ЗАХИРАҲОИ БУЗУРГИ ОБ

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо кишвари маҳбубамон давра ба давра ободу зебо ва пешрав мешавад, балки обрӯю эътибори он дар арсаи ҷаҳон низ пайваста боло меравад.
Ташаббусҳои Сарвари ҷумҳурии мо дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳи ҳамагонро ҷалб намуданд ва ҳиссаи бузурге гардиданд дар самти таъмини фардои ободу осоиштаи сайёра. Дар дарозои танҳо ду даҳсолаи охир бо ибтикор ва ташаббусҳои Пешвои тоҷикон аз ҷониби намояндагони ҷомеаи ҷаҳонӣ чунин тадбирҳо пазируфта шуданд: Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028) ва ниҳоят, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025). Вобаста ба ҳамаи ин тадбирҳо, ки аз ҷониби Сарвари кишвари мо пешниҳод шуданд, қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расиданд, яъне ин ҳама тадбирҳо расмияти ҷаҳонӣ пайдо намуданд. Ба ифтихори мо, тоҷикон, имрӯз обрӯю эътибори Пешвои миллатамон дар арсаи ҷаҳон хеле афзудааст ва оламиён Сарвари кишвари моро чун сиёсатмадори хирадманду дурандеш ва башарпарвар шинохтаву эътироф кардаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили марбут ба об диққати махсус зоҳир мекунанд. Воқеан ҳам, об манбаи ҳаёт, асоси зиндагии сурурбахш аст. Сатҳи зиндагии аҳли сайёра аз бисёр ҷиҳат ба об алоқамандӣ дорад. Имрӯз мардуми қисми зиёди кишварҳои олам аз норасоии оби тоза азият мекашанд ва ин масъала пайваста пургиреҳтар мешавад. Пешвои миллати мо ин мушкилии глобалиро хуб дарк мекунанд ва ҷидду ҷаҳд бар он доранд, ки об дар миқёси ҷаҳон оқилонаву дурандешона истифода шавад, ҳамагон бо ин сафобахши зиндагӣ таъмин бошанд. Маълум, ки об манбаъҳои гуногун дорад ва яке аз манбаъҳои асосиву пурбаракати он пиряхҳо мебошанд. Ба ибораи дигар, пиряхҳо захираи боэътимод ва мукаммали оби тозаву нӯшиданианд. Сол то сол бештар гармшавии иқлим, болоравии ҳарорати ҳаво ва олудагардии фазо бо моддаҳои зиёновар боиси обшавии босуръат ва коҳишёбии пиряхҳо мегардад. Пайомади нохушоянди ин ҳодиса ҳоло дар аксар манотиқи сайёра ва дар Тоҷикистон низ ба мушоҳида гирифта шудааст. Чунончи, мувофиқи маълумоти кормандони муассаҳои дахлдор, дар давоми ним асри охир масоҳати қисмате аз пиряхҳои Тоҷикистон ба таври чашмрас коҳищ ёфта, ин ҳолат тадриҷан суръат меафзояд. Маълум аст, ки дар Осиёи Миёна масоҳати умумии пиряхҳо наздик ба бист ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад. Беш аз шаст дарсади пиряхҳо дар ин минтақаи бузург дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгиранд. Барои мисол, муайян шуда, ки ҳар сол калонтарин пиряхи Тоҷикистон — Федченко то 10-15 метр масофа кӯтоҳ мекунад, ки ин вазъи ташвишовар аст. Дар асоси ин ҳама рухдодҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба СММ пешниҳод карданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардад ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муқаррар карда шавад. Ин ташаббуси навбатии Сарвари кишвари мо аз ҷониби СММ пазируфта шуд, ки ин беҳтарин паём ба халқи тоҷик ва умуман, ҷаҳониён буд дар фарҷоми соли 2022. Рухдоди мазкур эътибору нуфузи кишвари моро дар паҳнои ҷаҳон боз ҳам афзун кард ва бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои худ дар баробари манфиатҳои ҷумҳурӣ, инчунин, ба манфиату шукуфоии кишварҳои дигар арҷгузор аст.

Муниса ҶУМЪАЕВА,
омӯзгори мактаби №173-и ноҳияи Рӯдакӣ