ЗАБОН ОМӮЗЕМ, ТО БОСАВОД БОШЕМ

Давоми солҳои истиқлоли кишвар барои дар аксар шаҳру навоҳии мамлакат бунёд ёфтани мактабҳои замонавӣ, таъмиру тармим ва ба замони муосир ҷавобгӯ гардонидани онҳо Ҳукумати мамлакат корҳои зиёдеро анҷом дод.
Дар баробари бунёди мактабҳои замонавӣ давоми ин солҳо барои забономӯзии насли наврасу ҷавон масъулини соҳа корҳои назаррасро анҷом дода, бо фароҳам овардани шароити мусоид ҳавасмандии онҳоро бештар кардаанд. Имрӯз қариб дар ҳама гӯшаву канори мамлакат курсҳои омӯзиши забонҳои мухталиф дарҳои худро боз намудаанд ва хонандагон метавонанд забонҳои дилхоҳашонро аз худ намоянд, хусусан, ба омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ ҳавасмандии хоҳишмандон рӯз аз рӯз меафзояд…
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки «таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ бояд дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Зеро Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тичоративу иқтисодӣ дорад».
Ба амалӣ намудани Фармони Президенти Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» миёни хонандагони синфҳои 5-8 ва 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва литсею гимназияҳо вобаста ба фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ ва забони англисӣ тадбирҳои чиддӣ роҳандозӣ мешавад.
Ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва завқи забондонии ҷавонону наврасон дар бисёре аз ташкилоту идораҳо, вазорату мактабҳои олӣ ва миёнаи умумӣ дар байни наврасону ҷавонон озмунҳои «Забономӯзӣ», ва «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» ташкил ва баргузор мегарданд.
Албатта, омӯхтанизабонҳои хориҷӣ дар замони муосир хеле муҳим буда, барои дастрас ва аз худ кардани маълумоти зарурӣ оид ба самтҳои мухталиф, аз ҷумла, илму фарҳанг, тартиби самаранок истифодабарии техникаву таҷҳизоти навин мусоидат менамояд. Озмунҳо бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» роҳандозӣ гардидаанд.
Забони англисӣ забони тиҷорат, сиёсат, илм, варзиш ва саёҳат дар тамоми ҷаҳон шинохта шудааст. Зиёда аз як миллиард одамон ба забони англисӣ гап мезананд, барои 400 млн одамони сайёра он забони модарӣ аст ва барои 600 млн. забони дуюм ба ҳисоб меравад…
Озмуни «Забон донӣ- ҷаҳон донӣ» бо қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 роҳандозӣ мегардад.
Имрӯзҳо хушҳол аз мушоҳидаи он мегардам, ки шогирдонам назар ба 10-15 соли қаблӣ ба забономӯзӣ бештар шавқ пайдо кардаанд. Дар синфҳое, ки ман дарси забони англисӣ меомӯзам, ҳамеша таъкид мекунам, пеш аз он ки забони англисӣ меомӯзед, нахуст забони модарии хеш-тоҷикиро бо тамоми нозукиҳояш аз худ намоед, то омӯхтани дигар забонҳои хориҷӣ осон гардад.
Мо, устодон ва волидон бояд ба насли наврас меҳрубону дилсӯз бошем, рафтори шоистаи онҳоро қадрдонӣ кунем ва корамонро содиқона ва софдилона анҷом бидиҳем, зеро Ҳукумати мамлакат ба дӯши мо масъулияти бузург-ояндаи миллатро вогузоштааст.

Дилафрӯз НАЗАРОВА,
муаллими забони англисии МТМУ №5-и шахри Душанбе