ҶАВОНОН ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои аҳолиаш ҷавон буда, синни миёнаи сокинони он 24 сол мебошад ва 35 фоизи аҳолиро ҷавонони аз 14 то 30-сола ташкил медиҳанд.
Дар кишварамон, гарчанде ҳамагӣ баъди шаш моҳи соҳибистиқлолӣ — 13 марти соли 1992 Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул шуда бошад ҳам, мутаассифона, ҷараёни амалигардии ин қонун бинобар вазъи сиёсии солҳои 90-ум ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашуд.
Хушбахтона, ба шарофати Иҷлосияи шонздаҳуми тақдирсози Шурои Олӣ ва махсусан, пас аз барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ Ҳукумати Тоҷикистон таҳкурсии ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон ва пояҳои сохтории онро таҳия намуд. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияташон Роҳбари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ эҳсос менамуданд, ки ҷавонон метавонанд дар ваҳдати сартосарӣ ва нигаҳдошти фарҳангу тамаддуни миллат саҳми шоиста гузоранд, аз ин рӯ, аввалин пойдевори ҷомеаи ҳуқуқбунёди шаҳрвандиро бо неруи бузургу бунёдкори ҷавонон ибтидо бахшиданд ва дар аввалин мулоқоти худ 2-юми феврали соли 1993 бо намояндагони ҷавонон мавқеи давлатро дар муносибат ба ин қишри бузурги ҷомеа чунин муайян намуданд: «Роҳбарияти давлате, ки бештар аз ҳафтод фисади аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳад, танҳо дар сурате соҳибнуфуз мешавад ва кораш пеш хоҳад рафт, ки агар ин неруи бузургу солим аз сиёсати он пуштибонӣ кунад».
Воқеан, дар он солҳо, ки ҳанӯз пойдевори ваҳдату якдилӣ начандон мустаҳкам буд, Сарвари давлат зарур донистанд, то вохӯриҳои пай дар пайро бо намояндагони ҷавонон доир намоянд. Дар солҳои ҳассоси чанги шаҳрвандӣ се мулоқоти таърихии Роҳбари давлат бо намояндагони ҷавонон (солҳои 1993, 1994, 1997) доир гашт, ки дар шароити онрӯза ҳар кадоме аз ин мулоқотҳо аҳамияти басо бузург доштанд. 23 майи соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи тақвияти сиёсати давлатии ҷавонон дар бораи беҳбуд бахшидан ба кор бо ҷавонон ба имзо расонданд ва зимни мулоқот бо ҷавонон 23 майи соли 1997 дар бораи таъсиси сохтори давлатии ҷавонон- Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда расониданд.
Бо таъсиси ин мақоми давлатӣ заминаи мусоид барои рушди устувори сиёсати ҷавонон дар асоси қонуни асосии ҷавонон фароҳам омад.
16 майи соли 1998 супоришҳои Роҳбари давлат ҳангоми вохӯрии навбатӣ бо ҷавонони лаёқатманд омили тағйироти боз ҳам назаррас дар ҳаёти ҷавонон гардид. Аз ҷумла, супориши Пешвои миллат, оид ба таҳияи барномаҳои дурнамои миллии ҷавонон бо дарбаргирии тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷавонон ба он замина гузошт, ки дар як муҳлати муайян Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» таҳия ва қабул гардад. 4 феврали соли 2002 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии «Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 2002-2005” қабул гардид ва шуруъ аз ин давра то инчониб марҳала ба марҳала қабул гардидани барномаҳои дурнамои давлатӣ оид ба татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавонон натичаҳои назаррас дода истодаанд.
Таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон илова ба барномаҳои васеву доманадор, дигар имтиёзҳоро барои ҷавонон муҳайё намуд, ки таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, коллеҷу омӯзишгоҳҳо, стипендия барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ, квотаи Президенти ҷумҳурӣ барои ҷавонони минтақаҳои дурдаст бобати таҳсил дар мактабҳои олӣ, таъсиси Фонди махсуси Президент барои ҷавонони лаёқатманд ҷиҳати таҳсил дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷ, грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, дар тақвими санаҳои таърихӣ ворид гардидани рӯзи 23 май — Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, таъсис ёфтани Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъсис ёфтани стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон” барои донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, таъсиси Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъйин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, азнавсозӣ ва ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сохтмони мактабу донишгоҳҳо ва китобхонаҳои сатҳи байналмилалӣ, толорҳои варзишӣ, мавзеву гулгаштҳои фароғатӣ, бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир ва эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” ва иқдомҳои зиёди дигар аз ин зумра дастовардҳои ҷавонон мебошанд.
Азбаски дар ҷараёни буҳрони иқтисодӣ системаи маориф дар Тоҷикистон бахши аз ҳама осеб- пазири ҷомеа ба шумор мерафт, бо назардошти ин, бо мақсади рушд додани иқтидори илмӣ ва ҳавасманд кардани фаъолияти эчодии олимон дар байни ҷавонон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми марти соли 1998, №976 «Дар бораи таъсиси ҷоизаҳо ба номи Исмоил Сомонӣ барои олимони ҷавон барои корҳои барчаста дар соҳаи илм ва технология» аз соли 1998 шуруъ карда, 6 ҷоизаҳои солона, ки ҳар як ба андозаи 500 маротибаи ҳадди ақалли музди меҳнати пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, таъсис дода шуданд. Инчунин, аз 4-уми майи соли 2000 бо қарори мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш ҷоизаи кумита барои истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи фарҳанг ва санъат дар доираи Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» таъсис дода шуданд.
Шуруъ аз соли 2000 Ассотсиатсияи миллии ҷавонон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон Тоҷикистон дар кишвар таъсис ёфтанд, ки ҳамасола шумораи аъзояшон афзоиш меёбанд. Ташкилотҳои ҷавонон дар талошҳои худ барои муттаҳид сохтани ҷавонон дар даврони истиқлолият якҷоя бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ шаклҳои гуногунеро, ки дорои таъсири самаранок ба тарбияи ҷавонон ва насли наврас доштанд, истифода мебурданд. Аз ҷумлаи чунин шаклҳои муносибати корҳои тарбиявӣ Корвони сулҳ ва ваҳдат, Фестивалҳои дӯстии ҷавонони Тоҷикистон ва дигар тадбирҳои оммави фарҳангӣ мебошанд.
Тавре маълум аст, дар ҷумҳурӣ бо мақсади татбиқи ҳадафҳои таълим ва тарбияи насли наврас як қатор қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул карда шуданд ва Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонун «Дар бораи маориф», «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Консепсияи мактаби миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, тадбирҳо оид ба дастгирии рушди илмҳои иҷтимоӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 аз ин ҷумла мебошанд.
Дар маҷмуъ, бо андешидани тадбирҳои зиёд дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян карда шуд.
Имрӯз дар тамоми бахшҳои иқтисоди миллӣ ҷавонон барои рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми назаррасро мегузоранд. Намояндагони насли нав содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмат мекунанд. Насли ҷавон дар дохил ва хориҷи кишвар дар самтҳои мухталиф дар касбҳои барои Тоҷикистон зарур таҳсил карда истодаанд.
Ташаббусҳои созанда ва пешниҳодоти ҷавононро дастгирӣ намуда, шароити мусоидро барои татбиқи онҳо фароҳам овардааст. Дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон комёбиҳои бузург дар фароҳам овардани шароити муносиб ва мувофиқ барои рушд ва такмили ҳар як шахси ҷавон ба даст оварда шуданд. Аз чониби худ, имрӯз ҷавонони Тоҷикистон дар вокуниш ба ин талошҳои роҳбарияти кишвар, бояд боз ҳам бештар нерӯ ва саъю талошҳои худро барои гирифтани маълумот, интихоби ихтисосҳои муосир, ғамхорӣ барои ободии сарзамини ачдодӣ, ҳимояи кишвар, таблиғи илму технологияи нав равона созанд. Дар ин баробар, ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро бояд танҳо ғояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату худшиносии миллӣ ташкил диҳад”. Дар воқеъ, маҳз меҳри Ватан ҷавононро аз таъсири омилҳои гуногуни номатлуб эмин медорад.
Умуман, дар Ватани маҳбуби мо ба шарофати сиёсати давлатии ҷавонон, ки аз чониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст, ба ҷавонон имконият фароҳам оварда шудааст, ки тамоми неру ва дониши худро ба нафъи зиндагии созанда ва эҳё, эчоди фазои солим дар ҷомеа равона созанд.

Шерафган ОЁҲМАДОВ,
номзади илмҳои педагогӣ, ноиби ректори
Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов