаанд.  Паёми  навини  Сарвари  кишвар  дар  назди  мо  низ вазифаҳои  тоза  ва  бавусъат  гузоштанд, то сатҳи таълиму тарбияи насли наврас боз ҳам боло равад.  Акнун  вақти  он  расида, ки  аҳлона  барои  амалӣ  гаштани  ин  вазифаҳои  масъулиятбор ҷидду ҷаҳд намоем.

Холназар ТЕШАЕВ,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №80-и ноҳияи Рӯдакӣ