ТАХРИБКОРОН ДУШМАНОНИ АҲЛИ САЙЕРААНД

Ҷаҳони муосир хеле мураккабу печида ва саршор аз ҳодисаҳои мухталиф аст. Ин ҳолат аз кулли сокинони сайёра ҳушёрию бедориро тақозо дорад. Махсусан, насли наврасро бояд аз таъсири манфии ҳама гуна ангезаҳои ношоиставу зиёновар эмин бояд нигоҳ дошт, зеро навраҳони ҷодаҳои пурпечи зиндагӣ ҳанӯз хеле камтаҷрибаву зудбовар ва калавандаанду на ҳамеша ба таъсироти номатлуби беруна истодагарӣ карда метавонанд. Аз ин рӯ, таълимгоҳҳоро зарур аст, ки ба тарбияи маънавии шогирдон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дошта бошанд ва ба онҳо, аз ҷумла, ҳадафу кирдорҳои нопоку пурзиёни террористону экстремистон ва дигар гурӯҳҳои тахрибкору манфиатҷӯйро тавзеҳ бахшанд, дар дили шогирдон нисбат ба ин неруҳои зиштамал ҳисси нафрат бипарваранд. Таъкид намоянд, ки дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм ба амнияти аҳли башар таҳдид карда, сабабгори зуҳури падидаҳои номатлуб дар ҷомеа ва таҳдид ба ҳаёти шаҳрвандон гардидааст.
Тоҷикистон яке аз муборизони фаъоли зидди тамоми қувваҳои зиёновари ҷомеа дар арсаи ҷаҳон мебошад. Ҳанӯз соли 2005 дар яке аз ҳамоишҳои бонуфузи байналмилалӣ (дар шаҳри Макка) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Ин гуна неруҳо, аз ҷумла, аз номи дини мубини ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломиро пиёда месозанд». Терроризм дар асл як навъи идеология ва амалест, ки бо таҳдиду зӯроварӣ, фишороварӣ ба шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, давлат ва низоми идоракунии расидан ба манфиатҳои нопоки худ асос ёфтааст. Ин ҳадафҳо сиёсию иқтисодӣ, идеологӣ ва геополитики буда, бо ҳаёти инсонҳо, ба амалиёти аҳли башар ва ба бехатарии ҷомеа таҳдид мекунанд. Барои расидан ба ҳадафҳои кинаваронаву худкомонаашон террористон ба ҳама гуна кирдори зишт қодиранд, ба ҳар амали нопок даст мезананд ва ҳатто динҳои оламро ба манфиати худ сипар месозанд.
Дар Тоҷикистон қонунҳое таҳияву қабул шудаанд, ки экстремизму терроризм ва ҷонибдорони ин созмонҳои бадхоҳу душманони башариятро маҳкум мекунанд ва ҳама гуна тахрибкориро манъ месозанд. Соли 2016 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм» тасдиқ шудааст. Имрӯз дар саросари ҷаҳони мутамаддин мубориза бо гурӯҳу ташкилоту созмонҳои террористию экстремистӣ дар меҳвари сиёсати давлатҳо (Тоҷикистон низ) қарор дорад, тамоми неруҳои солиму башардӯст тахрибкоронро пайваста маҳкум месозанд ва бар зидди онҳо мубориза мебаранд. Сулҳу субот, осоиштагию дӯстӣ, ободию шукуфоӣ дар тамоми кишварҳои сайёра бояд абадан ҳукмрон бошанд.

Ҷаҳоноро БОБОБЕКОВА,
омӯзгори коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода