БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДАР МАКТАБҲОИ ОЛӢ

1-уми декабри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаи санҷиши гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм оид ба рафти иҷрои қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм, баргузории машғулиятҳо, таъминоти кадрӣ дар сохторҳои донишгоҳ, иштироки донишҷӯён ба дарсҳо, риояи сару либоси тавсиявӣ, азхудкунии вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, баргузор намудани дарсҳои тарбиявӣ аз ҷониби кураторон ва тамошои дастаҷамъонаи филмҳои ҳуҷҷатии “Хиёнат” ва “Шикасти фитна” байни донишҷӯёну кормандон ва чанде дигар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Дар рафти ҷаласа, тибқи гузориши сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Н. Мирзозода маълум гардид, ки дар донишгоҳ на ҳама бандҳои қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти табодули донишҷӯён байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар, гузаронидани олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, назорати ба ҷойи кор таъмин гардидани хатмкунандагон, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо агентиҳои байналмилалӣ ҷиҳати аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои нави донишгоҳ, фарогирии бештари ҷавонони болаёқат ва ҷалби онҳо ба фаъолияти илмӣ ибтидо аз курси якуми соли таҳсил ба таври зарурӣ иҷро гардидаанд.
Вазири маориф ва илм Р.Саидзода аз фаъолияти ҳайати роҳбарикунанда ва устодону кормандони донишгоҳ изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои сариватии бандҳои қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм, назорати давомоти донишҷӯён дар рафти дарсҳо, азхудкунии вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, тақвият бахшидани корҳои тарбиявӣ ва мунтазам баргузор намудани дарсҳои тарбиявӣ аз ҷониби кураторон, фарогирии бештари донишҷӯён ба маҳфилҳои назди кафедраҳо ва ғайра супоришҳои қатъӣ дод.
Р.Саидзода-вазири маориф ва илм қайд намуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” мо, кормандони соҳаи маориф, алалхусус, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро вазифадор менамояд, ки баҳри пурзур намудани иқтидори зеҳнии соҳаи техника ва технология дар назди ҷомеа пешбар бошем.
Ҳамчунин, 2-юми декабри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаи санҷиши гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки гурӯҳи корӣ, асосан, ба рафти рафти иҷрои қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм, омодагӣ ва баргузории машғулиятҳои таълимӣ аз тарафи омӯзгорон, иштироки донишҷӯён ба дарсҳо, риояи сару либоси тавсиявӣ, азхудкунии вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, донистани таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳо, ташкил ва баргузор намудани олимпиада ва озмунҳои гуногун дар донишгоҳ, аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои марбутаи донишгоҳ ва баргузории соатҳои тарбиявӣ аз ҷониби кураторон, хусусан, тамошои дастаҷамъонаи филмҳои ҳуҷҷатии “Хиёнат” ва “Шикасти фитна” таваҷҷуҳ намудаанд.
Сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм Наврӯз Мирзозода зимни гузориш аз натиҷаи санҷиши гурӯҳи корӣ таъкид намуд, ки дар донишгоҳ на ҳама бандҳои қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зарурӣ иҷро гардидаанд.
— Тибқи тартиб дар асоси нақшаҳои чорабиниҳои вазорат бояд муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нақшаи чорабиниҳои дохилимуассисавӣ таҳия намуда, аз натиҷаи корҳои баанҷомрасонидашуда ҳисобот пешниҳод намоянд, — қайд кард Н.Мирзозода. – Масалан, бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳо вобаста ба табодули донишҷӯён байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар, гузаронидани олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ, фарогирии бештари ҷавонони болаёқат ва ҷалби онҳо ба фаъолияти илмӣ, таҳияи нақшаи дурнамои омода намудани кадрҳои дорои дараҷаи илмидошта ва таъмини иҷрои он ва чанде дигар ба таври зарурӣ иҷро нагардидаанд.
Раиси ҷаласа, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Саидзода аз фаъолияти ҳайати роҳбарикунанда ва устодону кормандони донишгоҳ изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм ва бартараф намудани камбудиҳои аз ҷониби гурӯҳи корӣ ошкоргардида дастуру супоришҳои мушаххас дод.